Латифахонӣ дар маҳфили «Фурўғ»-и Китобхонаи миллӣ
Чӣ гуна ва кай бояд латифа гуфт ва дар куҷо бояд гуфту дар кадом маврид? Оё кўдакону наврасон дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» латифаҳоро мувофиқи синну сол ва ахлоқ мегўянд? Ин мавзўи маҳфили навбатии «Фурўғ» -и шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ буд.
Ин маҳфил бо ҳамкории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони кўдакон ва наврасон “Баҳористон” баргузор ва сабт мешавад. Дар барнома ширкатдорони озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок ва сари мавзуъи матраҳшуда баҳс мекунанд.
Дар маҳфили охир зикр гардид, ки баъзе кўдакон ва наврасон дар озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар назди ҳакамон латифаҳои ба синнашон номувофиқ ва чандон боодобона намегуфтанд.
Нависандаи маъруф Азизи Азиз, ки дар чанд озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷумлаи ҳакамон буд, иброз дошт, ки ҳангоми пурсидани бачаҳо дар нисфи латифа онҳоро бозмедорем ва мегўем, ки кофист, идома надиҳед, мумкн нест ин гуна латифаҳоро ин ҷо гуфтан. Масалан гуфт ў, дар озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» бачаҳо латифаҳое мегуфтанд, ки аз тариқи телевизион пахш намегардид. Ў мисол овард: Зани Афандӣ бача зоид. Мепурсем, ки ин латифаро ба Шумо кӣ ёд дод? Бибиамон мегўянд бачаҳо. Суол медиҳем, ки бибиатон гуфт, ки ин латифаҳоро дар озмун, назди ҳама бигўед? Бале мегўянд дар ҷавоб…
Дар ҳар куҷо ҳар гуна латифа нагўед, он бояд тибқи синну сол ва мактабӣ бошад ва берун аз ахлоқ набошад, гуфт Азизи Азиз ва идома дод:-Бачаҳо латифаро бояд дуруст интихоб намоянд ва бидонанд, ки онро кай ва дар кадом маврид бояд гуфт.
Як иштирокдори фаъоли ин маҳфил латифа гуфт, касе нахандид. Чаро? Зеро дар ин барнома 70 дарсад гўши мо ба муҷрии барнома аст, ки ў чӣ мегўяд. Мо дар ин барнома дар ҳаяҷон ҳастем. Латифа он гаҳ боиси ханда мешавад, ки тарс ва хавотирӣ дар диламон набошад.
Ду нафар аз кўча мегузаштанд, саги ваҳмангезе ҳардуро пешандоз мекунад. Ҳар ду гурехта истодаанд, дар вақти фирор оё мешавад яке аз онҳо ба дигарш гўяд биё ба ту як латифаи нағз гўям? Не, зеро ҷон азиз аст.
Дар маҳфил хонандагони шуъба латифаҳои обдору зебо ва ба солашон мувофиқ гуфтанд. Ҳамзмон латифаҳои нақлшударо ба риштаи таҳлилу барравсӣ кашиданд. Онҳо ҳамчунин гуфтани латифаро барои озмун ва дигар мавридҳо тамрин карданд.
Ёдовар мешавем, ки як шарти гуфтани латифа дар озмун он аст, ки он бояд ба синну соли кўдак ва наврас мутобиқ бошад.
Дар зимн бояд гуфт, ки шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дорои маҷаллаву рўзномаҳои кўдакона ҳаст, ки дар онҳо гўшаи латифа мавҷуд аст. Ҳамзамон китобҳои ҳаҷвие низ дар шуъбаи мазкур вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо «Рисолаи дилкушо»-и Убайди Зоконӣ мебошад.
Китоби ҳаҷвнигори турк Азиз Несин «Мактубҳо аз он дунё» низ дар рафи китобҳои толори хониши ин шуъба дида мешавад ва хонандагони зиёде онро мехонанд.
Оё Шумо медонед чӣ хел ва дар куҷо латифа гуфтан даркор аст?
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа