Китоб — сарчашмаи маърифат ва тарбияи ҷавонон
Дар ҷаҳони муосир, ки технология ва интернет ба ҳаёти инсон таъсири калон доранд, китоб ҳанӯз ҳам ҳамчун як сарчашмаи маърифат ва воситаи тарбияи инсон арзишманд боқӣ мондааст. Китоб на танҳо як арзиши маънавӣ, балки роҳнамои зеҳнӣ ва ахлоқӣ мебошад. Ҳар китоб дорои таҷриба, дониш ва арзишҳои маънавист, ки метавонанд шахсият ва ояндаи инсонро шакл диҳанд.
Китоб дар рушди сифатҳои зеҳнӣ ва шахсии инсон махсусан ҷавонон нақши калон дорад. Тамоми умр он ба мо кӯмак мекунад, ки кор кунем, омӯзем, орзу кунем, истироҳат кунем. Китобҳо моро бо дониш, таҷрибаи зиндагӣ ғанӣ мегардонанд, ақидаҳо, завқҳо, хислатҳои моро ташаккул медиҳанд, хурсандии моро зиёд менамоянд. Онҳо ба мо дар бораи одамон, шаҳрҳо ва рӯйдодҳои бузургтарин нақл мекунанд. Дар якҷоягӣ бо қаҳрамонони китобҳо мо ба кишварҳои дур ва ҳатто ба сайёраҳои дигар сафар мекунем, ба қаъри баҳрҳо ва уқёнусҳо ғарқ мешавем, ба қаъри замин ва асрори ҳаёт дар он ворид мешавем, қонунҳои табиатро кашф мекунем ва онро тағйир медиҳем, гузаштаи Ватани худро меомӯзем, дар бораи ояндаи он фикр мекунем.
Мутолиаи китоб махсусан барои ҷавонон, ки дар давраи ҳассоси ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинӣ қарор доранд, аҳаммияти бениҳоят калон дорад. Ҷавонон бо китоб андешаҳои нав меомӯзанд, зеҳнро рушд медиҳанд ва одобу ахлоқи хубро дар худ месозанд.
Китобро метавон ҳамчун манбаи асосии дониш ва маърифат маънидод кард. Ба воситаи китоб инсон метавонад фикру андешаи олимон ва донишмандони гузашта ва муосирро омӯзад. Китоб ба мо имконият медиҳад, ки дониш ва таҷрибаи инсониятро аз замонҳои қадим то имрӯз ба даст овардем ва худро ташаккул диҳем.
Масалан, мутолиаи асарҳои таърихӣ ба ҷавонон кӯмак мекунад, ки воқеият ва рӯйдодҳои гузашта ва сабабҳои онҳоро дуруст дарк кунанд. Асарҳои илмӣ ва бадеӣ зеҳни онҳоро ташаккул дода, қобилияти таҳлил ва фикрро зиёд мекунанд.
Илова бар ин, мутолиа ба рушди забон, қобилияти ифодаи фикр ва маҳорати суханварӣ низ мусоидат мекунад. Ҷавононе, ки китоб мехонанд, фикри мустақил ва ҷаҳонбинии васеъ доранд.
Яке аз вазифаҳои муҳими китоб тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ мебошад. Китоб метавонад қобилияти ҳамдардӣ, ростқавлӣ ва масъулиятшиносӣ дар ҷавононро ташаккул диҳад. Асарҳои адабӣ ва илмӣ барои ҷавонон ҳамчун мақоми омӯзишӣ ва роҳнамои ҳаётӣ хизмат мекунанд.
Масалан, мутолиаи достонҳо ва ҳикояҳои маънавиёт одоб ва ахлоқи инсонро дар ҷавонон рушд медиҳад ва онҳоро барои зиндагии мустақил ва муваффақ омода мекунад. Китоб ҷавононро водор мекунад, ки фикру ақидаи худро дошта бошанд, ба ҳуқуқ ва арзишҳои дигарон эҳтиром гузоранд ва масъулиятшинос бошанд.
Ғайр аз он, китоб ҷавононро ба омӯзиши илмҳои гуногун ва таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ водор мекунад, ки барои ташаккули шахсият ва интихоби роҳи дуруст дар зиндагӣ аҳаммияти калон дорад.
Ҳамин тавр, китоб на танҳо сарчашмаи маърифат, балки воситаи муҳим барои тарбияи ҷавонон мебошад. Ҷавононе, ки пайваста мутолиа мекунанд, огоҳӣ ва донишро бо тарбия ва ахлоқ омезиш медиҳанд ва барои зиндагии муваффақ омода мешаванд.
Мардуми фарҳангпарвар ва ҳунардӯсти тоҷик дар эҷоди китобу китобхона миёни миллатҳо пешрафта ба шумор меравад. Дар ҳама давру замон рӯи дасти миллати тоҷик китоб буд. Кору рӯзгорашро бо мутолиаи китоб рангу бори маънавӣ мебахшид. Аҳаммияти китоб, бахусус дар тарбияву ҳидоят ва ташаккули шахсияти насли наврасу ҷавон бениҳоят бузург аст.
Бояд зикр кард, ки фаъолияти китобхонаҳоро ҳамчун муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ бе ҷалби наврасону ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз наврасону ҷавонон метавонанд дар мувофиқу мутобиқ сохтани фаъолияти китобхонаҳо саҳамгузор бошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид зикр намудаанд, ки «Нақши китоб ва китобхонаҳо барои тарбияи наслҳои имрӯзу оянда хеле муҳим аст. Китобхонӣ ҷузъи муҳимми тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст», барои гулгулшукуфоии Тоҷикистони соҳибихтиёр–Ватани ягонаи мо ва ҷалби наврасону ҷавонон дар ин амали созанда чунин маслиҳат додаанд. Насли ҷавони моро зарур аст, ки ҳар чӣ бештар ба илмҳои дақиқу бунёдӣ рӯ оваранд, аз дастовардҳои илму техникаи муосир бархӯрдор гарданд».
Воқеан китоб чашми бино ва ойинаи рӯнамои халқу миллат аст.
Замира Ҳомидова, корманди шуъбаи маълумотдиҳию библиогирафии МД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.