Луғати олмонӣ-тоҷикӣ Worterbuch deutsch-tadschikisch
Ёздаҳ сол пеш калонтарин луғати олмониву тоҷикӣ ба теъдоди 2100 нусха нашр шудааст, ки дар олами луғатнависии тоҷик падидаи нав буд. То ин замон луғатҳои зиёди немисиву русӣ нашр шуда буданд. Аммо луғати тозанашр ба ҳаҷм хеле бузург буд ва муҳимтар аз ҳама олмонӣ-тоҷикӣ буд, на олмонӣ-русӣ. Дар пешгуфтори китоб омадааст:
Луғати мазкур тўли понздаҳ соли охир ҳамчун пуружаи муштараки олмони тоҷику олмонӣ ба амал оварда шуд. Вале қиссаи он хеле давраи дуртарро дар таърихи муносибатҳои тоҷикиу олмонӣ дарбар мегирад.
Ҳанўз дар солҳои шастуми асри бист олмоншиноси тоҷик Раҳим Мунзимович Бурҳонов дастхати луғати олмонӣ-тоҷикиро дар ҳаҷми тахминан даҳ ҳазор вожа таҳия карда буд. Бурҳонов давраи наврасӣ ва ҷавонии ҳаёти худро дар солҳои бистум ва чилуми қарни гузашта дар Олмон гузаронидааст ва ба ҳамин муносибат ба дараҷаи донандаи комили забони олмонӣ расидааст. Мутаассифона, номбурда луғати хешро бо сабабҳои гуногуни давраи шўравӣ дар даврони зиндагии худ ба нашр омода карда натавонист.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон иқдоме ба миён омад, ки дастхати луғати шодравон Р. Бурҳонов чоп карда шавад. Барои чунин ташаббус мо аз Барно Арипова сипосгузорем, ки он замон номбурда дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон фаъолият дошт. Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD) пружеро оиди таҳияи луғат дастгирӣ намуд. Барно Арипова соли 1996 барои машварат ба Семинарияи Осиёи Марказии Донишгоҳи ба номи Ҳумболдти шаҳри Берлин ташриф оварда тавонист.
Ҳангоми машварат маълум гардид, ки дастхати луғати номбурда барои ба чоп омода намудан таҳрир мехоҳад, то ки он ба талаботҳои муосири забонҳои олмонӣ ва тоҷикӣ ҷавобгў бошад. Дар вақти таҳрир равшан гашт, ки ҳаҷми луғат бояд васеътар карда шавад, то ки вожа ва ибораҳои он ҳам масъалаҳои рўзмара ва ҳам донишҳои умимиро ифода карда тавонанд. Дар натиҷа як луғати комилан нав ба миён омад, ки ҳаҷми он назар ба дастхати Р. Бурҳонов тахминан панҷ маротиба зиёдтар калима ва ибораҳоро дар бар мегирифт. Зимнан мураттибон аз бунёдгузори луғат – шодравон Р. Бурҳонов миннатдор ҳастанд.
Дар таҳияи луғати мазкур Хайрулло Сайфуллоев ва Нафасшо Шозедов аз Донишгоҳи Давлатии Омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Аҳмадҷон Сангинов аз Пажўишгоҳи забон ва адабиёт ба номи А. Рўдакӣ АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутс Жуҳак ва Барно Арипова аз Семинарияи Осиёи Марказии Донишгоҳи ба номи Ҳумболти шаҳри Берлин ширкат намуданд. Мураттибон ба Соҳибназар Ғайратшоев барои чопи як қисмати дастхат ва ба хонум Беате Клайнмихел барои корҳои чопӣ ва таҳрири маводи олмонӣ изҳори сипос менамоянд. Таҳрири пурраи луғатро Лутс Жеҳак ва Хайрулло Сайфуллоев ба зима доштанд.
Донишмандони тоҷик аз ин луғат маълумотҳои гуногун ва серҷабҳаи грамматикӣ доир ба калимаҳои алоҳидаи забони олмонӣ пайдо мекунанд, ки ин маълумотҳо ба эшон дар истифодаи он вожаҳо кўмак расонида метавонанд. Барои муштариёни олмонӣ бошад, доир ба вобастагии феъли тоҷикӣ маълумоти кофӣ пешкаш мегардад, то ки онҳо дар истифодаи ин феълҳо душворӣ накашанд. Маълумоти бешдар доир ба интихоби калимаҳо ва истифодаи онҳо дар ин луғат дар боби «Дар хусуси истифода аз луғат» таҷассум гардидааст.
Вазорати федеролии Олмон ба ҳамкории иқтисодӣ ва инкишоф (ВMZ), Ҷамъият оид ба ҳамкории техники Олмон (GTZ), Институти Гиёте дар Тошканд ва Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD) дар пардохти хароҷот вобаста ба чопи ин луғат мусоидат намудаанд. Муаллифон ба ин муассисаҳо барои кўмаки молиявӣ изҳори ташаккур мекунанд.
Луғат ба ёдбуди Раҳим Мунзимович Бурҳонов бахшида мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд китоби мазкурро аз шуъбаи адабиёти хориҷии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дастрас намоянд.
Абдуғаюр Саломов
Сармутахассиси шуъбаи
адабиёти хориҷӣ.