Кали айёр: ривоят, афсона ва воқеъият
Кали зирак, яке аз шахсиятҳои асосии афсонаҳои ҳаҷвии тоҷикӣ, ки бо фиребу зиракӣ ҳамеша бар рақибони худ пирўз будааст. Кали айёр бо корнамоиҳояш ба яке аз чеҳраҳои дўстдоштаи афсонаҳо ва намунаи ибрат табдил ёфтааст. Ў асосан бар зидди рафтору кирдорҳои ношоистаи амалдорони давр – қозӣ, ҳоким, бой, мулло ва дигарон баромада, аз онҳо қасос мегирад ё онҳоро бо ҳар ҳилаву найранг маҳкум ва золимонро мағлуб мекунад.
Дар байни мардум симои Кали айёр дар афсонаҳои «Калак», «Кали зирак», «Кали доно», «Кали маккор», «Кали фиребгар», «Кали кадуёр», «Кали ҷодугар», «Кали ҳилагар», «Кали Аҳматак», «Кали Боқӣ» ва амсоли инҳо хеле хуб ва барҷаста ҷилвагар шудааст. Мазмуни аксари ин афсонаҳо гунаҳои якдигар буда, дар айни замон баъзе тафовутҳо низ доранд.
Маншаи пайдоиши шахсияти Кали айёр дар байни мардум нишонаи аз замонҳои пеш роиҷ будани оини айёрӣ ва ҷавонмардӣ аст. Симои айёрону ҷавонмардон дар адабиёти форс-тоҷик дар осори таърихӣ, адабиёти омиёна («Самаки айёр» ва дигар осори насри ривоятӣ) беназир аст. Ҳамин айёрон боиси пайдо шудани симои Кали айёр гардидаанд, ки дар ҳар минтақа дар шакли афсонаҳои ҳаҷвӣ баён мешаванд.
Кали айёр ҳарчанд бар зидди одамони мутакаббир, ҷавркунанда, золиму сахтгир ва фиребгар мубориза бурда, найрангҳои бисёрро барои маҳкум кардани онҳо ба кор мебарад, дар айни замон нотарс, содиқ, раҳмдил ва ростгў низ ҳаст. Маҳз барои ҳамин симои қаҳрамононаи Кали айёр байни мардум шуҳрати бисёр пайдо кардааст ва то ба ҳол мардум афсонаҳоеро, ки дар онҳо Кали айёр (ё мухтасар кал) симои аслӣ аст, нақл мекунанд.
Қаҳрамони асосии афсонаҳо, маъмулан, се бародар мешаванд, ки бародари хурдӣ кал аст. Пас аз фавти падар мероси падарро тақсим мекунанд. Бародари хурдӣ зиндагии худро хуб пеш мебарад. Амали хуби ўро мушоҳида карда, ду бародари бузург ба додарашон кал ҳасудӣ мекунанд. Масалан, ғаллаи ўро оташ мезананд. Кал хокистари ғалларо ба хар бор карда, ба самти дарёе мебарад, то хокистарро ба дарё бирезад. Аз пешаш тоҷире баромада мепурсад, ки дар ҷуволат чист? Тило, – мегўяд кал ва агар ба тилои даруни ҷувол назари одам расад, хокистар мешавад. Хулоса, савдогар калро маҷбур мекунад, ки сари ҷуволро кушояд. Кали айёр ҷуволро кушода, даруни онро нишон медиҳад. Савдогар мебинад, ки хокистар аст. Кал доду фиғон бардошта, савдогарро ба назди қозӣ бурдан мехоҳад. Савдогар чизу моли бисёр дода, аз кал халос мешавад. Кал бо ин пулу мол зиндагиашро обод карда, зан мегирад. Бародарон ҳайрон шуда, сабаби сарватманд шуданашро пурсон мешаванд. Кал дар ҷавоб мегўяд, ки шумо ғаллаи маро сўзондед, ман хокистарашро дар бозор фурўхтаму бо пулаш ин чизҳоро харидам.
Ҳамин тавр, дар афсона кал бо рафторҳои айёронаи худ аз бародаронаш қасос мегирад ва дар охир аз онҳо халос мешавад. Ба воситаи симои Кали айёр мардум бар зидди одамони ҳасуд, бахил, золим, номард мубориза мебурданд. То ба имрўз ин навъ афсонаҳоро гаштаву баргашта барои фарзандонашон нақл мекунанд.
Симои Кали айёр дар афсонаҳои дигар низ тасвир шудааст. Аз ҷумла, дар афсонаи «Се дурўғе, ки ҳар кадомаш чил дурўғ дорад» қаҳрамони асосӣ Айёриддин аст. Маҳз ҳамин шуҳрати Кали айёр буд, ки байни мардум зарбулмасали «Кали айёр ба хўрдан тайёр» низ роиҷ шудааст. Ин зарбулмасал нисбат ба одамоне гуфта мешавад, ки хислатҳои айёрона доранд ва муфтхўр ҳастанд. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки симои Кали айёр (бо номҳои дигар низ) то ба имрўз дар байни мардуми тоҷик шуҳрат дорад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ. 9. – С. 262.
Муаллиф Р. Раҳмонӣ.
Адабиёт
Амонов, Р. Очерки эҷодиёти даҳанакии Кўлоб. – Душанбе, 1963.
Обидов, Д. Афсонаҳои ҳаҷвии маишии тоҷикӣ. – Душанбе, 1978.
Раҳмонӣ, Р. Шугҳои Бухоро дар сабти Равшан Раҳмонӣ. – Москва, 1997.
Қодиров, О. Фолклори тоҷикони Қашқадарё. – Душанбе, 1998. – Ҷ. 2.
Афсонаҳои халқи тоҷик. – Душанбе, 2001.
Таҳияи Истампулод Ормонов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