Марҳалаи чашмрас дар масири фарҳанги мутолиа
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар раванди баланд бардоштани сатҳи маънавият ва такомулу ташаккули сатҳи маърифатии аҳли ҷомеа амалҳои зиёди муассиру судманд ва мондагор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд. Аммо, тавре медонем, масъалаи ба омўзиш ва мутолиаи осори бадеӣ фаро гирифтани қишрҳои гуногуни кишвар, ба хусус, насли наврас ва ҷавонон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва баъди ҷанги бемаънии дохилӣ рў ба таназзул ниҳода, коста гардида буд.
Омилҳои зиёде дар ин боб аз тарафи зиёиён, донишмандон, шоиру нависандагон, рўзноманигорон, коршиносони масоили фарҳанг ва намояндагони сохтору ниҳодҳои мухталифи давлатӣ баҳри такон бахшидан ба рў овардани мардум ба китобу китобхонӣ пешниҳод мегардид. Бо вуҷуди талошҳову ҷаҳди олимону донишмандон ва умуман зиёиён дар ин самт дигаргунӣ ва тағйироти ҷиддӣ ба амал наомад. Мушкили мазкур, воқеан, роҳи ҳалли худро тақозо дошт, зеро заминаву таҳдоби пешрафту рушди ҷомеаро насли бомаърифат, пурхонда, дорои ҷаҳонбинӣ ва тафаккури интеллектуалӣ ташкил медиҳад ва он ҷомеаю кишваре, ки дар он фарҳанги мутолиа такомул наёфтаасту ин масъаларо дувумдараҷа меҳисобад, ҳаргиз ба қуллаҳои баланди тараққиёт нахоҳад расид. Аз ин рў, ҷомеа дар садади интихоб ва қабули консепсияи вижаи рў овардан ба омўзиш ва мутолиаи осори бадеӣ қарор дошт. Вале ин иқдом чӣ тавр, бо кадом роҳу шева татбиқи худро меёфт, ҳанўз ба таври мушаххас муайян ва пешниҳод нагардида буд. Тавре ишора намудем, шеваю ҷузъиёти тақвият бахшидани мутолиаи осори бадеӣ ва дар маҷмуъ, ба раванди фарогир табдил додани масоили китобу китобхонӣ аз ҷониби иддае аз алоқамандони адабиёту фарҳанг, асосан, зиёиён пешниҳод мегардид. Аз ҷумла, дар бархе аз матолибу мақолаҳо омили асливу муқаддами бедор намудани шавқу рағбат ва таваҷҷуҳи мардум, ба хусус, насли наврас ва ҷавононро дар муассисаҳои таълимӣ меҷустанд. Ва, бешубҳа, ин як амри воқеӣ ҳам маҳсуб меёфт, зеро маҳз мактаб фактори асосӣ ва омили решагии бурузи майлу хоҳиш ва талошу ҳирси мутолиа ва омўзиши осори бадеӣ ба шумор меравад.
Ин андеша, дар силсиланавиштаҳои бешумор, хусусан, мақолаҳои пероста бо далелҳои муътамади рўзноманигор ва нависандаи хушбаён, барандаи Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Шодӣ Раҷабзод – «Ман нахонам, ту нахонӣ, кӣ мехонад?», «Фарҳанги мутолиаро ташаккул диҳем», «Адабиёти рус ва роҳҳои дастёбӣ ба омўзиши он» ва ғайра, ки дар саҳифаҳои нашрияи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ – «Омўзгор» ба табъ расида буданд, равшану амиқ ба мушоҳида мерасид. Дар ин радиф, доир ба масъалаи мазкур бо ибтикор ва ҳамдастии вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, нашрияҳои давлатӣ ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон борҳо ҳамоишу мизҳои мудаввар баргузор гардид, ки ҳадафи он ҳама як буд! бо чӣ усулу шева маърифати мутолиаро баланд бардошту завқи хонданро рушду нумуъ бахшид. Ҳамзамон, дар вохўрию мулоқоти адибон, сафарҳои ҷудогона ба шаҳру навоҳии кишвар мушкили китобхонии аҳли ҷомеа мавриди баррасӣ қарор мегирифт.
