“Ҷумҳурият”. Нусхаҳои ҳатмӣ. Саҳлангории ноширону масъулон ба куҷо мебарад? (ВИДЕО)

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумъахон Файзализода бо зикри номи 23 нашриёту расонаи чопии гуногун изҳори нигаронӣ кард, ки дар давоми 3 сол, яъне аз соли 2020 то 2023 ягон нусха аз ин рӯзномаву маҷаллаҳо ба фонди умумии КМТ ворид нашудааст.

Ин нуктаи бисёр муҳим дар мизи гирд бо номи “Нусхаҳои ҳатмӣ – асоситарин роҳи пуррагардонии фонди китобхона” тазаккур ёфт. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иштирок доштанд.

КАДОМ РӮЗНОМАЮ МОҲНОМАҲОРО  НАМЕСУПОРАНД?

Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ҷаридаҳои “Ваҳдат”, “Дунё”, “Инсон ва қонун”, “Имрӯз-Нюс”, Известия”, “Култура”, “Независемая газета”, маҷаллаҳои “Авҷи Зуҳал”, “Бонкдорӣ”, “Тараққиёт”, “Ҷаҳонишавӣ”, “Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон”, “Илм ва техника”, “Қонуният”, “Маорифи Тоҷикистон”, “Нигаҳдории тандурустӣ”, “Сафинаи умед”, “Фарҳанг ва санъат”, “Ҳамшираи тиббӣ ва момодоя”, “Ҳаёти ҳуқуқӣ” ва “Чашма”-ро ном гирифта, таъкид кард, ки дар давоми се сол ягон шумора аз ин матбуоти чопӣ ба Китобхона нарасидааст.

– Ҳар корафтода ва муроҷиаткунанда бояд аз Китобхонаи миллӣ дилхоҳ асари китобатшударо ёбаду истифода барад, аммо мутаассифона, чанд соли охир бо сабаби супурда нашудани нусхаҳои ҳатмии китобҳо, рӯзномаву ҳафтаномаҳо ва маҷаллаҳои фарҳангиву илмӣ муроҷиатҳои баъзе аз шаҳрвандон қонеъ намешаванд. Ҳол он ки чунин хунукназарии масъулон хилофи қонун мебошад. Ба ин сабаб, ин бор намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро даъват кардем. Масъала хеле доғ аст, – афзуд директори Китобхона.

Тавре дарк кардед, ин гузориши рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз мизи гирде буд, ки 9-уми июни солӣ ҷорӣ таҳти унвони “Нусхаҳои ҳатмӣ – асоситарин роҳи пуррагардонии фонди китобхона” доир гардид. Бо матни комили ин гузориши пурмуҳтавон ин ҷо метавонед ошно шавед:
САҲЛАНГОРИИ НОШИРОНУ МАСЪУЛОН БА КУҶО МЕБАРАД?