Китоби нав аз таърихи миллату кишвар

АбдулхаевМуаллифи ин китоб донишманди тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рақиб Абдулҳаев буда, “Аз таърихи барпо ва мустаҳкам шудани ҳокимияти шуравӣ дар Тоҷикистони шимолӣ ва Помир (солҳои 1917 – 1924)” ном дорад. Китоб соли 2022 чоп шуда, ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст.

Китоб ба яке аз масъаллаҳои мубрами таърихи Тоҷикистони Шуравӣ бахшида шудааст. Доир ба масъалаи барпо ва қавӣ гардонидани Ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби олимони тоҷик асару мақолаҳои зиёде навишта шудаанд. Аммо дар таърихнигории ҷумҳурӣ то имрўз таҳти ин унвон ба забони тоҷикӣ таълифоте нашудааст.

Муаллиф барои навиштаи ин асар ба таври мукаммал ҳуҷҷатҳои бойгониҳои зиёде ва маводҳои адабиётҳои таърихӣ, рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявию марказӣ (собиқ иттифоқ) ва ёддоштҳои иштирокчиёни он воқеаҳои инқилоби гузаштаро бомаврид истифода бурдааст.

Дар натиҷа олим ҷараёни воқеаҳои инқилоби дар қисми Тоҷикистони шимолӣ ва Помир руйдодаро бо тафсил овардааст. Бешубҳа, китоби мазкур барои навиштани асарҳои бисёрҷилдаи халқи тоҷик кумаке хоҳад расонд. Инчунин барои ҳаводорони таърихи навтарини халқи тоҷик туҳфаи хубест.

 

Ин китоби мазкурро шумо метавонед  дар Китобхонаи  милли омада  мутоллиа  намоед.

Фарҳоди САЛИМ