Мизи гирди Китобхонаи миллӣ ба муносибати Рўзи матбуоти тоҷик
“Матбуоти миллӣ – тарғибгари маърифати ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ” унвони маҳфиле буд, ки рӯзи 5-уми март дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин нишаст бо ибтикори шуъбаи матбуоти даврии Китобхона доир шуд ва дар он ҷамъе аз донишмандон, муҳаққиқон, сардабирони расонаҳои хабарӣ, журналистон ва кормандони китобхона ширкат карданд.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ, номзади илмҳои педагогӣ, Сайфиддин Камолзода ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, иброз дошт, ки дар ин ҳамоиши илмӣ – оммавӣ намояндагони вазорати фарҳанг, олимону муҳаққиқони соҳаи матбуот, роҳбарони муассисаву ташкилотҳои рўзноманигорӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ҳузур доранд.
Ў умед баст, ки ин ҳамоиш бо маърузаву суханрониҳои созандааш барои рушди соҳаи матбуоти кишвар, дар таҳким ва тарбияи маърифати ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва дифоъ аз манфиатҳои миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат хоҳад кард.
Тавре медонед, ин санаи муҳимму таърихӣ аз нашри нахустин шумораи рӯзномаи “Бухорои Шариф”, ки сароғози матбуоти миллии тоҷик мебошад сарчашама гирифта, ҳамасола аз ҷониби аҳли адаб, ташкилотҳои рӯзноманигорӣ ва аҳли қаламу зиёи кишвар истиқбол мешавад.
Тавре муҳаққиқон таъкид намудаанд, «Бухорои Шариф» аввалин нашрияе буд, ки дар қаламрави Осиёи Миёна пурра бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасид ва аз манфиатҳои миллии мардуми тоҷик ҳимоят менамуд,- иброз дошт Камолзода.
Чун анъана, ҳамасола ҷомеаи журналистии тоҷик иди касбии худро 11 март, ки ба рўзи нашри аввалин шумораи рўзномаи тоҷикӣ – «Бухорои шариф» рост меояд, таҷлил менамояд.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар ҷойи дигар аз суханронии худ иброз дошт, ки рўзи матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май-рӯзи нашри нахустшумораи рўзномаи «Правда» таҷлил мегардид ва соли 1994, пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парлумони кишвар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» 11 мартро Рӯзи матбуоти тоҷик эълон намуд.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода иброз дошт, ки шоҳидем, матбуоити тоҷик тадриҷан баъд аз пушти сар кардани мушкилоте, ки аввали солҳои 1990 дошт, тақрибан аз байн рафта буд ва мо шоҳид ҳастем бо дастгириҳои собиқ Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор матбуоти тоҷик умри дубора дид ва эҳё гардид.
Зиннатуллоҳ Исмоилзода аз таърихи матбуоти тоҷик ҳарф зад гуфт, ки 112 сол қабл аз ин дар осмони тираи Бухорои пур аз зулму ситаму камбуду норасоиҳо шуълае барафрӯхта шуд. Дар ин рӯз аввалин шумораи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи “Бухорои шариф” ба дасти хонанда расид. Ва ин рўз бо пешниҳоди зиёиёни точик, хусусан равоншод собиқ декани факултаи журналистикаи тоҷики Донишгоҳи миллӣ Пайванди Гулмурод ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» дохил шудааст ва ҳамчун ид дар саросари кишвар таҷлил мешавад. Мавзуе, ки имрўз дар ин нишаст баррасӣ мегардад, бори дигар муҳимияти матбуотро собит месозад, чунки дар ҳама давру замон, ҳам беш аз як аср муқаддам ва ҳам имрўз ниёз ба сухан, ниёз ба ҳарфе, ки роҳнамои табақаҳои гуногуни мардум бошад, буд, ҳаст ва мемонад.
Аз назари роњбари Дастгоњи Кумитаи Марказии Њизби Халќии Демократии Тољикистон Абдураҳмон Хонзода матбуот бо сиёсат бисёр тавъам аст. Имрўз сиёсатро бе матбуот тасаввур кардан аз воқеият дур аст. “Медонем, ки дар тўли таърих рақобати тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, неруҳои сиёсӣ маҳз тавассути матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ба вуқуъ мепайванданд, хусусан дар арафаи маъракаҳои интихоботӣ, ки имрўз хоси тамоми ҷомеаҳову давлатҳост, барномаи пешазинтихоботии худро бо платформаҳои пешқаддам ба мардум пешниҳод менамоянд. Аз таърихи тамоми кишварҳо метавонем мисолҳои зиёд орем. Нақши рўзномаи таърихии «Искра», ки Ленин дар кишварҳои аврупоӣ ба чоп мерасонданду пинҳонӣ ба Русия интиқол медод, тавонист дар як кишвари абарқудрат инқилобро заминагузорӣ кунад. Бузургони сухан гуфтаанд:
Сухан бишканад минбару дорро,
Зи сӯрох берун кунад морро.
