Китоби нав. «Забони миллӣ ва ваҳдати миллӣ

Забони миллӣ ва ваҳдати миллӣ25-уми июни соли 2024 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 27-умин солгарди Ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 75-солагии доктори илми филология, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов таҳти унвони «Забони миллӣ ва ваҳдати миллӣ» баргузор гардид ва суханрониву мақолаҳои конференсия қаблан дар шакли маҷмуа рўи чоп омада, ба иштирокдорон тақдим карда шуд.

Дар ин маҷмуаи мақолаҳо фишурдаи суханрониҳои донишмандон ва он мақолаҳое, ки то имрўз мазмуну муҳтавои илмии онҳо мубрам аст, ҷо карда шудааст.

Ҳамчунин зиндагинома, хотироти дўстон ва пажуҳишҳои забоншиносии доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Додихудо Саймиддинов низ пешниҳоди ҳаводорон гардидааст.

Маҷмуа аз ҷониби О.Муҳаммадҷонзода, С. Раҳматуллозода, Р. Шодиев, С. Назарзода ва В. Саидзода тартиб дода шудааст.

Корҳои муҳарририи китоб аз ҷониби  Р. Зулфониён, М. Давлатшоева, Э.Сафаров, Ш.Абдуллоев ва Д.Каримов анҷом шудааст.

Муаллифон ба ин умеданд, ки маҷмуа писанди дили пажӯхишгарони соҳа ва аҳли завқ хоҳад шуд!

Бибираъно Ҷўраева
мудири бахши
китобҳои махсус
.