Маҳфили навбатии «Ганҷи сухан» дар Китобхонаи миллӣ

Маҳфили “Ганҷи сухан”-и Китобхонаи миллӣ бо ибтикори шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон бо иштироки шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур ва хонандагони шуъба, баргузор гардид.

Маҳфилро муовини директори Китобхона Нурзода Ҷалолиддин ифтитоҳ намуда, ҳамагонро барои иштирокашон дар ин маҳфил хайрамақдам гуфт.

Сипас, Бузургмеҳри Баҳодур бо сабку услуби хос шеърҳои худро барои ҳозирин қироат намуд, ки хеле таъсирбахш буд. Иштирокчиёни маҳфил аз лаҳни ширин ва тарзи қироати шоир ба ваҷд омада ба худ рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.

Ҳамзамон дар ҷараёни баргузории маҳфил оид ба рушди масъалаҳои муҳими шеъру адаби муосир бо шоир саволу ҷавоб доир гардид.

Дар умум маҳфили навбатии «Ганҷи сухан» бо ширкати шоир Бузургмеҳри Баҳодур хеле хотирмон гузашт ва шоири ҷавон ва ширинкалом бо суханони ҷаззобу қироати мисраҳои ашъори хеш табъи ҳозиринро хуш гардонид ва меҳри онҳоро ба шеъру адаб тақвият бахшид.

М. Алиева.