Китоби нав. Ҳабибулло Саидмуродов: «Таърих ва иқтисод тавъаманд»

Таърих ва иқтисод тавъамандДуҷилдаи академик Ҳабибулло Саидмуродов бо ҳамин ном интишор ёфт. Тавре дар муаррифии китоб омадааст, академик Ҳабибулло Муродович Саидмуродов яке аз поягузорони илми иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудааст. Ба қалами академик Ҳ. Саидмуродов зиёда аз 400 корҳои илмӣ, аз ҷумла, 30 монографияҳо, рисолаҳо ва китобҳои дарсӣ мансуб аст.

Маводи дар бойгонии ў маҳфузбуда нишон медиҳанд, ки вай барои чоп китоби калонеро дар 4 ҷилд бо номи «Иқтисодиёти Тоҷикистон: гузашта, ҳозира ва ояндаи он» омода карданӣ буд:

1. «Иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи тошўравӣ».

2. «Иқтисодиёти Тоҷикистон дар таркиби ИҶШС».

3. «Вазъи муосири иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоюлҳои инкишофи ояндаи он».

4. «Оид ба консепсияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии давлатии соҳибистиқлол».

Афсўс, ки ў ба чоп кардани ин китоб муваффақ нагашт. Соли 1999 пас аз бемории кўтоҳ дар синни 66 – солагӣ аз олам рафт.

Мақсади нашри асарҳои мунтахаби академик Саидмуродов Ҳ.М. танҳо аз чопи осори ў иборат нест. Хонанда метавонад бо онҳо бевосита дар китобхонаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва каталоги генералии алифбои китобҳои китобхонаи давлатии Федератсияи Россия шинос шавад. (1725 – 1998 г.).

Ба нашри мазкур асарҳои академик Саидмуродов Ҳ.М. бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дохил карда шудаанд, ки аз рўи онҳо масъалаҳои назарияи таърихи иқтисодӣ ва марҳилаҳои таърихии рушди иқтисодиёти ҷумҳуриро пайгирӣ кардан мумкин аст.

Дуҷилдаи “Таърих ва иқтисод тавъаманд”-и Ҳабибулло Саидмуродовро ҳоло метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Фарҳод САЛИМ, мутахассиси
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.