Мақолаи Директори КМТ дар “Ҷумҳурият. Садриддин Айнӣ ва Эмомалӣ Раҳмон. Ду абармарде, ки дар ду давраи хоси таърихӣ сипари миллат шуданд

  Даҳаи аввали Инқилоби Октябр, ки миллатҳо барои ҷойгоҳи худ дар империяи тозазуҳури болшевикон талош мекарданд, барои миллати тоҷик низ як давраи сарнавиштсоз буд. Борҳо ба ин нукта таъкид шудааст, ки агар устод Айнӣ намебуд, шояд имрӯз миллати тоҷик набуд, агар устод Айнӣ намебуд, имрӯз мо Тоҷикистонро ҳам надоштем.  Воқеияти ин суханонро танҳо касе метавонад дарк намояд, ки таърихро омӯхта бошад. Шоҳидони он рӯзгори пурҳаводис дигар байни мо нестанд, ки аз забонашон қиссаи часпу талошҳои Айнӣ ва ёрони боҳиммати ӯро дар роҳи миллатсозӣ бишнавем. Вале, даҳҳо ҷилд китобу садҳо мақолаву мусоҳибаҳо дар ихтиёр дорем, ки бузургии Айниро дарк кунем. 

Матни комили мақоларо ин ҷо бихонед: САДРИДДИН АЙНӢ ВА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ДУ АБАРМАРДЕ, КИ ДАР ДУ ДАВРАИ ХОСИ ТАЪРИХӢ СИПАРИ МИЛЛАТ ШУДАНД