Китобе аз асосҳои давлат ва ҳуқуқ  

Муаллифони китоби “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ” Ф. Нодиров ва Т. Ғайратов буда, соли 2019 дар нашриёти “Эр-граф” чоп шудааст. Пӯшида нест, ки ҳуқуқ яке аз муҳимтарин соҳаҳои донишҳои чамъиятшиносӣ ба ҳисоб меравад, ки барои дарки сохтори чомеа, принсипҳои идоракунии давлат ва нақши ҳуқуқ дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсонҳо нигаронида шудааст. Омӯхтани ин фан барои ҳар як шаҳрванд имконият медиҳад, ки дар чомеа бо ҳуқуқҳои худ шинос бошад ва уҳдадориҳои худро доранд.

Тавре маълум аст, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 таҳти рақами  253 “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2009-2019” тасдиқ карда шуд, ки дар он масъалаҳои гуногуни марбут ва тарбия ва таълими аҳли ҷомеа ва ба хусус ҷавонон матраҳ  шудаанд.

Ба ҳайси яке аз вазифаҳои асосии дар ин барнома дарҷгардида ин ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла, фанни “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ” мебошад, ки мақсад аз ҷорӣ  намудани он, аз як тараф, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ  ва аз тарафи дигар, паст намудани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ  дар байни ҷавонон мебошад.

Пешрафти давлат ва рушди ҳама соҳаҳои он – соҳаи иҷтимоӣ, иқтисоду фарҳанг қабл аз ҳама ба он вобаста аст, ки ислоҳоти қонунгузорӣ  чӣ  гуна сифату самара дорад ва бо қадом роҳу усулҳо дар ҳаёти муқаррарии ҳар шаҳрванд татбиқ  мешавад. Аз ин ру, омӯзиши асосҳои ҳуқуқ ва қобилияти истифодаи дониши ҳуқуқӣ  дар зиндагӣ барои ҳама зарурат дорад. Аз ин нуқтаи назар, нашри маводи ҳуқуқӣ, дар кадом шакле набошад,  ба пешрафти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, албатта, мусоидат хоҳад кард.

Муаллифон дар фасли аввали китоб, ки “Назарияи давлат ва ҳуқуқ” ном дорад мавҳуми ҷомеаро чунин шарҳ додаанд:

Ҷомеа гуфт, маҷмӯи одамонро менамонад, ки онҳо заруриати амали якҷояро дарк намуда, дорои ниёзмандӣ ва манфиати муштараки ҳамешагии умумӣ  мебошанд, ки танҳо тавассути сайъи муштараки онҳо конеъ гардонида мешаванд.

На ҳама гуна маҷмӯи одамонро ҷомеа ҳисобидан равост. Оммаи мардум қалб аз он, ки ҷомеаро ташкил диҳанд, бояд ниёзманди чизе бошанд, ки онҳоро ба ҳам мепайвандад ва ин бояд хусусияти доимиро доро бошад. Дар он ҷое, ки дарки манфиатҳои умумӣ, ниёзмандиҳои байниҳамдигарӣ  интиҳо меёбад, дар он ҷой робитаи ҷамъиятии байни одамон аз байн меравад.

Ҷомеа-давлат, созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳо, халк ва дигар институтҳои иҷтимоиро дар бар мегирад.

Муаллифон дар бораи мафҳум ва аломатҳои давлат нигоштаанд, ки давлат ташкилоти ягонаи сиёсие мебошад, ки ҳокимияти худро дар тамоми ҳудуди мамлакат ва нисбати аҳолӣ  паҳн намуда, дар муносибатҳои дохилӣ ва берунӣ соҳибихтиёр мебошад.

Давлат қисмати нисбатан муҳими ҷомеа мебошад. Маҳз давлат дар иртибот бо аломатҳои фарккунандаи ба ӯ хос, хаҷми асосии вазифаҳои сиёсии ҷомеаро иҷро менамояд.

Идомаи ин баҳс ва таҳлилҳои илмиро шумо метавонед аз китоби  Ф.Нодиров ва Т. Ғайратов “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ” бихонед.  Китоби мазкур барои мутолиа дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт аст.

Маҳина Раҳмонова,
корманди шуъбаи адабиёти хориҷӣ