“Ҷашни Сада мерос аз ниёгони мост”

Ҷашни Сада“Ҷашни сада мерос аз ниёгони мост”- таҳти ҳамин унвон имрӯз дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ мизи гирд баргузор гардид. Дар кори ин ҳамоиш муаррихону фолклоршиносон, муҳаққиқону фарҳангшиносон ҳамчунин роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ифтитоҳи мизи гирд Муҳаммадиқбол Атоев-муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, ҳозиринро ба ин ҷашни фархундаи таърихӣ шодбош гуфт. Зимни суханронии худ Муҳаммадиқбол Атоев таъкид дошт, ки таҷлили ҷашну суннатҳои мардумию миллии тоҷик, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва дигар анъанаҳои неки миллии мо барои аз нав зинда намудану ба насли оянда мерос гузоштани нозукиҳои тоҷиконаи он қарзи ҷонии ҳар як фарди солимақли ҷомеаи тоҷикистонӣ мебошад.

Муовини директори Китобхонаи миллӣ дар идомаи суханронии худ ҳамчунин ишора намуд, ки ҳоло вақти он расидааст, ки муҳаққиқон доир ба ин се ҷашн ва дигар маросиму оинҳои миллиамон “Донишномаи ҷашнҳои миллии тоҷикон”-ро таҳия карда, ба нашр расонанд ва суннату арзишҳои мардуми моро ба оламиён муаррифӣ намоянд.

Сипас, фарҳангшиноси тоҷик Ҷонибек Асрориён доир ба нақши шахсиятҳои таърихи ва давлатмандон дар иртибот ба таҷлили ҷашни Сада суханронӣ кард.

Агарчанде Ҷашни Садаро гузаштагони мо ҳанӯз дар аҳди Ҳушанг – шоҳи Пешдодиён (ҳазораҳои V-IV то милод) эҷод карда бошанд ҳам, аммо дар марҳилаҳои минбаъдаи таърих ниёгони тоҷик ба он анъанаҳои гуногунеро ворид намуданд ва ба ин ҷашн таровати тоза бахшиданд. Ҳар анъанаи ҷашнҳои қадимаи тоҷикон, бахусус Сада, дар худ ҳикмати инсондӯстӣ, эҳтиром ба неъматҳои табиӣ, арҷ гузоштан ба гузашта, шукронаи имрӯз, нигоҳи нек ба фардо, худшиносӣ, ҳамдарду ҳаммароми ҳамдигар будан ва монанди инҳоро таҷассум менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё намудани ҷашнҳои таърихӣ як таҳавулоти бузургеро ба вуҷуд оварданд ва дар қатори Наврӯз ҷашнҳои Меҳргону Тиргон ва Сада зинда карда шуд. Чуноне дар ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани ҷашни Меҳргон ишора карданд, ки: « … барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад». Эҳёи Сада эҳёи таърих аст”- илова кард фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён.

Ба андешаи Ҷонибек Асрориён, дар дастархони Сада аз мош, гандум, лӯбию нахӯд хӯрокҳое ба монандӣ кичирӣ, кашк, далда, ширрӯған, қурутоб, дӯғ, ҷӯшӣ, умоч ва ғайра омода намуда, мегузоштанд

Саъдӣ ҚосимӣДар идомаи ҳамоиш профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Саъдӣ Қосимӣ оид ба сарчашмаҳои таърихӣ, ки ҷашни Садаро воқеан ҷашни ниёгони ориётабор медонанд ва онро дар ҳар шакле таҷлил менамуданд, маъруза кард.

Профессор Саъдӣ Қосимӣ изҳор дошт, ки нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада марбут ба замони меҳрпарастӣ аст. Таърихи он ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Ин ҷашн ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Иди Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, яъне рӯзи 10 – уми баҳманмоҳ, мувофиқ ба санаи 30 – юми январ ҷашн гирифта мешуд. Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3 – ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.

Ҳамчунин, Давлатшоҳ Маҳмудов – омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ин ҳамоиш иштирок ва доир ба паҳлуҳои гуногуни ин ҷашни қадим суханронӣ кард.

Ҷашни Сада“Бояд зикр намуд, ки набояд мо ҳикмати оташи Садаро нодуруст дарк намоем, ҳамон тавре, ки имрӯзҳо чунин каҷфаҳмиҳо миёни мардум мушоҳида мешавад. Оташ, умуман, дар фарҳанги мо танҳо рамз аст. Аз тарафи дигар, як навъ эҳтиром ба табиат ва неъматҳои он мебошад. Мутаассифона, нафароне ҳастанд, ки ин оташро ба оини оташпарастӣ иртибот медонанд ва ба ин васила руҳияи мардумро нисбат ба фарҳанги миллии худ хароб мекунанд”-гуфт Давлатшоҳ Маҳмудов.

Дар интиҳои ҳамоиш Саидҷон Зубайдуллозода – омӯзгори ҷавон аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вобаста ба нақши ҷавонон дар муаррифӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ андешаҳои худро баён дошт.

Дар анҷоми кори мизи гирд миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифта, аз суҳбати муаррихону фарҳангшиносон дар иртибот ба ҳифзи фарҳанги маънави ҷаҳони маънӣ бардоштанд.

Наргис НАЗАРЗОДА