Мизи мудаввар бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ дар мавзўи «Омўзиши илмҳои табиатшиносӣ омили асосии рушди тафаккури техникист» мизи мудаввар доир гардид. Дар ин нишасти илмӣ муовинони директори Китобхона Гадобек Маҳмудов, Ҷалолуддин Нурзода, кормандони Китобхона, намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техники Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО ширкат карданд.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода бо суханони муқаддимавӣ нишастро ҳусни оғоз бахшид.
Ноиби ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Хаёл Бобоев дар бораи барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сухан ронд. Вай аз ҷумла гуфт: “Чунин барномаҳо барои омўзиши илмҳои табиатшиносӣ дар зинаҳои поёнии муассисаҳои олии таҳсилоти кишвар, боғчаву мактабҳо, вусъати тоза мебахшад ва роҳ барои ҷавононе, ки ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ шавқманд ҳастанд, васеъ кушода мешавад. Илми риёзӣ дуюмин илми қадимтарин ба ҳисоб меравад. Илми риёзӣ, физика, нуҷум шоҳсутунҳои илмҳои табиатшиносӣ ҳастанд.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои физика, профессор Барот Мақсудов дар бораи фоидаҳои омӯзиши илм ҳарф зад. Ҳабибҷон Хуҷаназаров – устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ зимни суханронии худ аз ҷумла иброз дошт, ки сабаби асосии бўҳрони экологӣ на тағйири иқлим, балки ноқисии тасаввуроти воқеӣ (илмӣ) дар бораи одаму олам мебошад. Аксарияти одамон ҳоло ҳам намехоҳанд ба моҳияти падидаҳои ғайриоддию заминию осмонӣ сарфаҳм раванд. Бинобар ин, ташаккул додани ҷаҳонбинии дуруст, ки бояд ба марҳилаи хозираи рушди тамаддун мувофиқат намояд, барои инсоният аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Ҳабибҷон Хӯҷаназаров дар бахши дигари суханронии худ гуфт, ки маҳз ҳамин омилро ба назар гирифта, сарвари давлат «Бистсолаи рушди омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020»-2040»-ро пешниҳод намуданд, зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад.
Маврид ба ёдоварист, ки мизи мудаввари мазкур ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудани солҳои 2020 -2040 бахшида шуда буд. Дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси олии Тоҷикистон Пешвои миллат аз ҷумла гуфта буданд: “Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”.
Раҳима Аъзам