Китоби нав. «Ситология»
Ин китоб ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020-2040 бахшида шудааст. Ва аз маҷмуи лексияҳо аз фанни ситология барои донишҷӯёни шӯъбаҳои тиббӣ ва омӯзгории муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Муаллифон дар сарсухани китоб овардаанд, ки оид ба омӯзиши ҳуҷайра дар тамоми дунё пажӯҳишгоҳу ташхисгоҳҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои гуногун кору фаъолият менамоянд, ки ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд. Дар ҷумҳурии мо низ дар натиҷаи дар сатҳи илмӣ ба роҳ мондани таҳқикотҳо дар чунини муассисаҳо ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд. Дар ин замина аз сабаби кифоя набудани адабиётҳо, китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳо оид ба фанни ситология бо забони давлатӣ, донишҷуёну омӯзгорон ҳангоми тадриси ин фан мушкилӣ мекашанд.
Фанни ситология таърихи омӯзиш ва таҳкиқотҳо оиди ҳуҷайра, марҳилаҳои инкишофи онҳо, омӯзишу таҳқиқотҳо, хусусиятҳои биологӣ, паҳншавӣ, таркиби химиявӣ, гуногунии онҳо дар организмҳо ва усулҳои омӯзиши ҳуҷайраро тадқиқ мекунад.
Вазифаи асосии фанни ситология барои донишҷӯёни ихтисосҳои химия-биология, биохимияи тиббӣ, электроникаи тиббӣ, география ва ҳифзи табиат муайян намудани эволютсияи ташаккул ва инкишофи ҳуҷайраҳо, омӯзиши таркиби химиявии ҳар як ҳуҷайраро аз руйи нишонаҳои биохимиявӣ ва физиологӣ тадқиқ менамояд.
Фанни ситология ба фанҳои рустаниҳои шифоӣ ботаника, морфология ва анатомия, эмбриология, физиология, генетика, биохимия, биофизика, биологияи молекулярӣ алоқаи зич дорад. Ин алоқамандии фанҳо аз ҷиҳати умумияти омӯзиш ва методҳои худ ба ҳамдигар наздиканд…
Хонандагон китоби «Ситология»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд…
Фарзона Шарифова, мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.