Мазмун, ҷанбаҳои ангезандаи такомули маънавии ҷомеа, ки бо таъсири мутолиа ва майлу таваҷҷуҳ намудан ба китобу китобхонӣ бояд сурат мегирифт, ҳамаҷониба омўхта, таҳлил ва натиҷагирӣ гардида, ҳалли худро меёфт. Мутаассифона, бо ҳама талошу иқдомҳои олимону донишмандон ва зиёиён ин раванд сусту камранг амалӣ мешуд ва аслан самараи дилхоҳ намедод. Бояд таъкид намуд, ки дар ин навиштаву матолиб аксари муаллифон сабабу омил ва камбудию норасоиҳоеро, ки дар самти омўзишу мутолиа ба назар мерасид, дилсўзона хотиррасон намуда, роҳу шеваҳои рафъу ислоҳи он омилҳоро ошкор мекарданд. Аз ҷумла, зикр мегардид, ки баҳри ба мутолиа ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа, ба хусус, наврасону ҷавонон мебояд як силсила корҳоро ба анҷом расонд, ки бештари онҳо ба мактабу маориф иртиботи амиқ дошт. Воқеан, тайи чандин сол фарҳанги мутолиа ва маърифати интихоб, дарёфт ва ба таври ҳадафмандона мавриди омўзиш қарор додани осори бадеӣ, аз камаҳамиятию беҳавсалагӣ, бетафовутӣ, ҷиҳати ҷўстуҷўйи роҳҳои тарбияи завқи эстетикӣ (зебоипарастӣ)-и хонандагон аз ҷониби устодону омўзгорон, каммутолиагии худи онҳо фаъолияти сатҳию каммояи китобхонаҳо (хусусан, китобхонаҳои мактабӣ) то ҷое, аз байн рафтани анъанаҳои неку иқдомҳои судманд, амсоли ташкил ва баргузории вохўрию мулоқот бо шоирону нависандагон, шабнишиниҳои адабӣ, бемасъулиятию фориғболии бархе аз волидон дар ин масъала, мушкили дувумдараҷа шумурдани аз мутолиа дур мондани мардум аз нигоҳи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ (шаҳру ноҳияҳо), аслан мавҷуд набудани дуконҳои рўзномаву маҷалла ва китоб дар деҳот, ба таври созгор ба талаби замон фаъолият накардани бахшҳои фарҳанги ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ғайра шаҳодат медиҳад. Ин муҳиту фазо бозгўйи он буд, ки бояд ва ногузир як иқдоми ҷадиди таконбахш дар масъалаи ба мутолиа рў овардани аҳли ҷомеа, ба вижа, насли наврас ва ҷавонон ба миён ояд, вагарна бадтару фоҷиабортар ҳодиса ба ҷуз бемаънавиятию касодии фараҳангӣ дар ҷомеа буда наметавонад. Дар самти тарғибу муаррифии осори бадеӣ низ амали назаррасе он айём анҷом дода нашуда буд. Ба хусус, яке аз мавзуъҳои доғи васоити ахбори омма он солҳо ба таври зарурӣ тарҷума ва дастраси мардум нагардидани асарҳои гаронмояи адибони ҷаҳон ба шумор мерафт. Ҳатто гурўҳе аз зиёиён дар як ҳамоиш аз фақри маънавӣ садо баланд карда, роҳи наҷотро дар мутолиаи иҷборӣ донистанд. Ва ниҳоят, падидаи ғайримунтазира дар ин раванд бо иқдому дастур ва роҳнамоии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омад, ки он ҳам ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба шумор меравад. Маҳз иқдоми воқеан ватандўстонаи Сарвари давлат дар самти ба омўзишу мутолиа ҷалб намудани табақаҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таълимию донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути маблағгузорӣ кардани озмуну қадрдонию ҳавасманд гардонидани ғолибони номинатсияҳо, ки ҳоло ба шаш адад расидааст, имкон фарҳам овард, ки аҳли ҷомеа бо диди нав ба китобу китобхонӣ рў орад. Аз рўзҳои нахустини эълони озмун маълум гардид, ки дар шаҳру навоҳӣ ва манотиқи гуногуни кишвар мардуми ташнаи омўзишу мутолиа ниҳоят бешуморанд ва бо иродату азми тамом метавонанд бо мутолиаи сосри фаровони бадеӣ дар озмун иштирок ва маҳорату дониши худро бисанҷанд. Дар масъалаи ба василаи маблағ ҳавасманд гардондани ғолибону иштирокдорони беҳтарини озмун сару садоҳои зиёде баланд гардид, вале аз рўйи инсоф бояд зикр кард, ки ин омил дар марҳалаи кунунӣ замина баҳри таҳкиму собит гардидани фарҳанги мутолиа ба шумор меравад, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардааст. Дар ин масъала адабиётшинос ва публитсисти шинохта Ҳафиз Раҳмон дар як нигоштаи худ барҳақ қайд кардааст, ки қадрдонӣ намудани ғолибони озмун, ки асарҳои зиёди насриро мутолиа ва ашъори фаровони шуарои пешину муосирро ҳифзу аз бар кардаанд, тавассути маблағҳои муайян раванди