Дар Китобхонаи миллӣ давраи омӯзишии «Фаъолияти Китобдорӣ-Иттилоотӣ» ҷараён дорад

Маркази такмили ихисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандони Китобхона курси бозомӯзии «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ»-ро дар ҳаҷми 36 соат аз санаи 4 октябри соли 2021 ба роҳ монда аст. Дар  курси мазкур 19 нафар кормандон ҷалб гардиданд ва аз ҷониби омӯзгорон ва мутахассисони пуртаҷрибаи соҳаи китобдорӣ ба шунавандагон дарс мегузаранд.

       Иштирокчиёни давраи омӯзишӣ аз мавзӯъҳои “Асосҳои ташкилӣ-ҳуқуқии фаъолияти китобхонаҳо”, “Фарҳанги китобдорӣ”, “Китобхонаи муосир: суннатҳо ва навгониҳо”, “Ташаккули фонди китобхона”, “Сохтор ва ташкили дастгоҳи маълумотдиҳӣ-ҷустуҷўйии китобхона”, “Хизматрасонии маълумотдиҳӣ-библиографӣ ва иттилоотӣ”, “Фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ дар китобхона” “Фарҳанги касбии кормандони китобхона”, “IT-технологияҳо дар китобхонаи муосир” ва ғайра омӯзиш дода мешаванд.

Аз руйи натиҷаи санҷиш ба хатмкунандагон баробари такмили донишҳои соҳавӣ “Сертификат”-и тахассусии “Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ” тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Саидзода Исмоил, корманди Марказ