Китобе, ки бояд хонд, то алломаи ҳама давру замонҳо-Абурайҳони Беруниро бештар шиносем

Абурайҳони БеруниКитоби нави донишманди тоҷик Ҳасании Султон “Аллома Абурайҳони Берунӣ” фаротар аз як таҳқиқоти пурарзиши илмист. Услуби нигориши он як сабки ба муаллиф хоси омезиши далелҳои илмӣ бо тасвирҳои ҷолиби бадеист. Ин китоб соли равон ба муносибати 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ, ки ЮНЕСКО ба феҳристи ҷашнвораҳои сол ворид кардааст, чоп шудааст.

Муаллиф афсӯс аз он мехӯрад, ки рӯзгору осори Берунӣ дар Тоҷикистон хеле кам омӯхта шудааст ва осораш камтар таҳқиқ шудаву китобҳояш низ кам чоп шудаанд.

Узви вобстаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасании Султон сарусухани худро аз бемории аллома Берунӣ дар тирамоҳи соли 440 ҳиҷрии қамарӣ, ки ба поизи соли 1048 милодӣ баробар аст, оғоз мекунад ва таъсири  ин хабари барои аҳли донишу фазл ғамангезро ба риштаи тасвир мекашад. Ин хабар аз шаҳри Ғазна дар саросари қаламрави  “давлати Ғазнавиёну Қарахониён, Зиёриёну Дайламиёни тобеъи хилофати Аббосия ва сарзаминҳои атрофи он”  паҳн шуд.

Дар ду боби аввали китоб маълумоти ҷолибе дар бораи шахсияти Абурайҳони Берунӣ ва шуҳрати ӯ дар қаламрави форсиён ва берун аз он оварда шудааст. Муаллиф аз замони салтанати Туғрулбеки Салҷуқӣ дар Нишопур ёдовар шуда, ӯро марди саховатпеша ва ҳокими ҳамидахисоле ба қалам меорад, ки барои “беҳбуди вазъи бар асари қаҳтсол ноороми Нишопур ҳамвора кӯшиш ба харҷ медод, ҳарчанд дар ин амр камтар муваффақ мегашт”.  Ва ин маълумоти ҷолибро ҳам дар бораи ӯ ироа мекунад: “Тавзеҳан Туғрулбеки Салҷуқӣ оини давлатдориро аз “расмҳои тоҷикон” медонист ва дар умури давлатдорӣ ҳамеша рӯи ниёз ба тоҷикон дошт. Абулфазли Байҳақӣ дар таърихномаи худ суханони узромези ӯро  дар муроҷиат ба қозии Марв чунин ёдовар шудааст: “…мо мардуми наву ғарибем, расмҳои тозикон (тоҷикон) надонем. Қозӣ ба пайғом  насиҳатҳо аз ман бознагирад”, яъне мо тоифаи навомаду навомӯзем ва расму ойини давлатдориро намедонем, шумо машварату маслиҳати худро дар ин боб аз мо дареғ мадоред”.

Боби дуюми китоб, ки “Тулуъи офтоби ҷаҳонтоб дар уфуқи Хоразм” ном гирифтааст, бо ин суханони Абурайҳони Берунӣ оғоз мешавад: “Аҳли Хоразм шохае аз дарахти азим ва шохобе аз дарёи форсиёнанд…”. Ба назар мерасад муаллиф аз оғоз то анҷом дар ин боб талош кардааст ба порае аз қаламрави форсу тоҷик будани Хоразми бузург таъкид кунад ва алорағми баъзе иддиоҳои бепоя илман исбот кунад, ки Абурайҳони Берунӣ касе ҷуз тоҷики озода ва донишманд набуд ва аз он ифтихор мекард, ки форснажод аст.

Дар шарҳи ҳокимияту салтанати Африғиён, ки Берунӣ ҳам дар ҳамин аҳд ба дунё омадааст, Ҳасани Султон менависад: “Тавзеҳан Африғиён ё Оли Африғ (офриғ) ё хоразмшоҳони қадим дар паҳнои саҳнаи таърих баъдан ҳамчунин Оли Ироқ ном бурда мешуданд, аз соли 306 то соли 995 милодӣ, яъне камобеш 690 сол дар Хоразм фармонравоӣ кардаанд. Бино бар ин ин силсила тулонитарин хонадони подшоҳии эрониаслу ориёинажод дар таърихи давлатдории  хонадонҳои миллии мо дар ҳазораи аввали милодӣ ба шумор меравад ва пас аз ин гардиши рӯзгори ноҳамвор ба дигар хонадони миллии мо барои давлатдории наздик ба ин фурсат имкон надод”.

Дар мавриди таърихи дақиқи таваллуди донишманду фақеҳи бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ муаллифи китоби ”Аллома Абурайҳон Берунӣ” ба Абуисҳоқ Иброҳим писари Муҳаммади Ғазанфари Табрезӣ-“риёзидони маъруф ва аз нахустин муҳаққиқони осори Берунӣ” истинод мекунад. Ин донишманд баъди таҳқиқи ҳамаҷониба ба хулоса расида будааст, ки Берунӣ рӯзи панҷшанбеи 3 зилҳиҷҷаи соли 362 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба меҳррӯзи (16) шаҳривармоҳи соли 432 яздигирдӣ ва айюли соли 1284 искандарӣ по ба арсаи ҳастӣ ниҳодааст”.

