Китоби нав. “Заур Дахте. Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик”
Ин маҷмуа, ки бо талоши рӯзноманигор, гузоришгар, мақоланавис, очеркнависи маъруфи кишвар Суҳроби Зиё мураттаб шудааст, муруре бар достони зиндагӣ ва корномаи Дахте, филмбардори барҷаста ва аксбардори эрониасли Тоҷикистон аст. Бархе аз шоирону нависандагон, Хунаршиносону рӯзноманигорон ва дӯстдорону пайвандони ин чеҳраи маъруф дар паёмҳои шодбош ва меҳрномаю матолиби навиштаашон ба баррасии вежагиҳои шахсияти Заур Дахте ва ҳунари тасвирбардорӣ ва аккосии ӯ пардохтаанд.
Муаллиф китобашро бо сарсухани ҷолибе шуруъ мекунад ва дар ин муқаддима хонандаро бо марҳилаҳои ошноӣ бо ин филмбардори шинохта ошно месозад. Аз ҷумла менависад, ки бо вуҷуди ҳудуди 30 сол тафовути син чандин сол аст, ки бо устод Заур Дахте рафоқату дӯстӣ дорем. Дақиқ дар ёдам нест, ки бори нахуст дидори мо кай ва чӣ тавр ба вуқуъ пайваста буд. Албатта, ман то ошноии наздик бо устод Дахте дар бораи ӯ маълумоти андаке доштам. Медонистам, ки асолатан эронӣ аст ва дар гузашта дар студияи «Тоҷикфилм» кор кардааст.
Агар хотираам маро фиреб надиҳад, дар ибтидои солҳои 2000 чашмони падари раҳматиамро дар бемористони чашми шаҳри Душанбе ҷарроҳии оби марворид (катаракта) карда будем. Чанд сол баъд, чашмони модарам ҳам хира шуданд. Вақте дар бораи эҳтимоли ҷарроҳӣ бо модарам суҳбат кардам, он кас қотеъона гуфтанд, ки ҷарроҳ бояд зан бошад! Ин нуктаро бо Ортиқи Қодир, дӯсти ҳунармандам дар миён гузоштам. Ӯ гуфт, ки ҳамсари Заур Дахте пизишки чашм аст. Бо пешниҳоди Ортиқи Қодир бо устод Заур Дахте тамос гирифтам ва нишонии маҳалли кори хонумашро пурсидам… Хуласи калом, дар бинои шумораи 2-и бемористони Қарияи Болои пойтахт модарамро ба назди Валия хонум ҳамсари Дахте бурдем. Ӯ баъд аз муоина ва ташхис барои ҷарроҳӣ ва муолиҷаи ҷашмони модарам пизишкеро ба номи Наргис муаррифӣ кард. Ин пизишки ҷавон чашмони модарамро ҷарроҳи кард. Модари раҳматиам аз Наргис хеле розӣ буданд ва то поёни умрашон ҳамеша аз ӯ ба неки ёд мекарданд…
Соли 2007 Конуни байналмилалии Олимпур, ки баъд аз кушта шудани Муҳиддин Олимпур, аксбардор ва рӯзноманигори машҳур аз сӯи бархе аз ҳамкорону дӯстонаш таъсис дода шуда буд, барои аввалин бор дар Тоҷикистон як давраи омӯзишӣ дар заминаи рӯзноманигории чандрасонаӣ баргузор кард. Устодони ин давраи омӯзишӣ Боқири Муин, Девид Мортон, аз мудирони собиқи бахшҳои форсӣ ва Аврупою Осиё Би-би-си ва Ёсуман Амирӣ, аккос ва тарроҳи гузоришҳои чандрасонаӣ аз Амрико буданд. Мо тӯли як ҳафта аз ин устодон шеваи таҳияи гузоришҳои чандрасонаиро ёд гирифтем, яъне гузорише, ки тасвир, акс, садо ва матн дорад. Дар моҳҳои баъдӣ ҳамаи гузоришҳои хабарнигорон ва аккосоне, ки дар ин давраи омӯзишӣ ширкат карда буданд, дар вебсойти Ҷадид Онлайн ба нашр расид.
