Манижаи Баҳодур. Аз Восеъ то Душанбе, аз китобхона то озмун
Имрӯзҳо дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гурӯҳи донишҷуён (бакалавр, магистрантҳо) ва докторантҳои мактабҳои олӣ донишу истеъдоди худро месанҷанд. Ҳакамони озмун мегӯянд, тайёрии ин гурӯҳ нисбатан ҷиддитар аст ва мо низ умед дорем истеъдодҳои навро кашф хоҳем кард.
Номинатсияи адабиёти классикӣ бо баромади Манижаи Баҳодур донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Доварон ба маҳорати ғазалхонӣ ва таҳлилҳои Манижа баҳои баланд доданд ва инчунин иброз доштанд, ки тайёрии ӯ хуб аст.
Ин довталаб 162 ғазал, 222 рубоӣ ва дубайтӣ, 150 байт қасида, 350 байт достон ва 450 байт дигар навъҳои шеър инчунин ҳамаи осори насрие, ки дар низомномаи озмун оварда шудааст, аз бар намудааст.
Манижа дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил мекунад. Ӯ мегӯяд, вақте озмун эълон гардид, чандон таваҷҷуҳ накардам, ҳарчанд пайваста китоб мехондам.Аммо вақте дар низомнома тағйирот ворид гардид ва вобаста ба синну сол иштирокдоронро ҷудо намуданд, тасмим гирифтам худро санҷам. Устодони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро раҳнамои худ медонад. “Дар ҳар нофаҳмие, ки пеш меомад, аз устодон мепурсидам, вақте онҳо кӯшишҳои маро медиданд, маро ҳавасманд мекарданд”- мегӯяд Манижа.
Дар робита ба баромади имрӯзааш ӯ мегӯяд, ягон вақт аз худам қаноатманд нестам. Ҳакамон баҳои хуб доданд, аммо ин ба назари ман хеле кам аст. Мо ҳоло ба дарки пурраи фалсафаи адабиёт рафта наметавонем.
Манижа зодаи ноҳияи Восеъи Вилояти Хатлон аст.Ӯ ба Душанбе барои таҳсил омадааст. То даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанам даҳчанд масъулиятамро зиёд намуд, мгӯяд ӯ.
Ба тамоми онҳое ки мехоҳанд ҷаҳони маънавии худро тағйир диҳанд, тавсия медиҳам, ки рӯ ба китобхонӣ оранд. Китоб моро аз торикӣ ба рӯшноӣ, аз ҷаҳолат ба зиндагии воқеӣ бармегардонад. Барои онҳое, ки ҳамеша мегӯянд, мардум китоб намехонанд, мо аз китоб дур мондаем, метавонем садҳои дигар мисли Манижаро мисол орем, ки садҳо китобҳо мутолиа намудаанд ва садҳои дигарро роҳнамоӣ мекунанд.
Наргис НАЗАРЗОДА