Китоби нав. Азиз Сангин. ФАВВОРАИ ФАРЁД
Ин китоб чанде пештар дар нашриёти “ Графика Принт” чоп шудааст. Дар чанд сатр муаллиф ва ашъори ӯ ин гуна муаррифӣ шудааст: Азиз Сангинро бо дили пур ва имони комил метавон аз идомадиҳандагони содиқи шеъри иҷтимоӣ дар адабиёти навини тоҷик донист. Бо он ки солиёни мадиде дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ дорад, шеъраш аз каломаш аз миёни мардум аз канори гузаштаву имрўзаи ҷомеъа, аз васати иҷтимоъ, печида бо дардҳо, ормонҳо ва костиҳои мардум қад алам мекунад.
Чуноне худаш мегўяд:
Биё фарёди худро берун андоз аз гулўи ман,
Ки дар фарёд орад оламеро ҳою ҳуи ман!
Азиз Сангин 25 ноябри соли 1953 дар рустои Зимтўди шаҳристони Панҷакенти вилояти Суғд дар хонаводаи омўзгор дида ба дунё гушудааст. Соли 1970 баъди анҷоми таҳсил дар мактаби миёнаи зодгоҳаш шомили донишкадаи забон ва адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардида, онро соли 1975 муваффақона ба поён расондааст.
Солҳои 1976-1982 хабарнигори рўзномаи «Тоҷикистони советӣ», (имрўза «Ҷумҳурият») будааст. Аз соли 1982 то соли 1986 ҳамроҳи гурўҳе аз мушовирони ҳизбӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон ифои вазифа намуда, пас аз бозгашт корро дар идораи рўзномаи «Ҷумҳурият», аввал ба ҳайси хабарнигор, сипас дар вазифаи мудири бахши адабиёт ва фарҳанг идома додааст. Соли 1992 ба вазифаи муовини аввали сардабири ҳамин рўзнома баргузида шудааст.
Азиз Сангин соли 1993 барои кор ба Дастгоҳи иҷроияи Раёсати Ҷумҳурӣ даъват шуд ва то соли 1997 вазифаи ёвари аввали Раиси Ҷумҳури Тоҷикистонро ба ўҳда дошт.
Аз соли 1998 ба инҷониб дар кишвари Дания сукунат ихтиёр намуд. Солҳои 2004-2014 ба сифати коршиноси масоили баҳамгироии миллатҳо дар мақомоти мухталафи ин кишвар фаъолият кардааст.
Қалами Азиз Сангин аз оғози шуғли рўзноманигорӣ то ба имрўз аз эҷод ва офаридгорӣ боз намондааст. Сарнавишти Ватани азизаш Тоҷикистон ба ҳама бурду бохтҳо, нишебу фарозҳо ва соярўшанҳояш дар публисистикаи ҳамеша якрў, воқеъбинона, содиқона ва андешамандонаи ў ва дар ашъори саршор аз сидқу самимияташ рўшан таҷассум ёфтааст.
Китоби “Фаввораи фарёд” маҷмўъаи дувуми ашъори Азиз Сангин аст. Китоби аввали шоир бо номи «Марзҳо…фосилаҳо» соли 2019 ба нашр расидааст.
Фаввораи фарёд”-ро ҳоло шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Шарофат Мирзоева.