таҳриқдиҳанда, вале дар айни замон муқарраротӣ буда, ҳеҷ ҷойи шигифтию нигаронӣ надорад. Тайи панҷ сол раванди баргузории озмун нишон дод, ки тоҷикон дарвоқеъ, миллати хирадгаро буда, решаи омўзишу мутолиаи намояндагони ин миллат дар асрҳои хеле қадим нуҳуфтааст. Аз рўзҳои нахустини сарварии худ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи ҳаллу баррасӣ намудани масоили сиёсию иқтисодӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, ба фарҳангу адабиёт, тарбияи маънавию ахлоқӣ, бедории шуури аҳли ҷомеа, ба як сухан баланд бардоштани ҷанбаи интеллектуалии қишрҳои гуногуни кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Ба ҳамин мақсад, бо дастуру пешниҳоди Сарвари давлат ба хотири гиромидошти бузургону намояндагони адабиёти гузаштаи тоҷику форс, олимону мутафаккирон, чеҳраҳои саршиноси мазҳабӣ, осори адабию таърихӣ ва фалсафии эшон тўли солҳои соҳибистиқлолӣ як силсила тадбирҳои адабию фарҳангӣ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки миқёси байналмилалӣ андешидаву ба роҳ монда шуданд, ки таҷлили зодрўзи абармарди ин адабиёт амсоли Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Шамсиддин Шоҳин, Туғрал, Камоли Хуҷандӣ, Сайфи Исфарангӣ, ҷашни Имом Абуҳанифа, гиромидошти қаҳрамонони шуҷои ватан ва амсоли инҳо ба ин дохил мешаванд. Сарвари давлат дар тамоми суханрониҳояшон такрор ба такрор таъкид мекунанд, ки тоҷикон миллати куҳанбунёд буда, таърихи тақрибан шашҳазорсола доранд. Ба ин маънӣ, кулли тадбирандешиҳои адабию фарҳангӣ, ки ба рушду таҳаввули маънавияти ҷомеа мусоидат мекунанд, заминаи қавие баҳри ба омўзишу мутолиа фаро гирифта шудани мардум ва ба ин васила, ташкил ва баргузории озмун «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба шумор меравад, ки бо ҳидояту пешниҳоди Пешвои миллат ҳамчунон идома меёбанд.
Дар самти амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, молия, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии щаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гомҳои ҷиддӣ ниҳода, баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур тамоми шароити заруриро фароҳам оварданд. Хидмати назаррасу арзандаи роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ дар ин боб боиси таҳсин мебошад. Бояд хотиррасон намуд, ки эълон гардидани озмун ба раванди бесобиқаи таҳияву таълифи асарҳои тозаи бадеӣ, тарҷума ва дастраси аҳолӣ гардидани ин осор такон бахшид. Иқдоми беназири роҳбарияти вақти нашриёти «Адиб» дар боби тарғибу муаррифии ососри нашршуда ба василаи роҳандозии тадбири фарҳангии сайёр таҳти унвони «Корвони китоб» дар шаҳру навоҳӣ ва манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ ба ҷалбу фарогирии дўстдорони осори бадеӣ ва вусъати тоза ёфтани мутолиаю омўзиши асарҳои адибони ватанию хориҷӣ мусоидат кард. Тавре ки медонем, бо мақсади тарғиби китобҳои нависандагону шоироне, ки асосан барои кўдакону наврасон эҷод мекунанд, ҳамасола тадбирҳои зиёде андешидаву амалӣ карда мешаванд, ки «Ҳафтаи адабиёти кўдакону наврасони Тоҷикистон», ки бо ибтикори маъмурияти Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагона ба номи Мирсаид Миршакар дар кулли шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегардад, аз ин қабил ба шумор меравад. Мулоқоту суҳбатҳои рўёрў ва гарму ҷўшони адибони бачаҳо бо ҳаводорону мухлисони асарҳои тозанашри эшон омили муҳимест дар боби ба омўзишу мутолиа ҷалб намудани насли наврас ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ки тайи солҳои охир натиҷаву самараи нек дода истодааст. Аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол» яке аз дигар иқдомоти таблиғотии китобу китобхонӣ ба ҳисоб рафта, дар самти бештар гардидани сафи алоқамандони осори бадеӣ ва дар умум, адабиёт нақши муассир мегузорад. Дар хусуси парваридани меҳру муҳаббат, завқи мутолиа ва омўзиши осори бадеӣ ташаббуси муштараки Вазорати маориф ва илми кишвар ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро набояд