Китоби нав. Саодат Сатторӣ “Сиратнома”

Сиратнома

Дунё бозерро мемонад, ки дар он савдогару харидор ва бордору борбардор фаъолият менамоянд. Гоҳе байни онҳо созиш асту гоҳе низоъ, гоҳе моҷаро. Дар ҳар сурат ғолиб бар нафс будан нишони озодагист.

                               Ҷои тоза

Фосиқулахлоқе, ки  фарзанди ҳаромзода дошт, таъна бар устоде бизад, ки эй фалони сумкачабардаст, дар Донишгоҳ ба шогирдон  чӣ меомӯзӣ?

Ҳисси нафрат ва хусумат дар ниҳоди устод боло шуду бетааммул гуфт:

         -Бар  шогирдон меомӯзем, ки ҳаромзода ба дунё наоранд, ки ин лаккаи бад бо ҳеч маводи  поккунанда аз домони номуси зан шуста намешавад ва ҳар кӣ ҷои тоза ёфт, худ бишинад ва ҳар кӣ роҳи рост ёфт, худ биравад, то дар гавдоле фано нагардад…

                                          Сагсифат

         Занеро гуфтанд, ки фалон дар ҳаққи ту  суханҳои ношонета гуфта. Зан дар ҷавоб гуфт:

  • Саге буд дар дашт,

Наҷосат хӯрда мегашт!

               Баруманд

Се шарти ғолибият ва барумандӣ вуҷуд дорад, ки риояи он воҷиб аст барои ҳар зани тоҷик.  Нашунидани ҳарфи бад, надидани кору рафтори ношоиста ва ҷавоб нагардондан ба ҳар сухан (гапгардон набудан), яъне кару кӯр ва лол будан дар зиндагӣ.

                             Роҳбар

Ҷавоне назди ҳакиме омада, хоҳиш намуд, ки дар зиндагӣ роҳбараш бошад, то дар фарзонагию бузургӣ амсоли ӯ касе набошад. Ҳаким андаке сукут намуд  ва бо тавозуъ посух гуфт:

  • Зиндагӣ худ роҳбар аст барои шахси солимақл ва ӯ маҷбурат месозад, ки аз кори бад даст бикашию дар радифи накукорону некномон бошӣ, вагарна, шахс бо роҳи ба зӯр омӯхтану азият кашидан ба ҷое намерасад.

                                         Таомосо

Падар ранҷи фаровон кашид ва духтари хешро ба мартабаҳои баланд расонд. Духтар ҳар қадар комёб мегашт ҳамон қадар кибру ғурураш боло мешуд. Ҳангоми  муошират бо волидайн ва атрофиён гоҳе мехурӯшиду гоҳе тунд мешуд.

Падарро хуш наомад тафохури духтар ва гуфташ: – Чун таом мабош, ки эҳтиромро гум мекунию дӯстонро душман мегардонӣ.

  • Ба таом нисбат додани ман чӣ маънӣ дорад падар?
  • Таом гоҳ шӯру бенамак, гоҳ сарду гарм ва гоҳе тунду турш мешавад. Дар ин ҳолат аз фарзонагии ту чӣ суд?

                        Чароғи ботин

 

Баҳси шогирдон дар бораи қавм ва миллату маҳаклгароӣ сурат гирифт. Ин баҳсро устод написандида, гуфт:

  • Хислатҳои баду неки инсонҳоро ба қавму миллатҳо таносуб додан хатост. Ин таҳқири маҳз аст аст ба ин ё он қавму миллат, чунки агар дар як оила даҳ нафар фарзанд ба камол расад, дар онҳо даҳ навъ рафтор, гуфтор, сиришт, табъу табиат ва даҳ дунёи кашфашаванда зоҳир мегардад. Ҳастанд мусулмононе, ки бадтар аз мардуми ғайримусулмон рафтор мекунанд ва ҳастанд кофироне, ки беҳтар аз мусулмонон гуфтору рафтор доранд. Ҷоиз нест, агар бигӯем, ки ин қавм фалон асту маҳал фалон. Чароғи ботин танҳо бо нексириштию зебоипарастӣ мунаввар мегардад.

                                 Кинатӯзӣ

Беҳуда айби ҳамсоя маҷӯ, ки ту низ беайб нестӣ. Агар ту ӯро набахшӣ, ӯ низ туро дар лаҳзаи зарурӣ нахоҳад бахшид, чунки ҷурм дар моҳи  осмон низ пайдост ва кинатӯзӣ хонаи дилро хароб мекунад.

Таҳияи Малика Абдуллоева аз китоби Саодат Сатторӣ “Сиратнома”.

Китоби мазкур, ки соли ҷорӣ чоп шудааст, шумо  метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.