Маркази «Конуни забони тоҷикӣ» ва омўзиши забонҳои хориҷӣ

5 октябри соли 2009-уми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи Иди забон суханронии худ ҷунин пешниҳодҳое намуда буданд, ки ҳамаи он пешниҳодҳо аз тарафи мақомотҳои дахлдор ба инобат гирифта шуда, саривақт ба иҷро расонида шуданд. Яке аз пешниҳоди Ҷаноби Олӣ ин буд: «Бо дарназардошти дурнамои ташаккул ва густариши забони давлатӣ пешниҳод менамоям, то дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ба хотири гиромидошти ин рукни фарҳанги миллӣ ва нишони асолати миллати куҳанбунёди тоҷик, ҳамчун арҷ гузоштан ба хидмату заҳмати фарзонагони гузашта, ки забонро ҳифз карда ва барои мо ба ёдгор гузоштаанд, марказе бо номи «Конуни забони тоҷикӣ» таъсис дода шавад. Ин марказ метавонад дар Китобхонаи миллӣ ҷойгир шуда, ҳамчун осорхонаи забони тоҷикӣ ва таърихи пурифтихори он ба насли имрӯзу фардои миллат хизмат намояд».

Ин дастури Пешвои миллатро ба роҳбарӣ гирифта, дар пайи ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон  20 марти соли 2012 Маркази «Конуни забони тоҷикӣ» бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши забони хориҷӣ таъсис дода шуд.

Вазифаҳои асосии Марказ:

– марказ ба фароҳам овардан, ҳифзу нигаҳдорӣ, тарғибу ташвиқи маҷмӯи нисбатан пурраи ҳуҷҷатҳои таърихӣ оид ба забон ва афкори забоншиносии тоҷик, бунёди бойгонии ёдгориҳои қадимаи хаттӣ ва чопии марбут ба таърихи забони тоҷикӣ, ҷамъоварии мавод барои Осорхонаи забони тоҷикӣ, ташкили курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баргардонии китобҳои арзандаи нодир, таҳияи библиографияҳои марбут ба забон, таҳрири дастуру китобномаҳо ва ҳуҷҷатҳои шуъбаҳои дигари китобхона машғул аст.

Дар таркиби Марказ «Осорхонаи таърихи забони тоҷикӣ фаъолият дорад, ки он яке аз толорҳои ҷолиби Китобхона ба шумор меравад, дар он тасвири ёдгориҳои қадима, ки яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини таърих мебошанд, ба мо дар бораи пайдоиши хат, масири рушди таърихии забон, ташаккули илми забоншиносии тоҷик маълумот медиҳад. Сарчашмаи дигаре, ки ба мо дар бораи таърихи забон ва хатҳои гуногуни таърихӣ забонамон маълумот медиҳад, китобҳову дастхатҳои қадима мебошанд. Дар Марказ курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ амал мекунанд.

 

Реҷаи кории Марказ:                                                          аз соати 8:00 то 17:00

Рӯзҳои корӣ:                                                                          аз душанбе то ҷумъа

Сардори Марказ:                                                                  Аюбов Ҳайдаралӣ

Телефон:                                                                                 221-04-83