Маҷаллаи русие, ки даҳҳо адиби тоҷикро муаррифӣ кардааст
Маҷаллаи «Дружба народов» маҷаллаи адабию бадеӣ ва оммавию сиёсӣ дар Русия. Соли 1939 дар шаҳри Маскав таъсис ёфтааст. Аввал ҳамчун алманах дар ду моҳ як бор чоп мешуд. Соли 1950 ба маҷалла табдил ёфт. То соли 1990 нашрияи Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд, баъд хусусӣ шуд. Дар замони Шўравӣ аз 10000 (с.1939) то беш аз 1100000 нусха чоп ва дар тамоми қаламрави ИҶШС паҳн мегардид.
Дар «Дружба народов» санадҳои таърихию адабиётшиносӣ, мақолаҳои таҳлилӣ, нақди осори ҳунарӣ ва асарҳои арзишманди намояндагони фарҳангу адаби ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС, аз ҷумла адибони тоҷик дар тарҷума ба забони русӣ нашр мешуданд.
Очерки «Фаттоҳ ва Музаффар» (№8, 1959), повести «Одамони кўҳна» – и Ф. Муҳаммадиев (№7, 1963), очерки «Ҷўра Саркор» – и А. Сидқӣ ( №11, 1959), очерки «Аз Сталинобод то Киев»- и Ҷ. Икромӣ (№5, 1960), ки дар «Дружба народов» чоп шудаанд, асарҳои беҳтарини сол эълон гардида буданд. Дар саҳифаҳои «Дружба народов» ҳамчунин мероси шифоҳӣ ва ҳамосии халқҳои ИҶШС, аз ҷумла намунаҳои афсона, мақолу зарбулмасал ва ҳамосаи шифоҳии тоҷикон (№1,1939) мақолаҳои илмӣ ба табъ мерасиданд.
Солҳои 60-уми асри 20 маҷаллаи «Дружба народов» ба ҳайси сарпарасти НБО- и Норак китобхонае созмон дода буд, ки ба он адибони ҷумҳуриҳои ИҶШС бо имзои худ китоб мефиристоданд. Дар ин давра дар саҳифаҳои маҷалла доир ба Тоҷикистон маводи зиёди публитсистӣ, аз ҷумла мақолаҳои котиби КМ ҲК Тоҷикистон С. Б. Эргашев, Ю. Полухин, Б. Хлопов таҳти сарлавҳаи «Норак, соли 1973» ба табъ расиданд. Маводи доир ба НБО- и Норак нашркардаи «Дружба народов» дар шакли китоби ҷудогона («От Нурека к Рогуну», 1978) чоп шуда буд, ки он очерку мақолаҳои як зумра сиёсатмадорон, мутахассисон, журналистон, ашъори адибони рус ва тоҷикро дар бар мегирифт.
Ҳоло маҷаллаи «Дружба народов» бо теъдоди 2000 нусха чоп шуда, асосан мақолаҳо, очерку эссеҳои марбут ба мушкилоти ҷаҳони муосир, нақду тақризҳои адабӣ ва осори адибони Русия ва ҷаҳонро интишор медиҳад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 198-199. Муаллиф: Р. Раҳмонӣ
Дар Китобхонаи миллӣ илова ба он ки кулли шумораҳо то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ чопшудаи маҷалла мавҷуданд, шумо боз ин матолибро ҳам хонда метавонед:
Хлопов, Б. Боғатон шукуфон бод!: Ҳамкории кормандони маҷаллаи «Дружба народов» бо ГЭС- Роғун // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. – 1 январ.
Муллоҷонов, М. Ҳамкории журнали «Дружба народов» бо бинокорони ГЭС- и Норак // Маданияти Тоҷикистон. – 1988. – 1 март.
Баруздин, С. Руҷўи қолабшикан: Мақолаи сармуҳаррири журнали «Дружба народов» оиди масъалаи миллӣ / Тарҷумаи Н. Амонӣ // Машъал. – 1989. – №6. – С. 1-2.
Таҳияи Марзия Зардодхонова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