Китоби нав. “Шоҳ Машраб”
Дар ин маҷмуа тарҷумаи зиндагинома ва ашъори ўзбекии шоири машҳури мутасаввиф Бобораҳим Машраб гирдоварӣ карда шудааст. Инчунин шеърҳои ба забони тоҷикӣ эҷоднамудаи шоир низ дар он фароҳам омадаанд. Китоб дар таҳия ва тарҷумаи Афсар Сармад чоп шудааст.
Чанд ғазали тоҷикии Бобораҳим Машрабро интихобан меорем ва ба таваҷҷуҳи хонандагони азиз мерасонем, ки китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Қадатро, эй парӣ, тимсоли он сарви расо гўянд,
Рухатро аз малоҳат офтоби “ваззуҳо” гўянд.
Тамоми халқро бо ғамзае кардӣ асири худ,
Зи дастат ошиқонат ин замон ”во ҳасрато”гўянд.
Ба нозу ишва хандон ҳар дам ойӣ берун аз ин дар,
Ҳар он кас, ки нагардад аз сарат, ў рўсиё гўянд.
Агар хуни маро бо тири мижгон рехтан хоҳӣ,
Чу мирам дар раҳи ишқат шаҳиди Карбало гўянд.
Ба тори мўйи худ, ҷоно биёву гир ҷонамро,
Қазоро тан бидодам, то адолатгар маро гўянд.
Ба гиря рўзу шаб ин Машраби мискин сухан гўяд,
Маро дар ин ҷаҳон ба сад бало шуд мубтало гўянд.
***
Туро чун Лайлии раъно латифу дилрабо гўянд,
Маро Маҷнуни шайдое ба кўят як гадо гўянд.
Ба даргоҳи ту ҳар шаб бас фиғону нола месозам,
Ки чандоне наво созам, ба олам бенаво гўянд.
Бипурсидам табибонро, ки дардамро давое ҳаст?
Табибе гуфт: Эй нодон, дардат бедаво гўянд.
Куҷо Лайлию Маҷнуну куҷо Фарҳоду ку Ширин?
Гузаштанд аз ҷаҳон онону дунё бевафо гўянд.
Гузашт аз пеши чашмонам парӣ бо ишваю нозе,
Рухи чу моҳи тобонаш зи анворӣ Худо гўянд.
Ба дида мекашад гарди кафи пойи сагаш, Машраб,
Нидо омад, ки дар олам ба чашмаш тўтиё гўянд.
***
Ё Самад, таркат бисозам ё санам хонам магар?
Айшу шодият манам, ё ҳамчун ғам хонам магар?
Бо сари хам, чун асир наздат равам бо чашми нам,
Ашки чашмонам равон, ҳоли дилам хонам магар?
Хубу бад ҳастам, вале ман бандаи Яздони худ,
Ё зи амри тақдиру ё аз қалам хонам магар?
Омад ин Машраб, биё дастат бидеҳ, Офоқи ман,
Ман ки ҳастам назди Ҳақ, бо чашми нам хонам магар?
***
Ё Илоҳо, Қодиро, якто туӣ, ту худ кибор,
Офаридӣ ҷумларо, эй Холиқи лайлу наҳор,
Дар як он созӣ ту тарсоро мусалмон, боимон,
Даштро дар лаҳза гардонӣ гулистон, марғзор.
Тоати садсола нобуд шуд, иҷобат гар нашуд,
Пурхато куффору муъмин- бандаҳо уммедвор.
Подшоҳо, ғайри ту навбат маро фарёдрас,
Ҳурмати зоти сифотат, ҳоҷати моро барор.
Аршу курсӣ “Қоба қавсайно”-ву “Ав адно” ҳақаш,
Ноумедам ту макун аз раҳматат, Парвардигор.
Ҳурмати Таврот, ҳам Инҷилу Фурқону Забур,
Хоҷа Нуриддин зи шарри он лаъин кун беғубор.
Эй ба ҳаққи ҷамъи пайғамбар тавоно, Холиқо,
Боимон кун Хоҷа Нуриддину соҳибихтиёр.
Он Муҳаммад, хотираш, Машраб макун ту ноумед,
Ин муноҷотам иҷобат кун туфайли чорёр.
***
Таҳияи Мавзуна Назарова, сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.