Методикаи тарҳрезии лавҳаи “Шоҳнома” Ватан аст”. Оё осон буд?
Баъди анҷоми кор сари лавҳаи (банери) “Шоҳнома” Ватан аст” ҳикоят кунад, шояд донистани он барои афроде, ки ба сохтани ҳар гуна лавҳаҳо машғуланд, муфид бошад. Дар оғоз бояд бигӯям, ки барои тартиб додани лавҳаи (банер) босифат ва ҷолиб дар мавзуи «Шоҳнома» Ватан аст”, истифодаи имкониятҳои васеи барномаи CorelDRAW хеле муфид буд.
Усули тарҳрезии лавҳаи «Шоҳнома» Ватан аст”, ки аз ҷониби мо бо истифода аз барномаи CorelDRAW тартиб дода шудааст, ҷанбаи таблиғотӣ дорад ва ҳангоми таҳияи он аз тарроҳ на танҳо дониши техникии барномадониро талаб мекунад, балки фаҳмишҳои услубӣ-таърихӣ ва миллӣ низ аз талаботҳои дигари ин амал мебошад.
Дар таҳияи лавҳа ё варақаи таблиғотӣ тариқи барномаи CorelDRAW хусусиятҳои зерини тарроҳиву тарҳрезӣ шарти асосӣ мебошад:
- Омодасозии майдони корӣ ва интихоби андоза
Пеш аз ҳама, дар CorelDRAW ҳуҷҷати нав (Ctrl+N) эҷод кардан, барои лавҳаҳои калонҳаҷм маъмулан андозаҳои 2х1 метр ё 3х1.5 метр интихоб мешаванд, аммо барои лавҳаи сохтаи мо андозаи 3,5х5 метр лозим омад, ки дар ин ҳолат он бо тарзи дастӣ ворид карда шуд.
Интихоби ранг: Агар лавҳа барои чоп пешбинӣ шуда бошад, дар ин ҳолат реҷаи CMYK-ро мо бояд интихоб намоем.
Қатъият (Resolution): Барои чопи лавҳаи калонҳаҷм 72–150 dpi кифоя аст, то ҳаҷми файл аз ҳад зиёд мушкилзо нагардад.
- Интихоби замина (Background) ва унсурҳои визуалӣ:
Мо вобаста ба таҳияи лавҳаи «Шоҳнома» Ватан аст” рангҳои дилчасп ва руҳбахш (тиллоӣ, қаҳваранги куҳна, фирӯзаӣ)-ро интихоб кардем, ки чеҳраи қаҳрамони асосии лавҳаи мо ба тозагӣ ва дилчасп ба чашм мерасад.
ТЕКСТУРА: Замина (фон) аз ду ранг истифода шуд: C:65 Y:32 дар якҷояги ранги фирӯзаро ифода мекунад, ки рӯҳияи ҳамосавӣ (эпикӣ)-ро дар бинанда зиёд мекунад.
ИЛЛЮСТРАТСИЯҲО: Дар марказ миниатюраи китоби «Шоҳнома» ва дар тарафи рост нишон (логотип)-и Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ”, зери нишон Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид бо озмуни мазкур насб шуда, аз тарафи чапи лавҳа тасвири худи Фирдавсӣ ва дар зери тасвир шоҳбайтҳо аз асари безаволи “Шоҳнома” бо тарзи миниатюри ҷой дода шуда, зерманзари лавҳа (набарди Рустаму Сӯҳроб)-ро 90% хираранг кардем, ки дар натиҷа ранги манзар кабуди осмонӣ шуд. Барои дар сифати баланд сохтани лавҳа, кӯшиш кардем, ки тасвирҳои векториро истифода барем ё тасвирҳои растриро (растр – як сохтори нуқтаӣ аз як тасвири нимранг аст, ки барои чоп бо истифода аз усули худкор пешбинӣ шудааст) тавассути амалкарди PowerTrace ба вектор табдил додем.
3. КОР БО МАТНИ ШРИФТ (Typography)
Матн дар лавҳа бояд хоно ва дар айни замон мувофиқи мақсад бошад.
Сарлавҳа: Барои ифодаи «Шоҳнома» Ватан аст” шрифти Times New Roman Tj андозаи шрифт 410 ранги сиёҳи ғафси курсивӣ, ки ба услуби дастнавис наздик аст, мувофиқ мебошад.
Иқтибосҳо: Аз шоҳбайтҳои худи Фирдавсӣ (масалан, “Хирад афсари шаҳриёрон бувад…”) ҳамчун унсури таълимӣ истифода бурда шудааст.
Натиҷа: Барои ҷолибтар шудани матн аз асбоби Drop Shadow (соя) ё Contour (контур) истифода бурдем, то матн аз замина фарқ карда истад.
4. ИСТИФОДАИ НАҚШУ НИГОРИ МИЛЛӢ
Дар лавҳа орнаментҳои миллӣ истифода намудем.
Дар гўшаҳои лавҳа ё чаҳорчӯба (рамка)-и он аз нақшҳои гулмонанд истифода бурда шудааст.
Бояд донист, ки асбоби Artistic Media дар CorelDRAW имкон медиҳад, ки хатҳои ороиширо бо сабкҳои гуногун бояд таҷриба кард.
- ТАРТИБИ ҶОЙГИРШАВӢ (Composition)
Пеш аз ҳама бояд “қонуни «сеяк»” (Rule of Thirds)-ро риоя кардан ба мақсад мувофиқ аст. Тасвирҳоро дар як қисми лавҳа ва матни асосӣ ҷой кунонидан лозим аст ва дар қисми болои дигар, матнҳоро дар зери тасвирҳо ҷойгир кардан лозим меояд, зеро мувозинат (баланс) нигоҳ дошта мешавад. Истифодаи PowerClip барои ҷойгир кардани тасвирҳо дар дохили шаклҳои геометрӣ ё нақшҳо хеле муфид аст.
6. ОМОДАСОЗӢ БАРОИ ЧОП
Пас аз анҷоми кор ҳамаи матнҳоро ба каҷхатҳо табдил диҳед (Ctrl+Q), то ҳангоми чопи лавҳа шрифтҳо иваз нашаванд.
Файлро дар формати TIFF ё PDF содирот (Export) карда ба чоп пешниҳод кардан лозим меояд.
ХУЛОСА:
Тарҳрезии лавҳа дар CorelDRAW барои мавзуи «Шоҳнома» Ватан аст”, имкон медиҳад, ки технологияҳои муосири рақамӣ барои сохтани варақаҳои таблиғотӣ ва баланд бардоштани ҳувийяти миллӣ созгор буда, он метавонад дар таҳияи лавҳаи дурусти муназзамгашта, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба мероси адабиву фарҳангӣ кумак кунад.
Зокирҷон Рабиев,
мудири бахши
таҳрир ва интишорот.