Устоди Донишгоҳи миллӣ, декани факултети журналистика Бахтиёр Қутбиддинов, ки аз муҳаққиқони соҳҳа аст, бо номи «Матбуот мактаби тарбияи адибон (дар мисоли матбуоти мањаллї)” маърӯза кард ва гуфт: Сипос ба роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, ки бо дарназардошти Рўзи матбуот яке аз аввалин муассисаҳоест, ки дар таҷлили ин ҷашн гом ниҳодааст. Дар ҳақиқат матбуот чун шакли классикитарин васоити ахбори омма, дар ҳама давраҳо рисолат ва вазифаҳои бузургро анҷом медод, додааст ва оянда ҳам медиҳад. Агар як сайри таҳқиқӣ намоем, «Бухорои шариф» дар партави масъалаҳои илму маориф, дар тарғиби худшиносии миллӣ дар як давраи ҳассос, дар умри кутоҳи худ хеле нақши муассир гузошта буд. Баъдан матбуоти солҳои 1920-1930-юм дар барқарорсозии сохти нави давлатдорӣ, идеологияи нав ҳисса мегузошт, дар солҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ дар мутаҳидии як халқ бар зидди душмани ашадии башарият – фашизм нақш мегузошт. Ва аз солҳои баъди ҷанг то замони фурӯпошии иттиҳоди Шўравӣ тарғибгари идеологияи ҳизби комунистӣ буд, ки бо вуҷуди ҳама нуктаҳову паҳлуҳо дар тарбияи маънавии ҳаёти ҷомеа нақш мегузошт ва дар замони ин Истиқлол матбуот дар тарғиби ваҳдати миллӣ, ягонагӣ, муттаҳидӣ ва дўстии халқи тоҷик, дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат ҳисса гузоштааст. Устод Айнӣ таъкид мекарданд, ки рўзномахонӣ бояд дошта бошем. Мо дар як давраи ҳассосе, ки тангназарон мехостанд моро инкор намоянд.
Имрўз низ ин гуфтаи устод Айнӣ моҳияти худро гум накардааст ва сухани матбуот, моли матбуот, маводи матбуот ҳамеша фарқ мекунад. Ҳамеша ҷонибдори он ақида ҳастам, ки парвардаи матбуот аст, аз минбари матбуот боли парвоз кушодааст, дар ҳама ҷодаҳо муваффақ аст.
Сангин Гулов, дотсент, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ иброз дошт: Агар аҳамият дода бошем, ҳамаи нашрияҳои мо дар фасли баҳор таъсиси ёфтаанд. “Бухорои Шариф”, “Шуълаи инқилоб”, “Ҷумҳурият”-и имрўз, “Ҷавонони Тоҷикистон” дар баҳор таъсис дода шудаанд. Яъне баҳор табиатро бедор мекунад, матбуот мағзҳоро бедор мекунад. Ба ҳамин хотир баҳору матбуот як вазифа доранд, яъне бедор кардани табиат ва мардум. Фикр мекунам матбуоти тоҷик дар тўли таърихи 112-солаи худ рисолати худро ба таври бояд иҷро кард ва дар роҳи боло бурдани маърифати ҷомеаи мо мардуми тоҷик хидмати арзанда кардааст. Ҳамаи давраҳои матбуоти тоҷик саҳифаҳои заррине барои ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии мардуми мо ҳастанд. Ҳам “Бухорои Шариф” он вазифаҳоро иҷро кард, ҳам матбуоти замони Шўравӣ ва ҳам матбуоти замони истиқлол. Хусусан дар замони истиқлол нақши воситаҳои ахбори омма ба маротиб афзудааст, зеро имрўз ҷаҳон пешорўи мушкилоти бисёр қарор дорад ва аксари мушкилот ба дасти инсонҳо сохта шудаанд ва ин мушкилотро кишварҳои абарқудрат маҳз тавассути расонахо ба сари кишварҳои дигар бор мекунанд. Ҳамин воқеоте, ки дар Шарқи Наздик аст, Миср, Сурия, Яман, Фаластин, Афғонистон, Ироқ ва ҳатто муноқишаи ду кишваре, ки мо дар як созмон ҳастем – Русияву Украина бархоста аз муборизаҳои иттилоотӣ сар шудааст .
Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, ки ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрўза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодиву суботи сиёсӣ амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳид бошем.
Хуршеди Атовулло – директори Ташкилоти ҷамъиятии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, кидар мизи гирд бахшида ба Рўзи матбуоти тоҷик, матбуоти хусусиро намояндагӣ мекард, аз нақши матбуоти хусусӣ ва рушди журналистикаи тоҷик сухан ба миён овард. Вай иброз дошт, ки сарчашмаи ин иди мо касонеанд, ки матбуоти хусусиро дар шакли «Бухорои шариф» таъсис доданду мо имрўз мегўем матбуот пайдо шуд.
Ҳангоми таҷлили маҳфилҳое, ки вобаста ба таҷлили Рўзи матбуот ва қадршиносии заҳмати рўзноманигорон сурат мегирад,тафриқаандозӣ бисёр эҳсос мешавад. Ва ҳанўз чандин даҳсолаҳо пеш шодравон МазҳабшоМуҳаббатшоев аз минбаре, ки дар он таҷлили Рўзи матбуот идома дошт, хоҳиш карда буданд, ки дигар миёни матбуоти хусусӣ ва давлатӣ тарқиш эҷод накунед.
Новобаста аз ин нақши матбуоти мустақилро дар рушди матбуоти милӣ нодида гирифтан наметавон. Барои он ки оғоз аз Садриддин Айнӣ ва Ғуломризо Ализода, ки аввалин роҳбари газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон» буданд, тавонистанд, матбуоти миллии моро рушд бидиҳанд ва барои пайдо шудани он замина гузоранд, ҳарчанд Ғуломризо Ализода фаъолияташро аз рўзномаву маҷаллаҳои хусусӣ оғоз кард, вале дар идома яке аз асосгузорони «Комсомоли Тоҷикистон» шуд.
Муҳаммадиқбол Атозода, пажӯҳигари таърихи матбуоти тоҷик ва сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллӣ аз фазои идона ва журнализми миллӣ дар ин толори барҳаво тавсиф кард. Масъалаи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ мавзўи суҳбати ин ҳамкорамон буд. Вай аз ҷумла яке аз сабаҳои асосии рўи нашр омадани «Бухорои шариф»-ро арзишҳои миллӣ донист ва гуфт:
-Мехоҳам аз нахустин шумораи «Бухорои шариф» иқтибос биёрам, ки онро Мирзосироҷи Ҳаким муҳаррири ин нашрия гуфтааст: «Ҷаридаи ҳар миллат забони гўёи ҳамон миллат аст. Ва миллате, ки ҷарида надорад, гўё, ки забон надорад. Ва ҳоли одами бе забон ҳам ба ҳама кас маълум аст. Чунончӣ ҳар гоҳ як миллатеро он дигар бесабаб ва ё босабаб таън ва ё ҳақорат кунад, ба воситаи ҷаридаи худ адо хоҳад кард ва тарафи муқобил ҳам агар ҷарида дошта бошад, ҷавоб гуфта зиммаи худро барӣ намуда, аз таън ва ҳақорат халос мешавад. Ва илло хомўш буда, абадуддаҳр зери бори таъну маломати дигарон хоҳад монд. Бинобар он доштани ҷарида барои ҳар қавм ва миллат яке аз лавозимоти дунёдорӣ аст».
Замоне, ки тадорукоти нашри «Бухорои шариф»-ро доштанд, фазои маънавии Аморати Бухоро махлут шуда буд, таблиғоти иттилоотӣ, таҳоҷумоти фарҳангӣ болои фарҳанги миллии тоҷикӣ, миллии форсӣ ва ақвоми ориёӣ ба ҳадде сурат гирифта буд, ки таблиғот аз доираи таблиғ гузашта хусусияти тавҳин гирифта буд. Кофист сарсарӣ ҳам бошад рӯзномаҳои то “Бухорои Шариф” нашршуда ба забонҳои ғайритоҷикиро мурур кунем, дар ин ҷаридаҳо муаллифони гумноме дар ҳақи миллати мо таҳқиру ҳақорату душномро раво дидаанд, – гуфт Муҳаммадиқбол Атозода.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.