Китоби нав: «Рӯзнома»- и Садри Зиё ва анъанаи ёддоштнигорӣ”
Ин монография ба яке аз асарҳои маъруфтарин намояндаи таърихи адабиёти тоҷики охири асри Х1Х, муаррих ва тазкиранигор Шарифҷон махдуми Садри Зиё бахшида шудааст.
«Рўзнома» – и Садри Зиё имкон медиҳад, ки аз вазъи шаклгирии насри мустанади тоҷик дар ин давра огоҳ шавем ва аз хидмати ин адиби маорифпарвар дар роҳи омўзиши амиқи ҳаёти сиёсиву адабӣ хулосаву натиҷаҳои зарурӣ барорем.
Монографияи мазкур ба муҳаққиқони соҳаи филология, устодони макотиби олӣ ва миёна, ҳаводорони адаб ва фарҳанги тоҷик пешниҳод мегардад.
Китоби «Рӯзнома»- и Садри Зиё ва анъанаи ёддоштнигорӣ” дар таҳияи Ӯғулой Қосидова ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва муболиа аст.
Шарофат Мирзоева