Ҷамъбасти озмуни “Тоҷикистон- Русия дар оинаи китобхонаҳо” дар Китобхонаи миллӣ

Ҷамъбасти озмун

Муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода дар охирин ҷаласа хабар дод, ки ин озмун ҷамъбаст ва ғолибонаш бо мукофотҳои хотиравиву сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд. Вай иброз дошт, ки ки тавассути китоб ахбор ва ҳар он чизе, ки гузаштагони мо гиромӣ медоштанд ва мехостанд, барои мо ояндагон бунёд гузоранд, ба мо расидааст. Чунончӣ асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат зимни гузоштани санги аввали бинои Китобхонаи миллӣ, изҳор дошта буданд, китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи инсон аст.

Дар ҳақиқат китобхонаҳо дар давоми садсолаҳо рисолати ҳифзу нигаҳдорӣ ва афзоиш додани мероси хаттиро ба зимма доранд ва бинобарин китобхонаҳои ганҷинаи фарҳангиву дониш меноманд, изофа намуд ӯ.

Ҷамъбасти озмун

Азиз Азиз, яке аз ҳакамони ин сабқат гуфт дар панҷ сол дар Тоҷикистон як нависандаи кӯдак пайдо шавад, муваффақият аст. Аз ҳикояҳое, ки пешниҳод шуданд, як ҷумлаи нав, як фикри нав, як ҳикмате пайдо кунонда, 6 нафарро ғолиб донистем. Бо вуҷуди ин ки дар низомнома навишта шуда буд, на ҳама фаҳмиданд, ки низомнома чӣ талаб дорад. Баъзеҳо мақола навиштанд, масалан дар Тоҷикистон ҳамин хел ҳайвонот ҳастанд, ҳаммин хел парандагон ҳастанд, мо бояд онҳоро ҳифз кунем ва ғайра.

Тазаккур медиҳем, ки озмуни адабии “Тоҷикистон- Россия дар оинаи китобхонаҳо” дар доираи ҳамкориҳои судманд ва маърифатпарварона бо иқдоми Агентии федералӣ оид ба Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ҳамватанони муқими хориҷ ва Анҷумани шахсиятҳои ҳунарӣ, фарҳангӣ ва маърифатии масъули ҷалби кӯдакон ба хониш “Хонанда мепарварам”, китобхонаи давлатии кӯдаконаи Русия баргузор шуда буд.

Ҷамъбасти озмун

Дар ҷамъбасти озмун Шукронаи Рустам, Ғанизода Фараҳноз, Нурияи Толибҷон, Нозанини Шӯҳрат, Зулҳия Каримова ва Муслима Шарифова барои тарғибу ташвиқи анъанаи китобхонӣ байни насли навраси Китобхонаи миллӣ сазовори ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Раҳима БОБОЕВА,
шӯъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.