аз мадди назар дур гирифт. Тайи чанд соли охир бо дастгирии ин ду ниҳод аз силсилаи «Китобхонаи мактаб» тақрибан тамоми осори насрию назмии адибони тоҷик ба нашр расида, ҳамчунин, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи осори шоирону нависандагони классики тоҷику форс ва муосир дар 30 ҷилд аз ҷониби нашриёти «Маориф» бо зевари табъ ороста ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонда шуд. Чунин ҷараёни фарогирро дар масъалаи нашри осори бадеии ҷаҳон ва тоҷику кишварҳои ҳамзабон – Эрону Афғонистон низ бараъло ба мушоҳида гирифтан мумкин аст, ки дар ин боб саҳми нашриётҳои «Ирфон», «Адабиёти бачагона», «Ношир»- и шаҳри Хуҷанд ва дигар чопхонаҳои хусусӣ бағоят калон мебошад. Тавре ишора шуд, ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» падидаи бузурги фарҳангӣ буда, дар бобати дарёфти чеҳраҳои соҳибистеъдод, дорои зеҳну ҳофизаи ғайримуқаррарӣ, пурхондаву донишманд ва варзида, ки асосан насли наврасу ҷавононро дар бар мегирад, хидмати мондагори таърихӣ анҷом медиҳад. Бар мабнои ин, таваҷҷуҳу назари аҳли зиё, олимону адабиётшиносон, шоирону нависандагон, устодону омўзгорон бо мақсади такмилу ташаккул бахшидани моҳияти озмун низ ба манфиати кор буда, бознигарӣ ва баррасии ин мулоҳизаву пешниҳодҳо саривақтист. Аз ҷумла, дар як матлаби муфассалу пурмуҳтавои худ Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ Камол Насрулло ҷиҳати дастгирӣ, тарбия ва минбаъд ба камол расидани шоирону нависандагони соҳибистеъдод, адабиётшиносону мунаққидон, назариётчиёни назм (шеър), фолклоршиносон аз байни ғолибони номинатсияҳои озмун пешниҳод карда буд, ки дар баробари таъсиси номинатсияи адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ, беҳ мебуд, барои муаррифии ин чеҳраҳо нашрия (ҳафтнома ё маҷалла)-и махсус таъсис дода шавад. Воқеан, ин андешаи шоири маъруфи тоҷик дар боби тарғибу ҳавасманд намудани ғолибони озмун, хусусан, аз номинатсияи эҷоди назм ва наср лоиқи дастгирист. Зеро, чунонки маълум аст, ҳамасола пас аз ҷамъбасту натиҷагирии озмун дар ҳамаи номинатсияҳо ва бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ кардани онҳо тақдири минбаъдаи аксар довталабони ғолиб норўшану номаълум мемонад. Ҳол он ки дар хусуси маҳорату ҳунар ва донишу қобилияти иштирокдорони озмун ва ғолибони номинатсияи он, нақшаю ҳадафҳои минбаъдаи онҳо метавон мақолаю лавҳа, очерку мусоҳиба таълиф ва ба ин васила, довталабонро муаррифию тарғиб намуд. Дар ин масъала, ба андешаи мо, Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МД «Китобхонаи миллӣ»-и ДИПҶТ дар ҳамкорӣ метавонанд иқдом нишон дода, нашрияеро таъсис бидиҳанд, ки паёми довталаб аз комёбиҳои ба даст овардааш хоҳад буд. Доманаи мазмуну ҳадафи навиштаҳои нашрия бавусъат буда, он метавонад дар инъикоси андешаҳои ҳакамони озмун, олимону адабиётшиносон, устодону омўзгорон ва амсоли инҳо хидмати шоиста анҷом бидиҳад.
Ҳамин тавр, ташкил ва баргузории озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» бо дастуру ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон инқилоби ҷадиди фарҳангию маънавӣ унвон кард, ки дар пешгирии амалҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон, аз ҷумла, гаравидан ба гурўҳу ҳаракатҳои тундгарои мазҳабӣ, террористию экстремистӣ, побанди ҷаҳолату хурофот гардидани аҳолӣ, ки ин нуктаҳо дар мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони қишри руҳонӣ ва зиёиёни кишвар дар соли равон ба таври вижа таъкид шуданд, нақши муассиру мондагор хоҳад бозид.
Ва марому мақсади Ҳукумат ва давлат низ аз ташкилу роҳандозӣ намудани озмунҳои гуногун аз қабили «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурўғи маърифат», «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ва ғ. маҳз тарбияи инсони комилу шоистаи даврон мебошад, ки дар пешрафту рушди кишвари соҳибистиқлоламон саҳми шоистаи худро гузорад.
Сайфиддин Камолзода, муовини директори
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.