Заур Дахте аз ҷумла меҳмоне буд, ки дар охирин рӯзи омӯзишӣ, дар рӯнамоии гузоришҳои таҳиякардаи ширкаткунандагони он ҳузур дошт. Он ҷо дарёфтам, ки Заур Дахте аз дӯстони наздики зиндаёд Муҳиддин Олимпур будааст. Муҳиддин Олимпур яке аз аввалин хабарнигорони тоҷик буд, ки дар оғози солҳои 1990 барои родиёи форсии Би- би- сӣ аз Тоҷикистон гузориш медод. Ӯ солҳои ҷанги дохилӣ, дақиктараш дар шаби 13 декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе ба зарби гулӯлаи душманони миллати тоҷик ва адабу фарҳанги порсӣ кушта шуд. Ёдаш гироми ва руҳаш шод бод!
Маҳи январи соли 2009 телевизиони форсии Би-би-сӣ ба пахши барномаҳояш барои Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз кард. Ман ба унвони хабарнигор ва таҳиякунандаи ин телевизион дар Тоҷикстон истихдом шуда будам ва бахусус дар заминаи тасвиру акс ба машварату роҳнамоии афроди соҳибтаҷриба ва кордида ниёз доштам. Ҳамин тавр, Заур Дахте гаҳ-гоҳе дар нишасту ҳамоишҳои фарҳангӣ ё дидорҳои сари роҳӣ ба пурсишу суолҳоям посух медод.
Садоқат ба ҳунар ва ишқу алоқаи ӯ ба кори аккосӣ ва филмбардорӣ моро таҳти таъсири амиқ қарор медод. Чанд бор фурсат пеш омад, ки дар таҳияи барномаҳои мустанад барои телевизиони форсии Би-би-сӣ аз таҷриба ва ҳунару тавоноиҳои ҳирфаии устод Дахте истифода кунем.
Соли 2011 ҳамкорам Алии Аттор барои таҳияи филме дар бораи зиндаёд акдемик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ аз Ландан ба Душанбе омад. Бо пешниҳоди оқои Аттор, Заур Дахте дар ҷараёни филмбардории саҳнаҳои аслии мустанади «Ҷони Дилафрӯз» дар манзили устод Шакурӣ ҳузур дошт ва дар интихоби ҷойи дурбинҳо, садобардорӣ ва нурафканӣ ёвару роҳнамои гурӯҳи филмбардорӣ буд. Ин мустанад бори нахуст дар 27- уми декабри соли 2011 аз телевизион онро намоиш доданд…
Маврид ба ёдоварист, ки Дахте Заур Рустамович филмбардор, аккоси маъруф, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1980), барандаи ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1987) академики Академияи мусаввири Тоҷикистон (2010) Соҳиби медали «Хизмати шоистаи» (2005) мебошад. Аълочии кинематографияи ИҶШС, узви Иттифоқи синамогарони ИҶШС (1968) ва аълочии Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон (2020) аст.
Дар соли 1936 дар Доғистон ба дунё омадааст. Беш аз 65 сол аст, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Дар солҳои 1955-1958 дар хонаи байналмилалии кӯдакони шаҳри Ивановои Русия таҳсил кардааст. Хатмкардаи факултаи наворбардории Донишкадаи давлатии умумииттифоқии синамои Маскав (1966) мебошад. Аз соли 1959 дар студияи «Тоҷикфилм» ҳамчун ёвари наворбардор, аз соли 1961 ба унвони наворбардори филмҳои мустанад, аз соли 1967 ба ҳайси наворбардор таҳиягари филмҳои ҳунарӣ ва аз соли 1978 то бознишастагӣ ҳамчун наворбардор ва коргардони филмҳои мустанад фаъолият кардааст.
Хонандагон метавонанд китоби «Заур Дахте. Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик»-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.