Китоби нав. Хоҷамуҳаммади Муҳаммадзод: “Ҷойгоҳи инсон дар адабиёти тоҷикӣ – форсӣ”
Дар китоб мақолаҳое гирд омадааст, ки ба мавқеъ ва ҷойгоҳи инсон дар адабиёти гузаштаву муосири тоҷик бахшида шудаанд. Китоб аз ду бахш – “Ҷойгоҳи инсон дар адаби тоҷикӣ – форсӣ” ва “Авсофи ҳамидаи инсонӣ дар адаби тоҷикӣ – форсӣ” фароҳам омадааст. Муаллиф мақоми инсонро аз диди бузургони адаб дар осори барҷастаи онҳо таҳлилу баррасӣ кардааст.
Дар муқаддима муаллиф шарҳ додааст: Китоби “Ҷойгоҳи инсон дар адаби тоҷикӣ – форсӣ” аз ду қисм иборат аст. Қисми якуми “Ҷойгоҳи инсон дар адаби тоҷикӣ – форсӣ” ном дорад. Дар ин қисм фикру ақида ва назари бузургон оид ба инсон шарҳу баён карда шуд, то мақоми инсон ба хонанда аён гардад. Доир ба ин масъала аз асотирҳои дунёи қадим, аз Таърихӣ Табарӣ, аз осори адибони адабиёти классикӣ истифода бурда шуд.
Қисми дуюми китоб “Авсофи ҳамидаи инсонӣ дар адаби тоҷикӣ – форсӣ” ном дорад. Дар ин қисм, хирад, номи нек, покӣ, ростӣ, ишқ, хўйи нек, илму дониш, фурўтанӣ, саховат, адл, адаб, сабр, шарму ҳаё, ватандорӣ, башардўстӣ, сидқу вафо, далерӣ ва ғайра ҳамчун сифатҳои инсонии инсон дониста шарҳ дода шуд.
Китоби Хоҷамуҳаммади Муҳаммадзод: “Ҷойгоҳи инсон дар адабиёти тоҷикӣ – форсӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.
Фарҳод САЛИМ, мутахассиси
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.