Китоби нав. Шаҳбози Рустамшо.  Фарҳанги «Таърихи Систон»

Ин китоб нав чоп шудааст ва ҳоло нусхаҳое аз он ба Китобхонаи миллӣ низ расидаанд.  Муҳаррири масъул номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдусамадзода Э.А., муҳарризон номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирзоев Ғ.ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент Дўстзода Ҳ.Ҷ.

      Фарҳанги «Таърихи Систон» фарҳанги тафсириест, ки дар асоси маводи асари мазкур таҳия ва мувофиқи қоидаҳои луғатнигорӣ таълиф шудааст. Дар он беш аз 400 калимаву ибора, баъзе истилоҳоту номҳои одамон ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ-тарихӣ шарҳу маънидод шудааст.

     Фарҳанг барои мутахассисони соҳаи филология, таърих ва ҷуғрофия, муҳаққиқону устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи умумӣ ва доираи васеи ҳаводорони назму наср таълиф шудааст. Таҳқиқи маводи забоншиносии «Таърихи Систон» бо мақсади беҳтар тасвиру тавсиф намудани виҷагиҳои луғавӣ-маъноии ин ёдгории хаттии давраи классикӣ омода гардидааст.

Шарофат Мирзоева