Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 6-уми март

Як-рузи-таърих-06-03-2024Соли 1495 шоири итолявӣ Луиджи Алманни ба дунё омад. Вай дар хонаводаи маъруф дида ба олам кушодааст. Маълумоти адабӣ, фалсафӣ гирифтаву дар бораи шеъру шоирӣ низ омӯзиш дидааст. Бо Никколо Маккиавелли – файласуф, сиёсатмадор, шоир, муаррих ва намоишноманависи аҳли Италия борҳо ҳамсуҳбат шудаву ба ӯ китоби “Ҳаёти Каструччо Кастракани аз Луқо”-ро бахшидааст.

Соли 1521 дар сӯиқасд муқобили кардинал Ҷулиано Медичи (попи Рум миёни солҳои 1523 -1534) иштирок намуд. Ин сӯиқасд ба зудӣ фош шуд ва Аламани ба Фаронса фирор кард. Соли 1527 вақте Медичи аз Флоренсия ихроҷ карда шуд, ба ватан баргашт. Соли 1530, ба муҷарради шикасти ҷумҳурӣ вай дубора ба Порис рафт: дар вазифаи сафир дар Венетсия кор кард.

Достонаш “Дар бораи заминкорӣ” аз беҳтарин навиштаҳои ӯст.

Соли 1619 дар Порис насрнавис, ҳаҷвнигор, файласуф, шоир ва намоишноманависи фаронсавӣ Савинен де Бержерак таваллуд шуд.  Номи пурраи ӯ Эркюл Савинен Сирано де Бержерак (фр. Hercule Savinien Cyrano de Bergerac) буд ва яке аз нависандагони муваффақи жанри тахайюли илмӣ дар замони худ маҳсуб мешавад.

Пётр Ершов
Пётр Павлович Ершов

Соли 1815 шоир, нависанда, намоишноманависи рус ва муаллифи афсонаи машҳури “Конёк-Горбунок” Пётр Павлович Ершов ба дунё омад. Ин афсона дар  адабиёти рус машҳур аст ва муаллиф онро дар шакли шеърӣ навиштааст.

Солҳои донишҷӯӣ Ершов бо забоншиноси машҳур, профессор Пётр Плетнёв аз наздик шинос шуд. Маҳз дар ҳамин давра ӯ бо Василий Жуковский ва Александр Пушкин низ ошноӣ пайдо кард ва аввалин асари калонҳаҷми худро ба онҳо нишон дод. Пушкин аз хондани “Конёк-Горбунок” хуш шуд ва аз муаллифаш, ки ҳамагӣ як донишҷӯ ва навқалам буд, ситоиш намуд. Ба маънии дигар хонандаи аввалини достоне, ки баъдҳо машҳур шуд, Александр Сергеевич Пушкин буд.

Баъдҳо мунаққидон ин фарзияро ҳам пешниҳод карданд, ки ба эҳтимоли зиёд чор шеъри аввали ин афсонаи машҳурро Пушкин ба он ҳамроҳ кардааст, вале то кунун ин фарзия исбот нашудааст.

Соли 1834 афсонаи ёдшудаи Ершов дар шакли китоби алоҳида чоп шуд ва дар замони зиндагиаш вай худ шоҳиди ҳафт маротиба чоп шудани он буд. Нашри чоруми он, ки соли 1856 чоп шуд, аз ҷониби муаллиф шадидан таҳрир шуд ва имрӯз маҳз ҳамон таҳрирро чун охирин матни кимилшудаи афсонаи машҳур медонанд ва чопҳои баъдӣ маҳз аз рӯи нашри соли 1856 сурат гирифтаанд.

Ершов муаллифи даҳҳо шеърҳои ҷудогона мебошад. Баъзе фарзияҳое низ вуҷуд доранд, ки ӯ асарҳои драмавӣ ва чанд китоби ашъорашро бо тахаллусҳои гуногун чоп кардааст.

30-уми августи соли 1869 дар синни дар синни 54-солагӣ аз олам рафт.

Рене Сюлли-Прюдом
Рене Сюлли – Прюдом

Соли 1839 дар Порис шоир, эссенавис ва мақоланависи фаронсавӣ Рене Сюлли – Прюдом таваллуд шуд. Вай аввалин барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт (соли 1901) буд.

Санҷиш”, “Лавҳаҳои итолёвӣ”, “Танҳоӣ”, “Таассуроти ҳарбӣ”, “Шикастапораҳо”, “Сарнавишт”, “Исёни гулҳо”, “Адолат”, “Хушбахтӣ” аз ҷумлаи шеъру достонҳои машҳури ӯ мебошанд.

Солҳои охири ҳаёташ вай зери таъсири Блез Паскал – риёзидон, физикдон, адабиётшинос, файласуф ва назарияпардози аҳли Фаронса монд ва пурра ба фалсафа дода шуд. Асари ӯ бо номи “Дини ҳақиқии Паскал” натиҷаи ҳамин наздикӣ бо олими маъруф буд.

Вай 6-уми сентябри соли 1907 дар синни 68-солагӣ тарки олам кард.

Пионерская правда
Пионерская правда

Соли 1925 аввалин шумораи машҳуртарин рӯзнома барои бачаҳо  «Пионерская правда» чоп шуд. Дар рушди ин газета, ки дар воқеъ миёни хурдсолони Иттиҳоди Шӯравӣ маъруфият дошт,  Надежда КрупскаяМария УляноваЕмелян ЯрославскийМаксим ГоркийВладимир МаяковскийАркадий ГайдарСамуил МаршакЛев Кассил ва дигарон саҳм гирифтаанд. Аввалин сармуҳаррири он Николай Бухарин буд. Бухарин соли 1938 бо иттиҳоми сохтаву бофта ба қатл расонда шуд.

