Китоби нав. Сироҷиддин Икромӣ. “Барфи хунолуд”

barfi-hunoludМаҷмуаи ҳикояҳо ва қиссаи нависандаи шинохтаи тоҷик Сироҷиддин Икромӣ аз чоп баромад. Ҳикояҳо аз рўзгори содаву пурҳиммати рустоиён, муносибатҳои нозуки хонаводагӣ, бархӯрдҳои отифии инсонҳои муосир аз мавзуҳои асосии осори фароҳамомада буда, ахлоқи ҳамида ва арзишҳои волои инсониро талқин менамоянд.

Сироҷиддин Икромӣ кист?    Ҳамчуноне дар муаррифинома китоб омадааст, нависандаи тоҷик Сироҷиддин Икромӣ пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) соли 1990 ба ҳайси китобдор, китобшиноси пешбар, ходими калони илмӣ, мудири шуъба, муовини директор, директори  Агентии миллии ISBN –  и Хонаи китоби Тоҷикистон (собиқ Палатаи давлатии китоби ҷумҳурӣ) (1987-2015) кор кардааст. Аз моҳи майи соли 2015 то моҳи декабри соли 2020 масъулияти роҳбарии Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» – и Вазорати фарҳангро ба уҳда дошт. Аз моҳи январи соли 2021 ба ҳайси мудири бахши насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият дорад.

Муаллифи маҷмўаи ашъори «Ошёни меҳр» («Ирфон», 2020) ва қиссаву ҳикояҳои «Дар ҳасрати дидор» (Ирфон, 2010), «Баъди борон» (Ирфон, 2012), «Як қадам то варта», ( Адабиёти бачагона», 2014) «Аз зулмот ба сафо» (2014), «Вакте ки насиб накард» (Бебок», 2015), «Боздошти муҳоҷир»(Ирфон,2018) ва «Подош” (Адиб, 2020) мебошад.

Дар Озмуни «Китоби сол» – и Вазорати фарҳанг ду китоби адиб -«Боздошти муҳоҷир» ва «Подош» солҳои 2018 ва 2020 дар бахши наср сазовори ҷойи аввал гардидаанд.

Соли 2016 барои қиссаи «Аз зулмот ба сафо» дар Озмуни байналмиллалии адабии «Евроосиё», дар номинаи «Осори адабӣ» соҳиби ҷоиза гардидааст.

Даҳ филм, аз ҷумла «Ҳамсари полис» (16 қисм), «Рўзноманигор» (16 қисм), «Шоҳмотбоз» (4 қисм), «Зани аз ёд рафта» (4 қисм), «Малика Марго» (4 қисм), намунаи осори адибони рус Семён Винокур, Олег Букач, Таша Лукинова, Ксения Положаева, Юлия Вознесенская, Татяна Лонской, Татяна Аггуриева, Надежда Опескина, Михаил Попов, Александр Рубанов, Захар Прилепин ва драмаи «Бунбаст» – адиби турк Тунҷер Ҷуҷеноғлуро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Намўнаи осори муаллиф ба забонои русӣ ва ўбекӣ тарҷума шудаанд.

Аълочии матбуоти Тоҷикистон (1999), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2017), барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ (2014) буда, бо мукофоти давлатӣ-нишони «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.

 

Таҳияи Шарофат МИРЗОЕВА,
сармутахассиси шуъбаи илмӣ – тадқиқотӣ