Китоб арзишмандтарин ҳадя аст

 Рӯзи 14 февралро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб  таҷлил мекунад. Ба ақидаи ҷомеашиносон китоб ба шахси ҳадягиранда хушнудиву фараҳ ва ғизои маънавӣ мебахшад.

Бо Амри Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оила туҳфа карда шуд, ки намунаи олӣ ва таконбахшандаи ҳадяи китоб дар кишвар аст, мегӯяд адабиётшиноси тоҷик, устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Ализода. Ӯ гуфт ҳарчанд дар кишвари мо миёни мардум таҷлили ин ҷашн дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст, вале аз ҷониби давлату ҳукумат корҳои зиёде роҳандозӣ гардидааст ва бояд ин анъана миёни мардуми мо рӯшду нуму кунад ва дар тафаккуру андешаи ҳар як фарди ҷомеа ҷой гирад.

   Ба андшеаи коршиносон дар шароити кунунӣ агар шахс дар як рӯз ҳадиақал 10 саҳифа китоб нахонад, фаъолияти майнаи сараш ноусувор меградад. Маҳз мутолиа метавонад инсонро ба андешидани фикру тадбири солим раҳнамун созад.

   Чун дар мавриди туҳфа ё ҳадяи китоб гуфтем, мутаасифона ҳадяи чунин ганҷина имрӯз ба назарҳо каму ба қавле аз муд рафтааст. Муҳаққиқ ва адабиётшинси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Сайрам Бақозода мегӯяд ҷавонони моро зарур аст ба ҷойи ҳадяи молу ашё ва ё дигар шириниҳо туҳфаи китобро роҳанозӣ кунанд, хеле неку ғамхорӣ ба ҳамдигар мешавад. Сайрам Бақозода  ба андешаи он, ки китоб имрӯз камтар туҳфа мешавад, розӣ нест ва ӯ гуфт зиёданд нафароне, ки ба ҳамдигар китоб туҳфа мекунанд.

«Ба дӯстону наздикон ва ҳамкороне, ки ман ба онҳо китоб ҳадя кардаам, мебинам, ки  хеле хурсанд мешаванд ва ман низ китобро ҳадя зиёд гарифтаам. Аксарияти китобҳои китобхонаи шахсиям китобҳои ҳадяшуда мебошанд», – гуфт Сайрам Бақозода.

  Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо таҷлили рӯзи ҳадяи китобро бояд дар доираи хонаводаю ҷомеа бештар кард, зеро аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ин росто корҳои зиёде роҳандозӣ карда шудааст. Агар ҳар як падару модар дар рӯзи зодрӯзи фарзанд ё дигар ҷашну идҳои миллӣ дар баробари туҳфаҳои модию молӣ китоб тақдим мекард, гумон мекунам рӯзи ҳадяи китоб ба иди дӯстдоштанӣ табдил меёфт зеро китоб воқеан ҳадяи бузургу арзишманд аст, – гуфт Сайрам Бақозода.

  Оммавигардонии  Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб айни мудаост ва яке аз роҳҳои самараноки раҳоии ҷомеа аз банди ҷаҳолату нодонӣ ва раҳоӣ  аз мушкилот мебошад, гуфт ҷомеашиноси тоҷик Нозим Нурзода. Мавсуф изҳор дошт, ки ҳадяи китоб солҳои 1979-1980 миёни қишри зиёию муҳити донишгоҳи ба анъана даромада буд. Бояд ин анъанаро эҳё кунем, зеро ҷомеаи китобхону китобдӯст ҷомеаи пешрафта, ба инсоф, меҳрубон бо маърифат мебошад. Танҳо китобу китобхонию китобдорӣ метавонад инсонро аз як мавҷуди биологӣ ба як мавҷуди сотсиологӣ ва ба як мавҷуди тамаддунсоз табдил диҳад, гуфт Нозим Нурзода.

  Ситора Абдумуъминзода – муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мегӯяд,  Рӯзи ҳадяи китоб дар Тоҷикистон тӯли чанд соли охир аз ҷониби китобдорони ҳирфаӣ ҷонибдорӣ мешавад. То имрӯз на ба расмият, аммо дар радифи дигар идҳои тақвими шинохта нашудааст. «Таҳлили саводҳои шабакаҳои иҷтимоӣ гувоҳи он аст, ки ин ҷашн бештар аз ҷониби маҳз китобдорони ҳирфаи тарғиб мешавад. Ҳанӯз таваҷҷуҳи ҷомеа дар ин самт сустар аст. Иқдоми оммавигардонии ин чашнро бояд Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба уҳда гирад. Зеро ҳамчун китобхонаи пешоҳанг ва роҳбарикунанда ба кулли китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ ин масъулият баҳри оммавигардонии мутолиаи китоб ва пеш бурдани сиёсати фарҳангии ҷумҳури вазифаи ҷонии он аст», – таъкид дошт Ситора Абдумуъминзода.

   Дар ҳамин робита муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобег Маҳмудов изҳор дошт, ки Китобхонаи миллӣ на танҳо дар Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб, балки дар дигар ҷашну идҳои миллӣ ҳадяи китобро ба таври ҳамешагӣ ба роҳ мондааст. Ӯ гуфт танҳо соли 2021 аз ҷониби Китобхонаи миллӣ ба як қатор муассисаҳои таълимӣ, идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бештар 30 ҳазор нусха китоб ҳадя карда шудааст. Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ба Озорбойҷон 13 нусха ва Федератсияи Россия 3 нусха ва дигар чорабиниҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ аз ҳисоби китобҳои тозанашри муассиса туҳфа карда шуд.

  Муовини Директори китобхонаи миллӣ таъкид дошт, ки дар масъалаи таҷлили густардаи Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб бетавофут нестанд ва аз 7 то 11 феврал дар доираи чорабинии «Ҳафтаи забони русӣ» шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхона  ба хонандагони фаъоли шуъба ба миқдор 40 нусха китобҳои арзишманд туҳфа намудаанд, ки идомаи мантиқии таҷлили бошукӯҳи Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб мебошад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР

Шуъбаи матбуоти даврӣ.