“Пионерская правда” баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991, манъи фаъолияти ҳизби коммунист ва барҳам хӯрдани ташкилотҳои вобаста ба он дар шакли дигар чоп шуд ва имрӯз ҳам он чоп мешавад.

Габриэль Гарсиа Маркес
Габриэл Гарсиа Маркес

Соли 1927 дар Аракатак нависандаи машҳури колумбиёӣ, намоишноманавис, рӯзноманигор, фаъоли сиёсӣ, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт (1982)  Габриэл Гарсиа Маркес ба дунё омад. Вай баъди зиддиятҳояш бо Раиси ҷумҳури Колумбия таҳти таъқиб қарор гирифт ва ба Мексика кӯчид. Маркес махсусан баъди соли 1967, ки романи “Сад соли танҳоӣ” чоп шуд, маъруфияти бештар пайдо кард. Ин китоб аз пурфурӯштарин китоби олам дар жанри адабии реализми ҷодуӣ мебошад.

Дар бораи Гарсиа Маркес матлаби дигар дорем, ки лутфан дар сомонаи мо пайгирӣ кунед.

Фозил Искандар
Фозил Искандар

Соли 1929 дар Сухуми нависандаи эронитабори Абхазия Фозил Искандар ба дунё омад. Дар муассисаи адабии муътабаи ба номи Максим Горкии шаҳри Москав таҳсил ва кори ҳирфаии худро аз рӯзноманигорӣ оғоз кард. Бештари умри худро дар шаҳри Москав сипарӣ намуд.

Фозил Искандар аз падари форс ва модари абхоз таваллуд шудааст. Дар замони Шӯравӣ хидматҳои арзишманде барои шиносонидани аҳли Қафқоз анҷом додааст ва осорашро бештар ба забони русӣ менавишт ва боре дар бораи худ гуфта буд: “Ман бешак нависандаи рус ҳастам. Мутаассифона, бо забони абхозӣ чизе нанавиштаам. Ман фарҳанги русро интихоб кардам”.

Вай асарҳои зиёде офаридааст, ки машҳуртаринашон романи “Сандро аз Чегема” мебошад.

Ин асарҳо низ марбут ба ӯ мебошанд: “Вақте ман ёбандаи хушшинос будам”, “Инҷил ба ривояти Чегем”, “Хонае зери дарахтони сарв”, “Қаҳрамонии сездаҳуми Ҳеракл”, “Каждуми баҳрӣ”, “Меҳмони нохонда” ва ғайра.

Фозил Искандар 31-уми июли соли 2016 дар шаҳри Москав вафот кардааст.

Перл Бак
Перл Бак

Соли 1973 дар Денби, иёлати Вермонт дар синни 80-солагӣ бар асари бемории саратони шуш нависанда ва тарҷумони амрикоӣ Перл Бак вафот кард.

Хонаводаи онҳо аз мубаллиғони мазҳабӣ буданд, ки барои таблиғ ба кишвари Чин сафар карданд.  Ӯ аз семоҳагӣ то 63-солагӣ дар Чин зиндагӣ кард ва забони англисиро ба унвони забони дуввум омӯхт. Модараш зани адиб буд ва нахустин омӯзгори духтараш низ ӯ мебошад.

Нахустин асараш бо номи “Боди Мағриб” соли 1925 дар Амрико мунташир шуд. Аввалин нависандаи зан дар Амрикост, ки ҷоизаи Нобел дарёфт кардааст.

Дар Чин ӯро чун нависандаи чинӣ мешиносанд. Донишу маърифаташ дар соҳаи адабиёт ва фолклори классикии Чин имкон доданд, ки дар романи сегонаи «Хонаи замин» ғояи адаму эҳёи табиатро ифода намояд. Мунаққидон романи «Замин»-ро «қиссаи зиндагии инсон» номидаанд.

Тарҷумаи ҳоли падару модарашро дар асарҳои «Бадарға» (1936) ва «Фариштаи мубориз» (1936) ба риштаи тасвир кашидааст.  Дар рисолаҳои таърихӣ-публитсистии «Халқи Ҷопон» (1968), «Чин аз назари ман» (1970), «Чин дар гузашта ва имрӯз» (1972) «Шарқу Ғарб» (1975) масоили зиндагии мардуми ватани хеш ва ҳамсояҳо, баробарҳуқуқии зангиҳо, барҳам додани мустамликадориро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Одина Мирак
Одина Мирак

Соли 1939 дар деҳаи Дегрези ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон шоир, нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори тоҷик  Одина Мирак  ба дунё омад. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Боздид» (1981), «Гули орзу» (1984), «Забони дил» (1988), «Шукуфаи ҳавас» (2001), «Гули нав» (2003), «Мӯъминободнома» (2005), «Чашмаи Офтоб» (2008) ва ғ. ба табъ расидаанд.

Маҷмӯаҳои шеърии Н. Гончаров «Кайҳоннавард мешавам» ва Ф. Дзержинский «Шамолаки форам»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Дар тарҷумаи ашъори А.С.Пушкин, М.Ю.Лермонтов, Т.Г.Шевченко, Ғ.Ғулом, Й.Милев, Қ.Оразов, О.Чорӣ, У. Султонов ва диг. иштирок доштааст.

Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон. Дорандаи чандин мукофоту ифтихорнома.

Аз соли 1970 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1988 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

12 январи соли 2015 вафот кард.

Таҳияи Б.Шафеъ