Китоб дар бораи як хазинаи бебаҳо

МахфузгаронИн китоб “Маҳфузгарони таърих” ном дорад ва соли 2010 чоп шудааст. Муаллифони он Шаҳло Неъматова ва Муҳибулло Асроров мебошанд. Китоб дар асоси ҳуҷҷатҳои мўътамад барои доираи васеи ҷомеа иншо гашта, хонандагонро бо давраҳои ташкилшавӣ ва такомулоти бойгониҳо дар минтақаи Ҳисор, таърихи ин маҳаллот аз солҳои бистуми асри гузашта то ба ин дам ошно месозад ва дар бобати бойгоншиносӣ, омўзиши таърихи диёр аҳмияти калонро доро мебошад.

Чуноне узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Султонмуроди Одина дар муқаддима менависад, таърихи хидмати бойгонии тоҷик бой аст. Ҳамаи он маводҳои парокандаи таърихи бисёрҳазорсолаамон гувоҳи ин мебошад. Мутаассифона, дар натиҷаи тохтутозҳо, нокомию шикастҳо, парокандагию нофаҳмиҳо аксари ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба коми аждаҳои нестӣ рафтаанд. Хадамоти Кумитаи давлатии бойгонӣ ба шакли муттамарказу системанок танҳо дар нимаи аввали асри 20-шакл ёфта, минбаъд ба қолаб даромаду тараққӣ кард.

Агар дурустар назар кунему аз ҷиҳати илмӣ ва инсофи таърихӣ баҳо диҳем, ҳар як коғаз ҳуҷҷат, расм, нақша, маводи ҷамъовардаю маҳфуздоштаи коркунони бойгонӣ ҳақиқати таърихро барои насли оянда ҷилвагар месозад.

Таърихи дунё чӣ воқеаю кадом лашкаркашу кишваркушоҳеро надидааст. Аммо ба фаъолияти онҳо, давру кори онҳо аз рўи ҳуҷҷатҳо, таърихҳо ва маводҳои маҳфузмонда баҳо медиҳанд. Ояндагони пас аз мо ҳам давраи мо аз рўи маводҳои бойгонӣ баҳо хоҳанд дод.

Китоб барои доираи васеи ҷомеа иншо гашта, дар бобати бойгонишиносӣ, омўзиши таърихи диёр аҳмияти бузургро молик аст.

Хонандагони азиз бо китоби “Маҳфузгарони таърих” метавонанд дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.

Ойҷонгул ДАВРОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.