Ҳикояҳои хонданбоби Болта Ортиқов дар барномаи телевизионии “Китоби нав”

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳе ду маротиба барномаи телевизионии “Китоби нав” сабт мешавад. Ин барнома дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” баҳри ташвиқу тарғиби китобҳои шавқовару пандомез, ки завқу табъи китобхониро дар кӯдакону наврасон боло мебардорад, равона гардидааст.

Ин навбат китоби “Повест ва ҳикояҳо”-и нависандаи маъруфи тоҷик Болта Ортиқов, ки ба муносибати 100-солагиаш нашр шудааст, манзури хонандагон гашт. Ровии барнома Холид Шарифов бачагонро бо чанд ҳикояи ин маҷмӯа шинос намуда, ҳисси кунҷковии онҳоро бедор намуд. Ҳикояи аввал “Мадрасаи гӯсфанд” буд, ки аз саргузашти Солеҳбой қисса мекунад. Ин мард аслан аз байни нодорон ба сари  сарват расида буду, ба қадри защматкаш мерасид. Ин буд, ки ба хотири абадӣ кардани номаш мадрасае сохт. Мардумин мадрасаро Мадрасаи гӯсфанд меномиданд. Аммо чаро? Сабабашро метавонед бо  мутолиаи китоб дар Китобхонаи миллӣ бифаҳмед.

Ҳикояи дигар унвони аҷоиб дорад. “Одами дусара”. Он аз духтари соҳибҷамоли подшоҳи Самарқанд, ки бефаҳму бефаросат буд, ҳикоят мекунад. Далер ном ҷавон бо истифода аз ақлу заковаташ подшоҳ ва духтарашро қоил месозаду подшоҳ Далерро ғолиб эълон мекунад.

Боз як ҳикояи дигаре, ки Холид Шарифов хонандагонро бо он шинос намуд, ҳикояи “Девори Кӯндаланг” буд. Ин ҳикоя низ хеле шавқангез буда чӣ гуна ба девор Кӯндаланг ном ниҳодани мардумро қисса мекунад. Мехоҳед бидонед? Пас, марҳамат ба Китообхонаи миллӣ. 

Лозим ба ёдоварист, ки барномаи “Китоби нав”  китобҳои нав ба чопрасидаро ташфиқу тарғиб намуда, бо ин васила завқи китобхониро дар  кӯдакону наврасон боло мебардорад.

Муҳидинова Махфират, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.