Маҳфилҳои хотирмони Шуъбаи кӯдакон ва наврасон

Китобхонаи миллии Тоҷикистон илова ба он ки як боргоҳи маърифатест, ки ҳазорон номгӯ китобҳои гуногунро бо забонҳои мухталиф ба ихтиёри хонандагон мегузорад, боз маконест, ки хонандагон бо ширкат дар маҳфилҳои гуногун ташнагии маънавӣ мешикананд. Аз ҷумла, Шуъбаи кӯдакон ва наврасон барои хонандагони худ чандин маҳфили шавқоварро пайваста мегузаронад, ки дар он ҳамеша даҳҳо нафар ширкат мекунанд. Ин маҳфилҳо на танҳо ба ном, балки дар муҳтаво гуногунанд ва ҳар кадом ба ҳадафе сохта шудаву  ширкаткунандагони хосаи худро доранд.

Аз ҷумла, дар маҳфили “Дастони моҳир”, ки ҳар моҳ доир мешавад, тибқи мавзӯҳои қаблан тартибдодашуда хонандагон ба корҳои эҷодӣ ҷалб мешаванд. Онҳо аз коғазҳо ва дигар ашёи дафтардорӣ, ки барояшон дода мешавад, тибқи мавзӯъ чизҳое месозанд ва ё наққошӣ мекунанд.

«Дар суҳбати адиб», «Адибони наврас», «Беҳтар аз дўст», «Ман метавонам» низ маҳфилҳои эҷодиву адабианд. “Дар суҳбати адиб” чуноне аз номаш пайдост бо ширкати фаъоли адибони маъруф мегузарад. Дар ин маҳфил хонандагони наврас талош мекунанд бо адибон, бо онҳое, ки ҳамарӯза дар ин толор китобҳояшонро мехонанду ашъорашонро аз бар мекунанд,  мулоқот кунанд. Аз онҳо дар бораи кору эҷоду китобҳояшон пурсанд ва дар бораи асрори шоириву нависандагӣ чиҳоеро, ки намедонанд, бидонанд.

Дар маҳфили “Адибони наврас” эҷоди хонандагони наврас аз ҷониби адибони кишвар барарсиву нақд мешавад ва ба онҳо дар бораи камбуди навиштаҳояшон мегӯянд, дасти навраси эҷодкорро ба навиштан рост мекунанд. Тавсияи адибон ҳамеша қобили қабулу қадрдонии наврасони эҷодкор мебошад.

Маҳфили дигаре ҳам бо номи «Соати тарбиявӣ» амал мекунад, ки дар он калонсолон бо наврасон дидор мекунанд ва ба сони як соати тарбиявӣ ба онҳо ахлоқи наку ва рафтори некро меомӯзанд.

Маҳфили “Беҳтар аз дӯст” низ як маҳфили машваратист. Дар он адибон бештар дар бораи ин ё он ҳикоя ё повесту романи адиби дигар бо хонандагон суҳбат мекунанд. Ҳамроҳ бо онҳое, ки ин асарро хондаанд, вориди баҳсу суолу ҷавоб мешавад. Ҳадаф тақвияти зеҳни кӯдакону наврасон, такон андешаҳои фикрии онҳост. Чунгончӣ, дар охирин маҳфили “Беҳтар аз дӯст” адиби шинохтаи кӯдакон ва меҳмони ҳамешагии маҳфилҳои шуъба Азизи Азиз китоби адиби машҳури амрикоӣ Ҷек Лондон “Достони Киш”-ро баррасӣ намуд, ки хеле шавқовар гузашт.

Аксари маҳфилҳои Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ аз тариқи барномаҳои телевизиони кӯдакону наврасони “Баҳористон” сабт ва намоиш дода мешаванд. Баъзе аз ин маҳфилҳо муштаракан бо “Баҳористон” омода ва наворбардорӣ мешаванд.

          Мақсад аз баргузории маҳфилҳо он аст, ки наврасони навқалам ва хонандагони шуъбаи кўдакон ва наврасон озодона тавонанд дар бораи навиштаҷоти худ тавсия ва маслиатҳои муфиди адибони маъруфро бишнаванд, камбудиҳои худро тибқи ин маслиҳатҳо ислоҳ намоянд. Ҳамзамон бо ин бо касоне ҳамнишин шаванд, ки китобҳои онҳоро мехонанду дӯст медоранд.

Ин маҳфилҳо хотирнишин мегузаранд ва бо гузашти солҳо вақте ин кӯдак ё наврас ба камол мерасад хотироти хушеву бардоштҳои муфиде аз маҳфилҳо хоҳад дошт ва шояд ба ҳамсолонаш нақл ҳам хоҳад кард, ки бо фалон адиби номвар нишаставу сухани ӯро шунидаву аз каломи ӯ баҳраҳо бурдааст.

Дари ин маҳфилҳо ҳамеша барои кулли хоннадагони наврас ва кӯдакон боз аст. Ширкат дар ҳамаи онҳо озоду монеъае вуҷуд надорад.

Шаҳноза Дониёрова,

сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон