Китоби нав. Фарҳанги русӣ-англисӣ-тоҷикии истилоҳоти химия

Фарҳанги русӣ-англисӣ-тоҷикиФарҳанги мазкур, ки аз ҷониби донишманди тоҷик Пирмаҳмад Нуров омода шудааст, дар самти фарҳангсозӣ ва фарҳангнигории тоҷикӣ таҷрибаи нахустин буда, беш аз 7000 истилоҳи асосии соҳахои химия ва технологияҳои химиявиро бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ фаро мегирад.

Фарҳанг барои кормандонии илмӣ, омўзгорон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муҳандисон, технологу конструкторҳо ва дигар мутахассисоне, ки дар соҳаҳои илм, техника, саноат ва монанди инҳо кору фаъолият мекунад, таъйин шудааст.

Фарҳанг аз нигоҳи нав, пеш аз ҳама бо истифодаи ҳарчи бештари имкониятҳои дохилии забони тоҷикӣ дар сохтани истилоҳоти химия, ҳамчунин пазируфтани баъзе истилоҳҳои байналмилалӣ бо назардошти хусусияти байналмилалӣ доштани илм, техника, технология таҳия гардидааст.

Муаллиф изҳои умед кардааст, ки  фарҳанг дар роҳи ба низом даровардани истилоҳоти соҳаи химия дар китобҳои дарсӣ ва адабиёти илмӣ бо забони тоҷикӣ мусоидат менамояд.

Гулистон ЛУНДИШОЕВА