Китоби «Насими дӯстӣ»-и Абдуҷаббор Раҳмонзода аз таърихи дӯстию бародарии халқҳои тоҷик узбек ҳикоят мекунад
Ба ифтихори 30‑умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбекистон Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода китоби пурарзишеро таҳти унвони «Насими дӯстӣ» омодаи нашр намуд. Дар ин бора раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд Акбар Маҳмудов дар шабакаи иҷтимоии «Facebook» иттилоъ додааст.
Китоб дар бораи таърихи ташаккулу таҳаввули равобити адабиву фарҳангии халқҳои тоҷику узбек, ки муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ доранд, маълумот медиҳад. Ин ду халқ зери таъсири якдигар адабиёт, санъат ва фарҳанги худро пеш бурда, дар ҷаҳон шӯҳратёр гардидаанд. Дар рушди адабиёти ҷаҳонӣ нақши устувор гузошта, дӯстӣ, бародарӣ, сулҳу субот ва инсондӯстиву башардӯстиро то ба имрӯз тараннум мекунанд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода дар китоб дар бораи вазъи робитаҳои адабиву фарҳангии ду халқи дӯсту бародар ва адибони тоҷики Узбекистон андешаҳои ҷолиб баён намудааст.
Дипломати тоҷик дар очерки «Паёми дӯстӣ ва равобити адабӣ» таърихи ниҳоят қадим доштани муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбекро ёдовар мешавад. Зикр мекунад, ки қаробату наздикӣ ва хешу таборӣ ин ду халқро шарики ғаму шодии ҳамдигар намуда, ба насли оянда, нишонаи некии дӯстиву бародариро ба мерос гузоштаанд. Муаллиф таъкид менамояд, ки тоҷикону узбекҳо дар бисёр набардҳои сангини таърих ҳамдигарро дастгирӣ карда, паҳлӯ ба паҳлӯ алайҳи ишғолгарону истилогарон мубориза бурдаанд. Дар баробари ин, ҳунармандону меъморон бо ҳамкорӣ шаҳру шаҳристонҳо, кӯшку қалъаҳо, мадрасаву масҷидҳо, ҳисору манорҳо, роҳҳову пулҳо, гулгашту хиёбонҳо бунёд намудаанд. Фарзандони маърифатпарвари ин ду халқ соҳиби фарҳангу ҳунар гардида, намунаҳои олии хушнависӣ, наққошӣ, мусиқӣ, мусаввирӣ ва осори санъатҳои дастӣ, аз ҷумла, заргарӣ, мисгарӣ, кулолӣ, чармгарӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ ва даҳҳо ҳунари зарифро рушду такомул додаанд. Намунаҳои олии осорро дар заминаҳои санъати мусиқӣ, забону адабиёт, таъриху фалсафа, ҳандасаву риёзиёт, фиқҳу илоҳиёт ва тиб ба мерос гузоштаанд, ки онҳо мероси муштарики ин ду халқи бародар мебошанд.
Муаллиф дар ин очерк паҳлӯҳои гуногуни дӯстиро тараннум намуда, дар бораи дӯстии адабиву фарҳангии миёни кишварҳо бо далелҳои раднопазир муроҷиат менамояд. Дар бораи рушди адабиёти тоҷик ва шароити фароҳамомада барои адибони тоҷики Узбекистон ва китобҳои онҳо маълумоти муфассал овардааст. Инчунин доир ба фаъолияти имрӯзаи рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар» ва саҳми онҳо барои рушди адабиёту фарҳанги тоҷикони Узбекистон нуктаҳои ҷолибро баён карда, бо мисолҳо асоснок менамояд. А. Раҳмонзода дар очерки пурмуҳтавои худ борҳо таъкид кардааст, ки дар даври сиёсати нави дӯстона Узбекистон робитаҳоро бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла бо Тоҷикистон тавсеа бахшид.
Очерки мазкур дар тарҷумаи Шоҳқаҳҳор Салимов ва Урунбой Усмон ба забони узбекӣ дар қисми дигари китоб ҷой дода шудааст. Ин имкон медиҳад, ки бародарони узбек ҳам дар бораи мазмуни мҳтавои очерк маълумот гиранд. Дар боби охири китоб, ки «Чанд сухани дигар дар боби чеҳраҳои адабӣ ва навгониҳои эҷодӣ» ном дорад, мақолаҳои «Робитаи адабиву фарҳангии халқҳои тоҷику збек», «Садриддин Айнӣ — пули дӯстии халқҳои тоҷику узбек», «Сиддиқии Аҷзӣ ва бедории фикрӣ», «Дар бораи оинаи ҷаҳоннамои миллат — «Бухорои шариф», «Боз як навиди тоза дар осмони Самарқанд» ва «Нигоҳи иҷмолӣ ба пажӯҳиши адабиётшиноси тоҷики Узбекистон»-и муаллиф ҷой гирифтааст.
Инчунин Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мақолаи «Боз як навиди тоза дар осмони Самарқанд» дар бораи фаъолияти Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд ва маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии навтаъсиси «Дурдонаи Шарқ», ки дар арафаи ҷашни байналмиллии Наврӯз барои тоҷикони Узбекистон дар Самарқанд рӯи чоп омад, ибрози андеша намудааст.
Манбаъ: Ховар.