Ёддошти ҷолиб аз донишманди маъруф Низом Нурҷонов. “Мо аз Бухоро омадем..”
Аввали солҳои сиюми асри бист Бухоро ноором буд. Дастҳои босмачиёну ҳар гуна авбошон шабона ба ҳавлиҳои мардум даромада, дороияшонро мебурданд.
Як шаб падарам аз маъракае бармегаштаанд. Ба маҳалла даромад, садои пайи аспҳоро мешунаванду худро зуд ба хона мерасанд ва дарро баста ба модарам мегўянд, ки бачаҳо овоз набароранд. Модарам шамъро хомўш карда, сари ҷогаҳи мо аз тарс ларзида мешинанд. Падарам аз болохона кўчаро назорат мекунанд. Ассаворон ду – се дарвоза, аз ҷумла дарвозаи моро мекўбанд. Садоеро нашунида, аз болои девор ба ҳавлӣ фуромаданӣ мешаванд. Аммо девори баланд имкон намедиҳад. Дуздон шояд фурсати кам доштанд ё ғанимати он шаб рабудаашон қофӣ буд, ки аз баҳри шабохун баромада, аз маҳалла дур мешаванд. Ҳамин воқеа сабаб мегардаду мо ба ҳавлии як хешамон, ба маркази шаҳр мекўчем.
Падарам – Қорӣ Нурҷон, саводи хуб доштанд. Бо вуҷуди дар идораи шўравӣ кор карданашон, вақте ки бадарғакунии муллоҳову шахсони бо корҳои динӣ алоқаманд сар шуд, соли 1931 бо унвони “қорӣ” доштан, яъне хондаву донандаи “Қуръон” буданашон метавонист сабаби барға шуданашон гардад. Он замон ман – фарзанди дуюми хонавода, 8-сола будам.
РАҚСҲОИ ГУЛБУР ВА НАМОИШҲОИ ТЕАТРҲОИ БУХОРОВУ СТАЛИНОБОД МАРО ОШИҚИ САНЪАТИ БОЗИНГАРӢ КАРДАНД
Аз зиндагиамон дар Бухоро хотираҳое дорам. 5-6 сола будам. Дар маҳаллаамон тўйе барпо шуд. Модарам маро ба ин маърака бурданд. Дар он ҷо занони созандаи яҳудӣ – дойрадастон ва раққоса Гулбур ҳунарнамоӣ карданд. Раққоса таҳти оҳанги дилнавоз бо либосҳои зебову зангўлаҳои биринҷии гирди бандҳои дасту пояшон, ки садои ҷарангосии форам доштанд, суруд хонда рақсид. Рақсаш мани кўдакро мафтун кард. Баъдтар фаҳмидам, ки номи ў Ҳевсӣ ва Губур лақабаш будааст. Рақси иҷрокардааш “Занг” ном доштааст. Азбаски бо зиндадиливу оташмизоҷӣ таҳти садои губур – губур ба замин зада мерақсидааст, мардум ўро “Губур”лақаб мондаанд. Он замон ҳамаи созандаву навозандаву раққосони Бухоро лақаб , яъне номи рамзӣ доштанд , ба монанди Майда, Каркигӣ, Ношпўттӣ…
Холаам бо Губур дугона буд ва баъзан маҳз барои тамошои ҳунарнамоии ў ҳамроҳаш ба тўйе мерафт. Нақлҳои холаам дар бораи Губур муҳаббати маро ба санъати ў бешатар мекарданд. Солҳои панҷоҳум, вақте ки ба таҳқиқи санъати бозигарӣ шуруъ кардам, фаҳмидам, ки аввали асри бист дар Бухоро асари созандагон яҳудӣ будаанд. Онҳо санъати бозигарии тоҷикро бо қоидаҳои хосаш, айнан, он гуна, ки тоҷикон аз қадим иҷро мекарданд, нишон медодаанд. Фақат ба он фардияти худро ҳамроҳ менамудаанд. Яке пурҷўшу хурўши шўхона, дигаре бо лиризм бозӣ мекардааст.
… Дар Бухоро падарам маро ба тамошои спектаклҳои театри шаҳр мебурданд. Ба мазмуни ин спектаклҳо, албатта, мани кўдак сарфаҳм намерафтам, аммо тамошои саҳнаи зебо, одамоне, ки дар он ҷо равуо мекарданду гап мезаданд, бароям аҷаб сеҳрангез менамуданд! Ҳунарпешаҳои театр – Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ва Саъдихон Ҳабибуллоев, ки аз хешони падарам буданд, дар хонаамон меҳмон мешуданд. Суҳбатҳои онҳо дар бораи санъату театр ба гўши ман ҳам медаромаданд.
