Маҳфили “Ганҷи Сухан” дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон
7-уми апрел бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили ҳармоҳаи “Ганҷи сухан” баргузор гардид. Маҳфилро муовини якуми директори Китобхона Раҷабзода Салима ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам намуд.
Дар чорабинии мазкур баҳри фароғати ширкаткунандагон сарояндагони шинохта Назаров Аброр писари сарояндаи машҳур Далер Назар ва Каримов Акбарҷон ширкат варзиданд. Каримов Акбарҷон агарчи нобино аст, аммо ба ин маълулияти худ нигоҳ накарда, аксаран тариқи худомӯзӣ 15 навъи асбоби мусиқиро менавозад.
Меҳмонон бо суруду мусиқии тозаэҷоди хеш хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Дар маҳфил ҳамчунин аъзои доимии шуъба яъне хонандагоне, ки дорои имконияти маҳдуд мебошанд, иштирок карданд.
Ба меҳмонони маҳфил аз ҷониби роҳбарияти Китобхона, китоб тақдим карда шуд.
Мавзуна Орумбекова