Луғатномаи олмонӣ. Соли таълиф 1968 ва ҳамоно маъруфият дорад

немецкий словарьИмрӯзҳо мову шумо дар замони тараққиёти илму техника ва ошноӣ бо навгониҳои ҷаҳон қарор дорем. Бояд гуфт, ки навгониҳои рӯзмарра дар ҳаёти мо бетаъсир нахоҳад монд. Омӯзиши забонҳои хориҷиро низ метавон сабаби пешрафтҳои  ҷаҳони муосир ва падидаи навтарин барои муошираткунандагон номид. Албатта бояд гуфт, ки барои муошират намудан бо забонҳои хориҷӣ барои ҳар як шахс восита ва ё роҳнамое лозим аст.

Василаҳои зиёде метавонанд нардбоне бошанд, ки забономӯз бо он боло шавад ва донишҳои лозимро биёмӯзад.

Дар Тоҷикистон барномаҳои зиёди таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар роҳандозӣ шудаву боиси ҷалби диққати мардум шуда. Бахусус, Пешвои илмпарвару фарҳангпарвари миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханрониву нишастҳо ба ин масъала таъкид мекунанд.

Бояд гуфт, ки яке аз воситаҳои муошират бо забони хориҷӣ-ин донистани луғат-калима ба шумор меравад. Луғатнома боиси осон гардидани мушкилии забономӯз гардида, метавонад завқи забономӯзро нисбат ба забони омӯхташаванда дучанд намояд.

Луғатномаҳо метавонанд омӯзгорони асил, тарҷумонони боистеъдод ва ҳамчунин олимону пажӯҳишгарони болаёқатеро тарбият намояд.

Дар бойгонии Китобхонаи миллӣ даҳҳо луғатномаву фарҳангномаҳое ҳастанд, ки раҳнамои беминнати донишомӯзону забономӯзонанд. Ин луғатномаҳо ҳар кадом таърихи таҳияи худро доранд ва баъзеи онҳо ҳарчанд аз қадимитаринҳоянд, вале ҳамоно аз нигоҳи мутахассисон аз беҳтарину муфидтаринҳо ба шумор мераванд.

Яке аз луғатномаҳо “Немецко-русский словарь” аст, ки соли 1968 дар нашриёти “Саветская энциклопедия” нашр шудааст.  Он зери таҳрири забоншиносон  ва луғатнигорони рус А.А. Лепинга ва Н.П.Страховой таҳия гардида, фарогири 80 ҳазор калима мебошад. Ҳаҷми он 892 саҳифа мебошад.

Китоби мазкур яке аз машҳуртарин луғатномаҳои немисӣ ба русӣ  ба шумор меравад. Дар баробари ин қадимтарин луғатномаи немисӣ ба русие мебошад, ки дар Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Солҳои тӯлониест, ки ин китоб мавриди истифода қарор дорад ва имрӯз низ онро хонандагон дархост менамоянд. Ин ба он маъност, ки то ҳанӯз ин луғатнома мақому манзалаташро миёни истифодабарандагон гум накардааст.

Нусхае аз ин луғатнома дар толори хониши адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ мавҷуд аст ва шумо хонандагони азиз метавонед аз он мунтазам истифода намуда, малакаву маҳорати хешро дар риштаи забономӯзӣ сайқал диҳед.

Манижабону Ибрагимова
Мутахассиси пешбари
шуъбаи тарғиб ва
барномаҳои фарҳангӣ.