Баъдтар фаҳмидам, ки ин ду ҳунарманд аз ҷумлаи 9 нафар ҷавонони тоҷик бухороие будаанд, ки дар сафи 24 фиристодаи Осиёи Миёна солҳои 1924 -1927 дар студияи сесолаи драмавии ўзбек дар назди Донишгоҳи маорифи ба номи Иосиф Сталини шаҳри Москва таҳсил кардаанд. Бо дахолати падарам – як шахси фарҳангӣ, волидони онҳо , ки ба таҳсилашон зид будаанд, розӣ шудаанд, ки фарзандонашонро ба Москва фиристанд. Аз ҷиҳат онҳо падарамро эҳтиром мекарданд, бо ў қаробати маънавӣ доштанд. Баъдтар, соли 1929, аз қатори ин ҷавон Ҳомид Маҳмудов ва аввали солҳои сиюм Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ба Сталинобод омада, дар бунёду рушди театри касбии тоҷик саҳми бузург гузоштанд. Дигар хатмкардагони тоҷики ин студия дар театрҳои драмавии Ўзбекистон фаъолият доштанд.
…. Падарам дар Сталинобод кори хуб ёфта натавониста, дар Хонақоҳ фурўшандаи мағоза шуданд. Модарам як тарафи бори рўзгорро бо дўзандагӣ мекашиданд. Бо бародарам Шаҳобиддин назди падар меомадем, маводи рўзгору пули додаашонро ба модарамон мерасонадем.
Соли аввал ба мактаби тоҷикии як зани яҳудӣ рафтам. Ў дар ҳавлиаш хонаеро барои дарсомўзии бачаҳо ҷудо карда буд. Ин зани хушмуомилаву меҳрубон саводи моро баровард. Аз синфи дуюм таҳсилро дар мактаби навбунёди давлатӣ давом додам.
Соли 1932 хоҳаракам Зурия бемор шуда, вафот кард. Ин сеюмин тифле буд, ки падару модарам дар Бухорову Сталинобод аз даст доданд. Ҳамон сол таваллуд шудани додарам Зуҳур як навь тасаллои дили падару модар ва ману бародарам Шаҳобиддин гардид. Баъдтар Худованд ба мо як хоҳари дигар ҳадя намуд. Волидонам чаҳор фарзандашон – бародарам Шаҳобиддин, ман додаран Зуҳурҷон ва хоҳарам Холидаро ба қавле “гурба барин газида” калон карданд.
Аммо қаҳтии соли 1933 ба касе раҳм надошт. Модарам ҳамаи зару зеварашонро барои харидани хўрокворӣ фурўхтанд. Аз ҷумла ду дастпонаи заррин ба ним халта орд иваз шуд. Вақте қотурма мепухтанд, мо, бачаҳо, онро ҳарисона мехӯрдем. Рўзҳое буд, ки ҳамаи хонавода нимгурусна мегаштем. Бо вуҷуди ин ман, кўдаки даҳсола, аз тамошои спектаклҳо шод будам.
Дар Сталинобод хонаамон ба Театри драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ наздик буд. Он замон театр спектаклҳояшро дар бинои ҳозираи Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский намоиш медод. Мо – писарбачаҳои маҳалла, бегоҳиҳо дар назди театр истода, аз калонсолоне, ки ба тамошои спектакл меомаданд, хоҳиш мекардем, ки моро ҳамроҳ ба толор дароранд. Ба зани русе, ки билетҳоро тафтиш мекард, гўянд, ки писарашон ҳастем. Зан аз ҳилаи мо, албатта, бохабар буд. Ба шахсоне, ки моро чун писарҳои худ ҳамроҳ ба театр медароварданд, мегуфт: “Ин бачаҳо ҳар шаб падарашонро иваз мекунанд”. Аммо ба даромадани мо монеъ намешуд. Ва мо ҳар яке бо “падар “- худ ба театр медаромадем.
Қатор аввали толор ҳамеша холӣ буд. Зуд рафта он ҷо менишастем. Танаффусҳо нимсоатӣ давом меёфтанд. Дар ин муддат ороишҳои саҳна иваз мешудан. Бо вуҷуди тақ- туқи рост кардани декоратсияҳои тахтагин, вақти танаффус баъзан хобамон ҳам мебурд…
Ана ҳамин хел чун “писархонд” чанд маротиба спектакли “Мубориза”- ро тамошо кардам. Барои ороиши як саҳнаи ин намоиш пули бутафорӣ сохта буданд. Ҳар дафъаи тамошо, вақте ки “босмачиёни бадҳайбат” бо ҳаёҳую талотўб аз “пўл”гузашта ба “деҳа” медаромаданд , аз тарс дар таги курсиҳо пинҳон мешудем, зеро ки “пул”ба қатори аввал хеле наздик буд…
Ҳамин тавр, рақсҳои Губур ва намоишҳои театрҳои Бухорову Сталинобод маро ошиқи санъати бозигарӣ карданд…
Ин қиссаи кутоҳ аз китоби “Ҳунаршиносе, гуҳаршиносе…”-и Талъат Нигорӣ иқтибос шуд. Адиб ва рӯзноманигори маъруф Талъат нигорӣ аз “се шоми пурфайз дар суҳбати доктори илми санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов” китобе бо ҳамин ном таҳия кардааст. Ва сабки он нақли хотираҳост…
Ин китоб соли ҷорӣ чоп шуда ва хоҳишмандон метавонанд онро дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар мутолиа намоянд.
Таҳияи Саодат НАБИЕВА, сармутахассиси
шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.