Китобхонаи Кобиндроҷореи Банорас

 Банорас аз Аҳди Қадим муҳимтарин маркази динӣ ва низ маркази деринаи фарҳангӣ ва омӯзишии Ҳинд аст. Берниер ҷаҳонгарди фаронсавии садаи XVII Банорасро намунаи оини Ҳинд шуморид. Роҳнамои сафари ӯ ба Ҳинд бахши васеи ин сарзаминро дар бар гирифт.

      Ӯ ба ҳар ҷое, ки қадам мегузошт, аз таъсирҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии мардумони ин диёр дур намемонд. Вай дар Банорас зовияи фарҳангии яке аз донишмандони он рӯзгор, яъне Кобиндроҷореро ёфт. Ин зовия як маркази омӯзиши суннатӣ набуд, аммо чунон ки мегӯянд браҳманҳо ва дигар порсоён даста – даста барои таълим гирифтан ба он ҷо рӯ меоваранд ва ангезаи ин инқилоби хоса шуҳрати кобиндроҷориё ва низ истифода аз нафистарин маҷмӯҳои фарҳангии он давра буд. Китобхона дар маҳаллаи зебо қарор дошт. Шоҳ Ҷаҳон барои он ҳурмати бисёре изҳор дошт ва шоҳзода Дорошукӯҳ ӯро муршид, пир ва мушовири маънавии хеш мешуморид.

Китобхонаи қасри Ҷай Сингхи Дуввум

  Сингхи Дуввум фармонравои Акбар бунёдгузори Ҷайпур буд. Ӯ фармонравои донишманд ва боилм ба шумор мерафт. Ҳудуди соли 1724 китобхонаи қасри машҳури хешро барпо дошт, ки хусусияти он китобҳое дар ахтаршиносӣ ва осоре ба забони санскрит, юнонӣ ва арабӣ буд. Ӯ қадимтарин ахтаршинос дар Ҳинд ба шумор мерафт. Осор ва навиштаҳои ӯ низ ҳамчун натиҷаи пажӯҳишҳои ахтаршиносӣ дар он китобхона ҷамъ омада буд. Вай ба шӯру шавқи бепоёне осореро аз чаҳор гӯшаи ҷаҳон фароҳам овард ва ҳатто фиристодаҳое барои ҷамъоварии кутуб ба Португалия гусел доштааст. Ӯ ба ҳадде шефтаи илм буд, ки расадхонаҳои машҳур сохтааст. Аз ҷумла расадхонаи “Ман Мандир”, “Ҷайпур” ва “Ҷантар Мантар” – и Деҳлӣ, ки ҳанӯз ҳам дидани онҳо барои муштоқон ҷоли аст. Шоҳзодагони Биканер  ва Ҷайсалмер китобхонаҳои муаззам ва мумтозе низ дар каҳҳои худ барпо карда буданд.

Дигаргунии умури китобхона ва китобдорӣ дар Русия

Дар ними аввали қарни XVIII  дар Русия дигаргуниҳо дар умури иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маориф ба чашм мехӯрд. Ин аст, ки таъсири он ба китобхонаҳо ҳам мерасад. Аҳамияти вижаеро барои китобхонаҳо густариши чопи китоб ва воридсозии ҳуруфи гражданӣ доштааст. Танҳо дар тули солҳои 1708 то 1725 беш аз 350 номгӯи китоб ба чоп мерасад. Аз соли 1703 то  1727 рӯзномаи аввалини русӣ “Ведомости” ба табъ мерасад. Қабл аз ҳама нақши Петри 1 дар ҷодаи кори китобу китобдорӣ ва китобхона боло мебошад. Бо ташаббуси ӯ китобҳо аз дайрҳо ба китобхонаҳои давлатӣ интиқол шуданд. Соли 1714 бо ташаббуси Петри 1 дар Петербург кунсткамера (музей) ва китобхона ифтитоҳ шуд, ки дари он барои умум боз буд. Тайи ин солҳо макотиби дунявӣ ва омӯзишгоҳҳо дар дигар шаҳрҳои Русия низ фаъол мегарданд.

 Он солҳо дар Маскав аввалин китобхонаи умумӣ ташкил меёбад, ки муассиси он ношири машҳури рус В.В. Киприянов буд. Падари ӯ бо дастури Петри 1 дар назди чопхона китобхона боз мекунад ва фурӯши кутуби русӣ ва хориҷиро ба роҳ меандозад. Кори падарро идома дода В.В. Киприанов китобхонаро сохта баъд аз оташсузӣ ба он унвони “Китобхонаи умумии ҳамагонӣ” додааст. Китобхонаро Киприанов ба манзалаи як маҳзани кулли интишороти кутуби Русия медид.  Ӯ таклиф карда буд, ки кулли китобҳои мавҷуд ва китобҳое, ки қаблан чоп гардида буданд ба ин китобхона интиқол дода шавад ва онҳо набоят фурӯхта шаванд ва барои ҳамешагӣ дар китобхона бошад. Ҳамин тариқ Киприанов мехост нусхаи кулли чопии Русияро дар китобхона ҳифз намояд. Лоиҳаи Киприанов  соли 1727 ба тасвиб расид ва барои ӯ иҷоза доданд, ки дар Маскав “Китобхонаи умумии ҳамагонӣ” боз намояд.

         Соли 1714 Ф.С. Салтиков ба Петри 1 лоиҳаи созмони китобхона дар ҳашт губернияи Русияро  пешниҳод намуд , ки тибқи он кулли кутуби хаттӣ ва чопӣ ба забони русӣ ва хориҷӣ гирдоварӣ шаванд. Дар лоиҳаи дигари Салтиков созмони 16 академия – гимназия пешниҳод шуда буд, ки онҳо бояд тибқи донишгоҳҳои кембриҷ ва Оксфорд  китобхонаҳои бошукӯҳ дошта бошанд. Ҳамин тавр, дар лоиҳаи Салтиков созмони китобхонаҳои умумӣ ва илмӣ барои шаҳрҳои губернӣ ва бузург пешбинӣ шуда буд. Ин ду лоиҳа дар ҳамон давра амалӣ нашуданд.

Аз китоби  С. Сулаймонӣ “Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ”. Душанбе, 2013.

Таҳияи Барно Самиева