Китоби нав. Урватулло Тоиров: “Донишномаи илми бадеъ”

Донишномаи-илми-бадеъИн китоби донишманди маъруфи тоҷик Урватулло Тоиров дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Милли Тоҷик ба табъ расидааст. Муаллиф пажӯҳиши мондагори худро ба  устодони бузургвораш профессорон Шарифҷон Ҳусейнзода, Худоӣ Шарифзода ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидааст.

Дар муаррифии кутоҳе, ки дар аввали китоб омадааст, мехонем: Таҳқиқ ва таҳлили афкори адабиётшиносии марҳалаи классикӣ собит месозад, ки дар ин давра оид ба илмҳои арӯзу қофияву бадеъ ва усули таълимии онҳо аз ҷониби муаллифони соҳа асарҳои зиёде таълиф шудааст. Аксари муҳақиқон бар ин ақидаанд, ки аз байни муаллифони китобҳои дойир ба илми бадеъ муаллифи «Тарҷумон– ул–балоға» Муҳаммад ибни Умари Родуёнӣ шояд нахустин донишманде бошад, ки каломи бадеъи форсӣ – тоҷикӣ, хусусиятҳои санъатҳои бадеъӣ ва воситаҳои дигари ҳусни каломро таҳқиқ ва таҳлил кардааст.

Дар асри 12 Рашиди Ватвот барои такмили санъатҳои бадеъии «Тарҷумон -ул- балоға» китоби «Ҳадоиқ – ус -сеҳр»-ро навишт. Таълифи китоби «Ал- муъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ ва китоби «Меъёр-ул-ашъор»-и Насриддини Тӯсӣ низ дар асри 13 барои илму фарҳанги мардуми эронинажод ҳодисаи нодир буд.

Таълифи «Эъҷози Хусравӣ» («Расоил-ул-эъҷоз») дар асри 14 дар инкишофи илми бадеъ инқилоби адабиро ба вуҷуд оварда буд. Асри 15 давраи нашъунамои таълифи китобҳои илми бадеъ шуморида мешаванд. «Бадоеъ-ул-афкор»-и Ҳусайн Воъизи Кошифӣ, «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Атоуллоҳи Ҳусайнӣ, «Ҷамъи мухтасар»-и Ваҳиди Табрезӣ дар ҳамон давра таълиф  шудаанд.

«Донишномаи илми бадеъ» ҳамчун воситаи таълим барои донишҷӯёни факултаҳои  филологӣ, талабагони синфҳои болоии мактабҳои миёна, аҳли адаб ва дӯстдорони шеъру шоирӣ дар омӯзиши осори илмию адабӣ аз аҳмият холӣ нест.

Китоби Урватулло Тоиров “Донишномаи илми бадеъ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Фарзона ШАРИФОВА,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.