Инъикоси Рӯзи Модар дар як намоиши китоб
Шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ дар шуъба бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар, ту биҳиштӣ” намоиши китоб ташкил намуд ва беҳтарину пурхонандатарин китобҳоро дар он гирд овард. Ҳар касе мехоҳад дар бораи Модар, бузургиву азамати ӯ шеър бихонад ё ҳикояву достон, пас метавонад ба ин шуъба ташриф орад ва аз миёни китобҳои зиёд оне, ки хушаш меояд, бигирад ва мутолиа намояд.
Аслан ҳадафи ташкили ҳар намоиши китоб ҷалби хонанда ба мавзӯъ аст, то тавонад интихоби худро дошта бошад. Намошҳои мавзӯии китоб, ки сари чанд вақт дар шуъбаву толорҳои хониш ташкил мешаванд, аслан ёдоварӣ ба хонандагон аст, ки дар доираи мавзӯъ аз куҷо чӣ бояд бихонанд.
Ҳоло хонандагон метавонад аз намоиши китоби шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳанӣ китобҳои Эмомалӣ Раҳмон “Модар – мавҷуди муқаддас”, Зарнигори Шодӣ “Сӯзи модар”, Назар Халил “Сиришти модар”, Бобоҷони Икром “Армони модар”, Раҳматхӯҷа Аҳмадов “Ҷаҳони ҷовидони ман туӣ, модар”, Олимзода Кароматулло “Меҳри модар” (Ёднома), Бобоназар Шамсиддинзода “Марде дар нимароҳ”, Раҷабалӣ Ҷалилов “Ёдори модар”, Матлуба Каримова “Мақоми зан дар оила ва ҷомеа”, Саидалӣ Саид “Вақте ки марг фаро мерасад…”(Се қисса ва ҳикояҳо), Зарифи Ибод “Ману Замин – Модар”, “Модар, Модар, ба ҷон баробар модар” ва ғайраро мутолиа намоянд.
Абдуғаюр САЛОМОВ