Ёде аз донишманди маъруф

Сайфуллоҳ МаҳкамовАгар умр вафо мекард, донишманди шинохта, нависанда, доктори илмҳои филологӣ Сайфуллоҳ Маҳкамов ба синни мубораки 75 қадам мегузошт. Панҷ сол пеш дар авҷи гирифториҳо ба бемории ҳамагири COVID-19 илми тоҷик талафоти сангинро таҳаммул кард. Олими варзида аз ҳамин беморӣ оламро тарк кард.

Маҳкамов Сайфуллоҳ Бердиевич,  22 майи соли 1950 дар деҳаи Патруи ноҳияи Шаҳринав дар оилаи марди деҳқон ба дунё омад. Мактаб-интернатҳои ҳаштсолаи ноҳияи Шаҳринав ва миёнаи №2 (шаҳраки Калинин)-и шаҳри Душанбе ва соли 1977 Донишкадаи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ)-ро бо дипломи аъло хатм кард. Фаъолияти омўзгориаш соли 1968 аз вазифаи сарвожатии мактаби миёнаи №30 (ҳоло рақами 3)-и ноҳияи Шаҳринав оғоз ёфтааст. Баъдтар ҳамчун муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик ифои хидмат намуда, аз соли 1987 то моҳи майи соли 2020 дар Донишкадаи марказии такмили ихтисос (ҳоло Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф)  ба вазифаи мушовири кабинети забон ва адабиёти тоҷик ва мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ дар ин макони маърифат кору фаъолият доштанд. Соли 1990 дар мавзўи «Консепсияи шахсияти занон дар достонҳои ҳамноми «Лайлӣ ва Маҷнун» (асрҳои ХУI-ХIХ)» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, номзади илми филология шуд.

Ӯ муаллифи 5 монографияи илмӣ – «Концепция личности женщин в одноимённых поэмах «Лайли и Меджнун» (ХУ1-Х1Х вв.) (1993, ба забони русӣ), «Офариниши симои инсон дар достонҳои ҳамноми «Лайлӣ ва Маҷнун» (1995), «Научно-методические основы изучения любовно-романтических поэм персидско-таджикской классической литературы в школе» (2006, ба забони русӣ), «Асосҳои илмию методии таълими достонҳои ишқии романтикии адабиёти классикии форсу тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2007) ва «Хусусиятҳои услубӣ ва бадеии маснавиҳои ошиқонаи достонии форсии тоҷикӣ дар асри XV» мебошад.

Сайфуллоҳ Маҳкамов дар навиштани асарҳои бадеӣ низ қувва озмудааст ва 6 номгӯ асараш аз ин силсила рӯи чоп дидааст. Инҳо: «Тўмори қарз», «Ситораи Тахор», «Патруи ман» (2000), «Дармонгоҳи Сабо» (2002), «Хонаи умед» (2003) ва «Шаҳри дилоро» (2004) мебошанд.

8 китоби дарсӣ, 59 дастури методӣ  навиштааст. Муаллифи беш аз 700 мақолаҳои ҷудогонаи илмиву методӣ ва адабиву оммавӣ мебошад.

Дар фаъолияти эҷодиаш омўзиш ва тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ мавқеи хоса дорад. Дастурҳои методии ӯ бо номҳои «Нури зиёбахш» (бо ҳаммуаллифии Ш.Иброҳимова), «Зани ҳунарманд», «Таҷрибаи ибратбахш», «Дастони моҳир ва гулдўзӣ», «Чароғи маърифат», «Нурҳои маърифат» ва «Муаллимаи соҳибтаҷриба» солҳои гуногун чоп шудаанд.

Солҳои 1982-1985 бо амри тақдир дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарзи интернатсионалистии хешро бо ифтихор ба ҷо овардааст.

Бо якчанд ифтихорнома, нишон ва медалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди Шўравӣ  сарфароз гардидааст.

Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накӯном зист,
Аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Таманно Салимова,
сармутахассиси шуъбаи
рисолаҳои илмӣ