Масъулияти омӯзгор. Донишҷуёни фаъол: Кӣ зудтар меёбад?
Чанде пеш ба яке аз шуъбаи калидии Китобхонаи миллӣ шуъбаи феҳристнигорӣ 20 нафар донишҷуён факултети филологияи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ташриф оварданд.Аз омаданашон хеле хушҳол шудем. Чун таҷрибаомӯз буданд, мо кормандон вазифадор будем, ки ба онҳо фаъолияти шуъбаро биомӯзонем. Баробари ворид шудан ба шуъба онҳо хеле чолоку зиррак ба чашм расиданд. Гуё ки аз кору фаъолияти шуъба бохабар бошанд.Чун пурсон шудем аз онҳо гуфтанд, ки мо каме маълумот дорем. Мо кормандони шуъба бори дигар барои исбот намуданд, ки онҳо дар ҳақиқат аз кори шуъба огоҳ ҳастанд, ё не як муаммо гузаронидем.
Кани кӣ зудтар дарёфт мекунад? Ба ҳар кадоме 5- тогӣ барга дода шуд. Донишҷуён дар муддати кутоҳ аз феҳристи алифбоӣ бо забони русӣ ҷустуҷӯ намудини адабиётро иҷро намуда, тарзи ҷобаҷогузории онро дуруст ба роҳ бояд бимонанд.
Супориш ба онҳо писанд омад.Омодагии ҷиддӣ диданд. Вақт ҷудо карда шуд. Ҳар кадоме ба суйи ҳарфҳои худ равона шуданд.Кормандон ҳар яки онҳоро назорат мекарданд. Ин ҷо духтарон хеле фаъол буданд. Дар ҳақиқат исбот намуданд, ки онҳо метавонанд. Дар ҳақиқат донишҷуёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон забони русиро бояд хуб донанд, барои дарёфт алифборо (хеле муҳим) бояд бидонанд ва дар ин ҳолат кор осон мегардад. Бинобар писанд омадани кори шуъба, онҳо суол доданд, ки мо метавонем ин ҷо ба кор ойём?
Дар охир тарзи хидматрасонӣ ба хонандагон ва дигар самтҳои кори шуъбаро ба онҳо фаҳмонидем. Инчунин ба якчанд хонанда низ хидмат расонида, бори дигар онҳоро аз нозукиҳои фаъолияти шуъба шиносоӣ намудем.
Албатта, ин муаммои мо сирре дошт. Вакте мо суол додем, ки шумоён аз куҷо медонед, онҳо ҷавоб доданд, ки мо ҳамроҳи омӯзгори худ ба шуъба омада, дарсҳои назариявӣ мегузаштем. Ана гап дар куҷо будааст. Ин ҳама заҳматҳои устоди пуртаҷрибаи онҳо -устод Муҳиддинов Сайдалӣ Раҷабович, доктори илмҳои таърих, профессор мебошад. Бале ин шахсияти хеле бузург баҳри китобу китобхона заҳматҳои зиёде кардаанд. Ҳар гоҳе, ки вориди шуъба мегарданд, зуд мо чизеро аз он кас мепурсем, ё ягон камбудии ба чашм намоёнро ислоҳ мекунанд. Албатта, китобдор, ки ҳастанд бетараф шуда наметавонанд. Бинед масъулияти баланди омӯзгорро, ки он кас қабл аз он ки шогирдонашон таҷрибаомӯзӣ оянд, аллакай онҳоро бо фаъолияти шуъба ошно карда буданд. Бовар дорем шогирдони устод на танҳо дар бораи шуъбаи феҳристнигорӣ, балки оид ба фаъолияти шуъбаҳои дигари Китобхонаи миллӣ низ маълумот додаву онҳоро амалан бо ин шуъбаҳо шинос кардаанд.
Кош ҳамаи устодон низ шогирдони худро ба Китобхонаи миллӣ оварда, онҳоро аз наздик бо китобу китобдорӣ ва заҳмати китобдорон ошно мекарданд…
Фароғат ТОЛИБОВА,
Муовини сардори шуъбаи
феҳристнигории Китобхонаи миллӣ.