Китоби нав. Шераки Ориён: “Занҳо ва бригадири якдаста”
Ин китоб мисли зиндагист. Зиндагии одие, ки дар асл мураккаб. Балки басо мураккаб. Китоби одӣ. Вале одӣ нест ба мисли зиндагӣ. Мисли зиндагии пур аз тағйирот, пур аз гардиш.
Зиндагие, ки пархошу ситамаш авҷ гирифта, одамгарӣ торафт камтар мемонад, лек зумрае ҳанӯз одам мондан мехоста, инсон будан мехоста, миёни кулфату даҳшатҳои беҳисоби солҳои ҷанги ҷаҳонӣ ва баъди ҷанги мантиқи худро, мантиқи зиндагиро ҳанӯз гум накард, хосатан занҳо ва биргадири якдастаи онҳо аз ин романи пешниҳодшуда.
Албат, чун ба мутолиаи ин навишта мепардозӣ, гумон месозӣ мисли навиштаҳои пешина бошад, яъне доири пахтазорони бригадаҳои пахтакор. Балки ба зудӣ ҳис мекунӣ тамоман дигар аст. Балки паҳлуҳои тамоман дигари ин масоилро фарогир шуда.
Яъне чунинаш дар адабиёти точик то ҳанӯз набуд.
Руйдод ва каҳрамононаш туро баста ва мафтун мекунанд, дар хотират бо тарзи тӯлонӣ мемонанд…
Ин навиштаи мо нест, ин муаррифиномаи соҳиби китоби “Занҳо ва бригадири якдаста” Шераки Ориён аст. Адиби маъруф дар оғози китоб асари худро чунин муаррифӣ кардааст.
Пас мову шуморо лозим аст онро бихонем, то бидонем, ки оё дар ҳақиқат ин қисса шавқовару дар ёдҳо монданист ё на.
Албатта, мо шаке ба ҳарфи устод Шерки Ориён надорем ва бовар мекунем ин қисса низ монанди даҳҳои повесту роману филмномаҳои адиб шигифтиҳое дорад, ки моро мафтун мекунад.
Ин китоб соли ҷорӣ чоп шудааст ва дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа мебошад.
З.Имомова, сардори шуъбаи
хизматрасонӣ ба истифодабарандагон