Хурдсолтарин муштарии Китобхонаи миллӣ
Муҳаммад Асадзодаи хурдакак, ки 2 солу 10 моҳ дорад, нимаи дуюми имрўз бо ин мақсад ба Китобхонаи миллӣ раҳнамоӣ шуд, ки соҳиби корти хонандагӣ шавад ва шумори аъзои ин боргоҳи маърифатро афзоиш диҳад. Ўро холааш Фариштамоҳ ҳамроҳӣ намуд.
Фариштамоҳ дар суҳбат ба мо гуфт, ки вақте ман китоб мехондам, Муҳаммад меомаду тамошо мекард ва варақ мезад китобҳоро. Бештар китобҳои суратдоррор тамошо мекунад. Мо аз рўи суратҳо нақл мекунему ў такрор менамояд.
Чун мо дар хона китоб зиёд дорему медидам ба ҳавас менигарад ва то ҷойи дастрас аз ҷевон китобро мекашаду сурат тамошо мекунад, мо низ намехоҳем шавқаш кам шавад. Ва мусоидат мекунем.
Холааш мегӯяд вай ҳоло ҳеч ҳарферо намешиносад, завқаш ҳоло ба суратҳои дохили китоб ва гӯшаш ба мо, ки аз он суратҳо барояш чӣ мегӯем.
Ин субҳ тасмим гирифтам ӯро ба Китобхонаи миллӣ орам ва расман аъзои китобхона кунам. Бинед, корташро бо завқ тамошо мекунад.
Оре, чунин як манзараи дилраборо кам медидам. Ва ман ҳам баъди ба даст гирифтани корти узвияташ бо Фариштамоҳ суҳбаткунон вориди толори хониши кӯдакон ва наврасон шудем. Аввалин коре, ки кард, ба рафи китобҳо часпид ва китоберо ба даст оварду тамошо кард. Ҳамин тавр чанд китобро пайи ҳам мегирифту медиду ба дигараш даст мебурд.
Ин синнусол ҳамин аст. Ҳаддиақал завқи тамошои сурати китоб дошта бошад ва аз худ чизеро доир ба суратҳо бигӯяд. Бигзор як ҷумла бошад ё зиёдтар. Муҳим бардоште дар сатҳи ақли худаш дошта бошад.
Холааш гуфт, аз ин ба баъд кӯшиш мекунам ақалан ҳафтае як маротиба ба Китобхона орам, то ин роҳ барояш ҳамаумрӣ шавад. То бо олами китоб ошно гардаду оянда китобхон шавад. Зеро ояндааш беҳтар мешавад.
Фариштамоҳ андеша дорад, ки ба китобхона ворид шудани ин хонандаи кучак оянда барои китобхон шуданаш таъсиргузор хоҳд буд.
Муҳаммади хурдсол дар толори хониш ба болои рафҳои китоб баромада, ҳар китоберо, ки мехост, мегирифту пас аз тамошои суратҳояш ва варақ задан ба ҷояшон мегузошт.
Ёдовар мешавем, ки ба шуъбаи кўдакон ва наврсаони Китобхонаи миллӣ одатан кўдакони 7-сола аъзо мегарданд. Вале ҳолатҳое ҳам кам нестанд, ки волидон бармаҳал фарзандонашонро ба китобхона меоранд, то бармаҳал аъзо шаванд, бо китоб унс гиранд тавре ҳамсуҳбати мо Фариштамоҳ ҳам гуфт, ин роҳ барояшон ҳамаумрӣ шавад.
Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.