Ва муаллиф хулоса мекунад: “Ин таърих, ки Абуисҳоқи Табрезӣ мегӯяд… ба 4 сентябри соли 973 милодӣ мутобиқат дорад”. Аммо Ҳасани Султон дар мавриди санаи таваллуди Абурайҳон дар пажӯҳиши худ боз ҳам фаротар рафта, як маъхази дигарро ҳам ёдовар мешавад, ки худи Берунӣ ба соли таваллудаш ишора кардааст. “Абурайҳони Берунӣ дар “Рисолаи феҳрист” ё “Феҳристи кутуби Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ”, ки бо дархости  яке аз дӯстон ё шогирдонаш навиштааст” ба санаи таваллуди худ ишора дорад: “ва чунон ки дар феҳристи  кутуби Абубакр сухан оғоз кардам, онро ба хоҳиши ту, ки феҳристи китобҳои то охири соли 427 ҳиҷрӣ таълифу тадвинкардаи маро дархост карда будӣ, ба охир мерасонам ва ин дам аз умри ман 65 соли қамарӣ ва 63 соли шамсӣ мегузарад”.  Мувофиқи ҳисоби таърихнигорон соли 427 ҳиҷрӣ, 25 сентябри соли 1036 ба охир расида буд ва ин навишта ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки Берунӣ дар моҳи сентябри соли  973 ба дунё омадааст”.

Дар бахши дигар муаллифи китоб талош кардааст боз ҳам бо далоили илмӣ ба форснажод будани Берунӣ таъкид кунад. Вай баъди овардани иқтибосҳо аз “Таърихи Байҳақӣ”, Шайх Саъдӣ ва дигарон дар мавриди корбурди вожаи тоҷик (тозик) рӯ ба осори худи Берунӣ меорад. “Гузашта аз ин, аз аксари таълифоти то ба рӯзгори мо боқимондаи Абурайҳони Берунӣ ифтихори беандозаи ӯ аз асолати эронию ориёӣ, аз ҷумла дар “Ёдгори мондагор” (Осору-л-боқия”), ки хоразмиёнро шохае  аз дарахти азими порсиён ба қалам овардааст ва муҳаббати фаровонаш ба марзу буми аҷдодӣ ба дид меояд. Донишманд ва арабшиноси маъруф И.Ю.Крачковский ҳам дар робита ба аксари матолиби мавриди баҳси “Ёдгори мондагор” андеша дорад, ки аз ҳамин асар ба сифати яке аз аввалин асарҳои Берунӣ ва пас аз он дар дигар осори баъдии ӯ як ҷанбаи барои Бурунӣ хос – эҳсоси амиқи худшиносии эронӣ” ба мушоҳида мерасад”.

Муаллифи китоби “Аллома Абурайҳони Берунӣ” кӯшидааст дар бораи сурати зоҳирии донишманди маъруф низ бо такя ба маъхазҳои илмӣ ва худи осори Берунӣ изҳори назар кунад. Аммо дар ягон маъхази қадима дар бораи сурати аллома иттилои дақиқ дода нашудааст. Аз ин рӯ, Ҳасани Султон боз ҳам ба “Китоби тафҳим” муроҷиат мекунад ва менависад: “Вале бо таваҷҷуҳ ба матолиби “Китоби тафҳим”, ки дар он худи Абурайҳон далолати  ҳар бурҷеро ба сурату чеҳра, хулқу хӯ, бемориҳо ва ғайра дар ҷадвал ниҳода тайид кардааст, метавон эҳтимол дод, ки чун таваллуди вай дар таърихи 4 сентябри соли 973, яъне ҳангоми дар бурҷи Сунбула қарор доштани Офтоб иттифоқ афтодааст, бино бар ин, Берунӣ зоҳиран хубсурат, миёна ба фарбеҳӣ, яъне на фарбеҳу на лоғар ва қоматаш ба дарозӣ наздиктар буда, ба сират, яъне хулқу равиш сахт сахию некхӯ, ростгӯю некугӯй ва бисёрдону ҳаким, ҳамчунин дар робита ба бемориҳо аз кӯдакӣ солимандом ва дар миёнсолию пирӣ миёнаиллат будааст”.

Дар як муаррифии кутоҳ маҷоли он нест, ки кулли бобҳои ин китоби басо хонданиву ҷолибро таҳлил кунему муаррифӣ. Ин китоб дар бораи Абурайҳони Берунӣ, ки ҳамзамононаш ба ифтихор ӯро устодурраис ва имомурраис меномиданд, маълумоти фаровони тоза медиҳад.

Бо ташаккур аз муаллифи китоб, донишманди маъруф, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон устод Ҳасани Султон, ки саховатмандона дар баробари тақдими чанд нусхаи ин асари тозатаълифи худ нусхаи электронии онро ҳам ирсол карданд, то хонандагони сомонаи мо аз он баҳраи комил бардоранд, мо низ онро ин ҷо мегузорем, то дастраси ҳамагон бошад.

Шакли комили электронии китоб ин ҷост:
АЛЛОМА АБУРАЙҲОНИ БУРУНӢ”.