Китоби нав. Гурез Сафар: “Осори мунтахаб”
“Осори мунтахаб”-и шоир, нависанда, очеркнавис, мақоланавис, фелетонавис, танзнавис, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Гурез Сафар аз чоп баромад. Ин китоб гулчине аз сурудаҳои беш аз сисолаи адиби шинохта буда, ашъори лирикӣ, ҳаҷвӣ, ҳикояҳои ҳаҷвиву воқеъии ӯро гирд овардааст. Хонандаҳо ҳамчунин дар ин китоб метавонанд як силсила мақолаҳо, ёддоштҳо ва фелетонҳои муаллифро ҳам бихонанд.
Китоб аз бобҳои “Шеърҳо, “Ғазалиёт”, “Рубоиҳо”, “Рубоиёти наврӯзӣ”, “Дубайтиҳо”, “Суханрезаҳо”, “Ашъори ҳаҷвӣ”, “Ҳикояҳо”, “Лутфи Ашӯр Сафар”, “Лутфи Муҳтарам”, “Устод” (бахшида ба Қутбӣ Киром) мураттаб шудааст. Яъне, адиби номвар як кӯлбори саропо аз адабу ҳикматро пеши хонанда мегузорад, то ҳар чизе барояш лозим аст, аз он бардорад.
Китоб бо сарсухани адиб ва таҳлилгари тоҷик Абдурауф Муродӣ бо номи “Шуълаи фурӯзони дил” ба нашр расидааст. Дар наздиктарин фурсат ин сарсухани хубу таҳлили фарогири ашъори Гурез Сафарро комил пешкаши хонанда мекунем. Аммо ҳоло чун чошнӣ аз ин пешгуфтор ҳикояти ҷолиберо меорем:
Боре (чанд сол пеш) дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Гурез Сафар вохӯрда, паём расондам:
– Устод, мо як шеъри Шуморо дар саҳифаи аввали ҳафтаномаамон («Омӯзгор») ҷой додем.
Бо табассум пурсид:
– Кадом шеърамро?
Гуфтам:
– Шеъри «Ман Ватандорам»-ро.
Бо як навъ хоксории даромехта бо сипосу лутф посух дод:
– Хуб кардед. Худам ҳам ҳамин қадар шеър дорам…
Ҳамакнун китоби «Осори мунтахаб»-и ӯро ҳар хонандаи дилогоҳу соҳибхирад метавонад рӯи даст бардораду хитоб кунад: – Бубинед, Гурез Сафар чӣ қадар шеър дорад!
Марҳабо ба гулистони муаттари шеъри ҷонпарвари Гурез Сафар!
Б. Шафеъ