Китоби дарсии дигар дар бораи забони тоҷикӣ. Онро олимони Консерваторияи миллӣ таҳия кардаанд
Дар ҳамаи давру замон забони тоҷикӣ дар ҳастӣ ва бақои миллати сарбаланду тамаддунсозамон нақши ҳалкунанда доштааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Забон аввалин ва муҳимтарин рукни ҳастии миллату давлат ба шумор меравад ва яке аз василаҳои асосии таҳкими ваҳдату ягонагии миллатҳои гуногуни дунё низ мебошад. Забон унсури асосӣ ва нишондиҳандаи фарҳангу тамаддуни миллат буда, дар рушди давлатдории миллӣ низ нақши муҳим дорад.
Ҳамаи илмҳо бо забон шакл мегиранд. Забон бо тамоми илмҳо алоқамандӣ дорад.
Инсон фикру андешаи худро тавассути имову ишора, рафтор, садо ва ғайра низ баён карда метавонад, аммо воситаи асосии ифодаи фикр забон мебошад. Воҳиди асосии забон бошад, ин калима аст. Маҷмуи калимаҳо таркиби луғавии забонро ташкил медиҳанд.
Баробари пешрафту дигаргунии ҷомеа забон ва таркиби луғавии он низ такмилу тағйир меёбад. Бо талаби замон дар забон як силсила калимаву таркибҳои нав пайдо мешаванд ё вожаҳо ба худ маънои нав мегиранд. Тағйирот дар сохтори наҳвии забон низ ба тахаввулоти сохти иҷтимоӣ марбут аст.
Гузаштагони бонангу номуси мо аз қадим бо забони модарии хеш арҷ гузошта, онро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, ба мо чун гаронбаҳотарин мерос ба ёдгор мондаанд. Чунин эҳтиром гузоштани миллати тоҷик ба забонаш буд, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърих аз ҳодисаҳои мудҳиш дар амон монд. Бо ин забон осоре офарида шуд, ки он имрӯз зиннатбахши адабиёту фарҳанги умумибашарӣ махсуб мешавад.
Таърихи давлатдории тоҷикон нишон медиҳад, ки соҳибдавлатони мо кӯшиш мекарданд, ки барои устувар сохтани бунёди давлат ва фароҳам овардани шароити давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз ин унсури мухим – забон истифода баранд, ҳамзамон барои рушду тараққӣ ва густариши он тадбирҳои мушаххас биандешанд. Аз ҷумла, гузаштагони мо барои равнақу инкишофи забони модарии худ ҷоннисориҳо карда, пайваста кӯшишҳо ба харҷ дода, забони хешро ба пояи забони расмӣ ва давлатӣ баровараанд.
Ин чанд ҷумла аз муқаддимаи китоби “Забони тоҷикӣ” иқтибос шуд, ки соли 2022 чоп шуда, ҳамакнун ба Китобхонаи миллӣ ҳам ворид гардид. Муаллифони ин китоб донишмандони тоҷик Нарзулло Каримов ва Оятулло Қурбонов буда, аз ҷониби кафедраи забонҳои Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов нашр шудааст.
Хонандагони азиз ин китобро метавонанд дар «Китобхонаи миллӣ» мутолеа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.